Давоми се соли иҷрои нақша-чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 8 ҳазор иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёду навсозӣ шуда, садҳо километр роҳҳо таъмиру мумфарш, пулҳои хурду бузурги мошингард ва дигар инфрасохтори муҳими сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин росто, бо ташаббуси ватандӯстонаи зодагони барӯманди Тоҷикистон деҳкадаҳои дурдаст ба шаҳракҳои замонавӣ табдил ёфта, барои сокинонаш ҷойи кору шароитҳои фараҳбахши зиндагӣ фароҳам омаданд. Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ аз деҳкадаҳои ободу зебоманзар ва аз лиҳози санъати меъмориву шаҳрсозӣ дар кишвар назир надорад.
Дар маҳзари азнавсозии роҳҳои маҳаллии дорои воситаҳои муосири равшаннамоӣ, таъмиру ороиши кӯчаву манзилҳои истиқоматии сокинон, қомат афрохтани корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, марказҳои тиҷоративу меҳмонхонаи боҳашамати сайёҳӣ, бинои шифогоҳ, ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии «Оиша» ба масал тулуи хуршеди саҳаргоҳонро мемонад, ки аз рӯзу ояндасозиҳои умедбахши ин деҳистони афсонавӣ дарак медиҳанд.
Бунёди Муассисаи таълимии томактабии «Оиша» аз орзуҳои овони наврасии муассиси он, Махтумбӣ Абдулҳаева будааст, ки худ дар хонаводаи деҳқони асил ба дунё омада, айёми кӯдакиро дунболи модар дар кори хонаву саҳрои хоҷагӣ сипарӣ намудааст.
Дар айни қиёми офтоб, ки коргарон зери сояи тут қатор паноҳ мебурданд, Махтумбӣ бо баҳонаи дидори модар аз баҳрабардории гулдӯзиҳои коргарзанони саҳро серӣ надошт. Бо мурури вақт санъати сӯзаниву назокатҳои гулу қуроқдӯзиро азбар намуда, бо омӯхтани ин ҳунарҳо ба ҳамдеҳагонаш ҳунару маҳорати худро дар ин ҷода сайқал медиҳад.
- Баъди издивоҷ саргарми тозагии хонаву таҳияи ғизо ва дигар масъулиятҳои хонаводагӣ зиндагӣ маҷрои дигар пайдо карда буд, - аз баҳори умр қисса мекунад Махтумбӣ. – Дар солу замоне, ки саргарми тарбияи тифлаконам будам, чун дигар бонувони корсоз фарогирии тифлаконро ба боғчаҳои кӯдакона ниҳоят зарур мешумурдам, аммо дар он солу замонҳо ба ҷуз ташкили боғчаҳои саҳроӣ иқдоми дигаре ҷиҳати рушди маънавии кӯдакони деҳот гирифта нашуд. Ҳамин тавр, баъди панҷ соли зиндагии ҳамҷоя бо дуои зодмандони ҳамсарам ба манзили алоҳида гузаштем ва ман шогирд гирифта, ба дӯхту дӯзи либосу абзори арӯсӣ ҷиддитар машғул шудам.
-Самараи собиқаи корӣ дар коргоҳи дӯзандагии «Тоҷикматлубот» ва заҳматҳои модару хушдоманам ҷиҳати сайқали ҳунарҳои хонаводагӣ буд, ки дар идомаи зиндагии мустақилона, дар пешбурди рӯзгори оила такягоҳи шавҳар будам. Шукронаи истиқлолият, ки бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар руҳияи худшиносиву ватандорӣ баҳри ободониву сарсабзии деҳу диёри худ саҳм мегузоранд. Мо, ки солиён боз ба гоҳи сарҷамъӣ гирди хони оилавӣ ҳалли масоили гуногуни рӯзгорро матраҳ мекардем, ба чунин натиҷа расидем, ки аз ҳисоби даромади хоҷагӣ ва пасандозҳои хонавода дар маҳаллаамон як муассисаи замонавии таълимии томактабӣ бунёд намоем, - иброз медорад ӯ.
Аҳли оила, ки ҳамагӣ соҳибмаълумоту донандагони технологияи муосиранд, баъди омӯзиши лоиҳаҳои ҷадиди меъморӣ, тарҳи дуошёнаи боғчаи кӯдаконаро интихоб намуда, корҳои сохтмониро оғоз бахшиданд. Ҳамин тавр, санаи 4-уми октябри соли 2021 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии томактабии «Оиша» ифтитоҳ гардид, ки дар марҳилаи аввал 20 нафар сокини маҳаллӣ ба сифати тарбиятдиҳандагон, кадбонуву тамизкор ва дигар самтҳои фаъолият ба ҷойи корӣ таъмин шуд.
Ба қавли мудири боғчаи кӯдаконаи «Оиша» муассисаи мазкур барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 220 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, дар сурати пурра шудани ҳама гурӯҳҳо шумораи умумии кормандон ба 40 нафар мерасад.
- Ҳадаф аз бунёди муассисаи томактабӣ фароҳамоварии имкониятҳои шоистаи барои дар руҳияи озодманишиву ҷустуҷӯи илму дониш тарбия намудани насли ояндаи деҳот мебошад. Дар ин замина, бо нишони ҳамдастӣ бо иқдомҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ятимону фарзандони оилаҳои камбизоат тасмим гирифтаем, ки 10 дарсади кӯдаконро аз ҳисоби фарзандони шаҳидони роҳи Ватан ва ятимони кулл тариқи ройгон ба тарбия фаро мегирем, - иброз дошт Махтумбӣ Абдулҳаева. - Дар маросими ифтитоҳи боғча Сарвари давлат тавсия доданд, ки дар сурати имкон бо бунёди боз як бинои хуштарҳу муҷаҳҳаз бо ашёву воситаҳои тарбиявӣ шумораи бештари кӯдакони деҳотро ба муассисаи томактабӣ фаро гирифта бошем.
Махтумбӣ бо қаноатмандӣ аз орзуҳои амалишудааш изҳор медорад, ки фароҳам гардидани чунин шароитҳои афсонавӣ барои кӯдакон орзуву омоли модарони деҳотист, ки дар баробари пешбурди кори хоҷагии қишлоқ, равшангари чароғи илму маърифатанд. Саъю талошҳо дар ҷодаҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва заҳматҳои меҳрофаринаш дар таълиму тарбияи фарзандон маҳз дар замони амалӣ гардидани ташаббусҳои бузурги созандагӣ самараи наку ба бор овард ва Махтумбӣ Абдулҳаева дар 60-умин солгарди умр бо дастгирии ҳамсару фарзандон барои кӯдакони деҳи зисташ чунин як боғчаи дилрабову замонавиро фароҳам овард.
- Зиндагӣ дар олами беғаши кӯдакон ва саргармиву машғулият ба насли шавқманди афсонаву хатнависӣ неъмати бузургест, ки дар баёни он ҳарфи муносиб намеёбам. Ба ростӣ худро модари хушбахту муваффақ мешуморам, ки бо аҳли оилаамон дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат саҳми худро гузошта истодаам. Аз сӯи дигар, аз ин дида хушбахтиву саодатмандӣ чӣ буда метавонад, ки зодмандону пайвандони тарбиятгирандагони боғча маро ба унвони бибиҷони кӯдакон мешиносанд, - бо ифтихору сарбаландӣ изҳор медорад Махтумбӣ Абдулҳаева.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Восеъ