Ӯ ҳам мисли ҳамсари ҳарбиаш, ки марди бедори Ватан дар сангару дидбонгоҳҳо шабзиндадорӣ мекашад, ҳамеша чашм ба роҳ аст, дидаи бедори олиҳаи интизор нуру зиёбахши дудмони аз ишқ бунёд намудаи онҳост, ки намоди ҳастиву оташи посдораш меҳри ватандорист.
-Ҳамқисмати афсари Ватан будан, имтиҳони ҷиддиву азхудгузаштанҳо дорад, ки як умр мунтазири аз урдугоҳ баргаштани ӯ шуда, барояш сарулибоси тоза, ғизои дӯстдоштаашро омода месозӣ, саҳаргоҳон ба сангар гуселаш карда, боз соати омаданашро интизорӣ мекашӣ, - бо шукргузорӣ аз рӯзгори худ дар шаҳрчаи қисми сарҳадии ноҳияи Панҷ қисса оғоз кард Рухшона Лоиқова. – Овони наварӯсӣ, ки ҳамсарам Фаррух Бадалов дар қисми сарҳадии ВМКБ хизмат мекард, рӯзҳоеро аз сар гузарондем, ки аз сабаби вазъи изтирорӣ дар Бадахшон, мо, аҳли хонаводаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ҳатто ба беморхона рафта наметавонистем. Ба ҷуз сабр чораи дигар надоштем. Баъди ба эътидол омадани вазъ ва гирифтани табобат, рӯзе аз рӯзгори хеш назди қиблагоҳам гила кардам, падарам орому ботамкин таъкид намуд:
«Агар заррае бароят қадр дошта бошам, сабр мекунӣ, то рӯзе фаро мерасад, ки хушбахтиву саодати зиндагиро ба даст оварда, аз ҳамсари ҳомии Ватан буданат ифтихор хоҳӣ дошт. Зеро, рисолати мард дар зиндагӣ ҳимояи Ватан аст, барои зан-модар дар баробари зодану ба воя расондани насли ватандӯст, ҳамзамон, аз ҳомии Ватанро саришта кардан, вазифаи муҳимтаре нест».
Рухшона дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, баъди хатми Гимназияи № 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дохил шуд. Зодмандон яке дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дувумӣ илова ба масъулиятҳои роҳбарӣ дар самти кор бо занон ва оила, ҳамзамон ба ҳайси муҳандиси ҶСК «Сементи тоҷик» фаъолият намуда, дар роҳнамоии фарзандон таҳсилоти олиро дар мадди аввал мегузоштанд. Ин буд, ки Рухшона дар баробари издивоҷ бо афсари ҷавони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамзамон, ба таври гузариш таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон идома бахшид ва онро хатм кард. Аммо, аз сабаби ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафарбар шудани шавҳар, ӯ фаъолияти касбиро ба таъхир гузошта, солиён дар ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ масъулияти хонадорӣ ва тарбияи фарзандро бар зимма дошт.
-Аз соле, ки ҳамсарамро барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба Панҷ фиристоданд, ману духтарчаамон Зубайда, ҳамроҳ ба ин ноҳияи сарҳадӣ кӯч бастем. Алъон Фаррух фаъолияти афсарии худро дар яке аз қисмҳои сарҳадии вилояти Суғд идома медиҳад. Аммо ман, ки роҳбарии Муассисаи томактабии назди қисми ҳарбиро бар уҳда дорам, ҳамроҳи Зубайда дар шаҳрчаи низомиён зист дорем. Албатта, дар фурсатҳои муносиб дидори ҳам муяссарамон мегардад, вале чун дар хизмати Ватан қарор дорем, ба ину дигар заруратҳои иҷтимоӣ чун дигар санҷишҳои ҳаётӣ одат кардем, - изҳор дошт Рухшона Лоиқова.
– Соли 2017 зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии № 2-и назди қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Панҷ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки ба хотири дастгирии оилаҳои низомиён, дар ҳудуди қисми низомӣ барои ҳамсарони онҳо шароити корӣ фароҳам оварда шавад. Зимни дидору гуфтугӯи хотирмон бо занону духтарони хизматчиёни ҳарбӣ эҳсос мешуд, ки Сарвари давлат аз муҳити хонаводаву шароити рӯзгор ва ҳама розу ниёзи мо, ҳамсарону фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, ба хубӣ огоҳӣ доранд. Маҳз баъди он суҳбату вохӯрӣ зиндагии хонаводаҳои сарҳадбонон ранги дигар гирифт. Айни замон дар Гимназияи давлатӣ, муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва корхонаи дӯзандагии воқеъ дар ҳудуди қисми ҳарбӣ, ҳамсарону духтарони низомиён ба кор фаро гирифта шудаанд.
Рухшона ба симати мураббия фаъолияташро оғоз намуда, баъдан, аз соли 2019 мудири Муассисаи таҳсилоти томактабии № 2 мебошад. Давоми кор ба кулли тарбиятгирандагон меҳри модарона пайдо кардааст, ки ба гоҳи зоҳир шуданаш дар маҳзари тифлакон модарҷон гӯён ба истиқболаш мешитобанд.
Ин эҳсоси фараҳбахшу самимонаи олами кӯдакон ғами дурӣ аз зодмандону дигар андешаҳои нохушро аз зеҳнҳо зудуда менамояд. Беҳуда нагуфтаанд: «Хонае, ки тифл дорад, ғусса дар он хона нест» ва аз ин лиҳоз, дар иҳотаи 150 кӯдак худро хушбахт меҳисобад.
Ба қавли Рухшона муассисаҳои томактабӣ дар тарбияи ибтидоӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакон нақши ниҳоят муҳим дошта, тарбиятгирандагони он аз лиҳози зеҳниву қабули донишҳои ибтидоӣ нисбат ба наслҳое, ки дар муҳити хонавода ба воя расидаанд, лаёқати бештар доранд. Аз ҷумла, тарбиятгирандагони Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и назди қисми ҳарбӣ, ки фарзандони сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд, дар забондониву азбар намудани шеъру қиссаҳои тарбиявии кӯдакона қобилияти баланд доранд.
- Зодмандон ба донишандӯзӣ ва ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани фарзандони худ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Кошкӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳалливу дигар манбаъҳои маблағгузорӣ дар деҳоти ноҳия низ муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бунёд намуда, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ муваффақ мешудем,- иброз медорад Рухшона Лоиқова.
Барои садоқату муҳаббати самимӣ ва ташаббусу навовариҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияташ Рухшона Лоиқова аз тарафи фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо Ифтихорномаву нишонҳои КДАМ сарфароз шудааст.
Имрӯзҳо мисли ӯ садҳо бонувони матиниродаи миллат тақдири хешро бо муҳофизони Ватан пайваста, ба хонадоне нуру зиё мебахшанд, ки ҷавонмардонашон дар қисмҳои низомиву дидбонгоҳҳои марзӣ хизмати шабонарӯзӣ дошта, дар ҳифзи марзи Меҳани хеш чашмбедоранду сина сипар намудаанд.Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Панҷ