«То он лаҳзае, ки падарам зинда буд, даргузашти модар, реҳлати шавҳар ва танҳоии дардомези хешро эҳсос намекардам. Чун модар пушту паноҳ ва дар лаҳзаҳои сангини зиндагӣ муттакоям буд. Нақше, ки падарам дар ҳаётам гузоштааст, якумрист. Ҳоло ки бори сангини парвариши фарзанд бар дӯшам афтодаву гоҳе ҳам дар иҷрои вазифаи корӣ ба мушкиле бармехӯрам, ҳатман аз он меандешам, ки дар ин мавридҳо падарам чӣ гуна рафтор мекарданд. Бо рафтанашон дардҳоям дучанд шуданд…»
Дар ҳолати ёди падар намудан, аз чашмҳои ӯ ашк ҷорӣ мешавад. Хотира аз падар варо ба овони кӯдакӣ мебарад. Хомӯшона гӯш ба садояш медиҳам, агарчи тарҳи суҳбатро дигаргуна кашида будам. Ба он хотир не, ки сухане барои гуфтан надорам, балки андешаҳояшро тавонад равшан баён намояд.
- Кӯдакиям дар деҳа сипарӣ шуда, айёми наврасии мо аз ҳаёти имрӯзаи кӯдакон ба куллӣ фарқ мекард. Вақти бештари худро дар кӯҳу пуштаҳо мегузарондем. Бузу бузғолаҳоро ба чаро бурда, аз он ҷо барои худ гули қоқу мечидем. Бо ин гулҳо ҳар гуна ҷиҳоз омода месохтем. Бегоҳ, ки мешуд, омадани падарро интизор мешудем. Чун медонистем, ки падар бедастовез намеояд. Пазмони лаззату ҳузури кӯдакиҳоям ҳастам, - қисса мегӯяд Бунафша Тағоймуродова.
Ӯ дар деҳаи Бошбулоқи ноҳияи Данғара, дар оилаи коргар дида ба олам кушодааст. Падараш Алимурод Тағоймуродов, дар вазифаҳои сармуҳандис, директори совхози ба номи Ленин (ҳозира хоҷагии деҳқонии «Сомон»), раиси ноҳияҳои Темурмалик ва Восеъ, муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ифои вазифа намудааст. Чун ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ падар пайваста думболи кор буду модар банди тарбия ва нигоҳубини фарзандон.
- Хизмати софдилонаи падарам буд, ки вазифаҳои гуногунро ба ӯ бовар карданд. Модарам зани деҳотиву бидуни маълумоти олӣ ҳам, ки буданд, тафаккури бою ғанӣ доштанд. Вақти бештари қиблагоҳ дар кор мегузашт. Вале, бо вуҷуди серкорӣ, вақти худро барои тарбияи фарзандон ҷудо менамуд. Ҳамин, ки вақт меёфт, ҳатман аз мо имтиҳон мегирифт. Саҳми модар низ аз падар кам набуд. Ба шаҳри кӯдакию наврасиҳо ғӯтавар мегардаму ҳоло дарк месозам, ки нигоҳубини фарзандон, чорвои зиёд, иҷрои корҳои хона, қабулу гусели меҳмонон барои модарам осон набудааст, аммо боре ҳам аз сахтиҳои рӯзгор шиква намекард, - иброз медорад мусоҳибам.
Пас аз хатми мактаб Бунафша ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара шомил гардид. Бо итмом ёфтани таҳсил дар коллеҷ, ба шавҳар баромад. Ҳамсафараш дорои маълумоти олӣ, фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар ин миён, ӯ соҳиби 5 тифлаки дӯстрӯ шуду вақти хешро ба таълиму тарбияи онҳо бахшид.
Бо камол ёфтани фарзандон, соли 2011 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мегардад ва онро бо ихтисоси фаъолияти бонкдорӣ хатм менамояд. Дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, ба кор пардохта, ба ҳайси сармуҳосиби Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) фаъолияташро идома медиҳад. Пас аз ду соли кор дар ин соҳа, ӯро ба намояндагии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилояти Хатлон ба ҳайси мутахассиси пешбар ба кор даъват менамоянд, ки то соли 2017 фаъолият бурд.
Соли 2017 барояш гарон омад. Ҳамсафари ҳаётии худ, падари фарзандонашро, ки ба ҳайси прокурори шаҳри Левакант ифои вазифа менамуд, аз даст дод. Марги нобаҳангому бармаҳали шавҳар дасту дили ӯро аз зиндагӣ сард кард. Ба ҳолати руҳиву равониаш низ латма зад. Чун модари худро, ки барвақт аз даст дода буд, дар ин ҳолат ягона муттакояш падарро медид. Қиблагоҳ низ бо ҳар роҳ талош меварзид, то ҷигарбандашро аз ин ҳолат раҳонад. Ҳамин буд, ки тасмим гирифт, то ӯро ба марказ, назди худ биорад.
Бунафша, ки дар ин миён Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро бо ихтисоси муҳандис – иқтисодчӣ хатм карда буд, фаъолияташро дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» идома бахшид. Падар ӯро зери қанот гирифт. Аз як ҷониб, агар мехост, духтараш ба ҳайси мутахассис ба қуллаҳои баланд даст ёбад, аз ҷониби дигар, бо ин роҳ ӯро аз дарду ғамҳо як каме ҳам бошад, дур кардан мехост.
- Падарам гаштаву баргашта таъкид мекард, ки ту бояд худатро бақувват гирӣ. Чун фарзандонатро мебояд тарбия намоӣ. Кунун барои онҳо дар баробари модар падар низ ҳастӣ. Ин суханҳо ба ман тавоноӣ мебахшиданд, иродаамро мустаҳкам менамуданд, - ёд меорад суханҳои падаррову чашмонаш машкӣ мегарданд. Баъди фурсате идома медиҳад ба суханонаш.
-Доғи маҳрумият аз модару шавҳарро падар талофӣ мекард, вақте қиблагоҳ тарки дунё намуд, худро танҳотарин одам пиндоштам. Вале як суханашон: «Ту, ки духтари ман ҳастӣ, бояд мисли падарат қавӣ бошӣ», -маро боз ҳам қавитар менамуд.
Камоли садоқату маҳорати падарро дар зинаҳои гуногун ва пурмасъулияти роҳбарӣ дар густариш ва амалӣ намудани корҳои зиёди назаррас дар ин самт, он қадар бориз медонад, ки бо эҳсоси сипосу миннатдорӣ сифатҳои инсонии эшонро бозгӯ мешавад ва шукри қисмат мегӯяд, ки ин марди масъулиятшинос ва шариф қиблагоҳаш буду аз ӯ таҷрибаи хуби корӣ омӯхтааст.
-Бовиҷдон, масъулиятшинос, дар вазифаҳои ба дӯшдошта муносиб, инсондӯсту одамшинос буданд. Нисбат ба зердастон сахтгиру ғамхор, боҷуръат ва орӣ аз худситоиву кибру ғурур, ҳалолкор ва нисбат ба халқу Ватан сарсупурда, - чунин сифат мекунад қиблагоҳашро Бунафшабону.
Ҳоло ки вазифаи сардори раёсати кадрҳои корхонаи мазкурро ба зимма дорад, мекӯшад, то таҷрибаи андӯхта аз падарро сармашқи кори хеш намояд. Зеро миёни фарзандон танҳо ӯ пайроҳаи падарро интихоб кардаву корҳои назаррасеро дар ин самт анҷом додан мехоҳад.
Нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон сахтгир буда, пайваста аз донишандӯзии онҳо бохабар мешавад. Ба фарзандон низ хислатҳои накуи бобо ва падарашонро ситоиш менамояд. Таъкид месозад, то ки мисли бобову падарашон шахсони саҳмгузор дар ҷомеа ба воя бирасанд. Баҳри ободиву гулгулшукуфоӣ ва пешрафти давлату миллат камари ҳиммат бубанданд.
Ҳамин сахтгириаш нисбат ба фарзандон буд, ки ду нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, як тани дигар таҳсилашро дар донишгоҳ идома дода истодааст. Ният дорад, ду фарзанди дигарашро, ки алҳол хонандаи мактаб мебошанд, соҳибтахассус намояд. Писарашро, ки имсол факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ – ро хатм намуд, сарфи назар аз яккаписарӣ ба хизмати аскарӣ раҳнамун сохт.
-Бисёр мехостам, ки писарам ба мисли ҷадди хеш хизмати Модар – Ватанро адо намояд. Зеро дар аскарӣ дарси далериву матонат ва мардонагиро аз худ намуда, барои зиндагии мустақилона омода мешаванд. Худи писарам низ инро қабул дошт. Пас аз адои хизмати Модар – Ватан мисли падараш ҳомии ҳуқуқ шудан мехоҳад, - меафзояд бо ифтихор Бунафшабону.
Шаҳдрези РАҲМОН