Ҷамила Абдураҳимова соли 1984, баъди итмоми мактаби миёна ба Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм мекунад.
Ва аз соли 1988 дар МТМУ №9-и шаҳри Хоруғ ба ҳайси омӯзгор шуғл меварзад. Дар баробари фаъолияти 35-солаи омӯзгорӣ муаллим роҳбари иттиҳодияи мактабӣ, раиси иттифоқи касаба ва роҳбари роҳбарони синфии мактабҳои шаҳри Хоруғро ба зимма дошт. Соли 2012 дар озмуни «Муаллими сол» - и шаҳрӣ ва вилоятӣ сазовори ҷойи аввал ва дар ҷумҳурӣ соҳиби зинаи сеюм гардид.
Ҳанӯз аз хурдсолӣ Ҷамила орзуи муаллим шуданро дар дил мепарварид, зеро модараш омӯзгор буд. Медид, ки чи гуна модар расм мекашаду аз картону қоғаз барои дарси навбатӣ аёнияте месозад. Маҳз модар ӯро ба донишкадаи омӯзгорӣ овард.
Дар оила онҳо се духтару панҷ писар буданд. Волидон барои соҳиби маълумоти олӣ гардиданашон тамоми шароитҳоро муҳайё сохтанд.
- Падарам дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Хоруғ таббох буд. Сирри бисёре аз ғизоҳои болаззатро аз ӯ омӯхтаам, - мегӯяд муаллим. - Шавҳарам корманди мақомоти қудратӣ буд ва ҳоло дар нафақа аст. Духтарам Рисолат хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мебошад. Соҳиби ду фарзанд ва дар ширкати «Помир Энерҷӣ» оператор аст. Писарам Мазҳаб пас аз хатми факултаи роҳсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар яке аз ниҳодҳои Вазорати нақлиёт дар минтақаи роҳи автомобилгарди Ванҷу Дарвоз фаъолият дорад.
Имрӯз Ҷамила Абдураҳимова яке аз омӯзгорони номвари ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Омӯзгорони ҷавон тарзу усули дарсии ӯро меомӯзанд ва аз вай маслиҳату машварат мегиранд. Таҷрибаи бою ғании муаллим дар самти илми педагогика барои омӯзгорони ҷавону навкор намуна аст.
Мавсуф дар ҷараёни дарс бештар аз усули гурӯҳбандӣ истифода мебарад. Усулҳои интерактивӣ, ҳамгиро, салоҳиятнокӣ низ дар раванди дарс корбурд мешаванд. Умуман, барои шавқовар гузарондани дарс аз ҳама усулҳо самаранок истифода мебарад.
- Таълим додани кӯдакон кори чандон саҳл нест, вале шавқи беандоза ба касби пешанамуда мушкилиро рафъ месозад, - иброз медорад Ҷамила. – Хушбахтона, сол аз сол волидон масъулияти бештар ҳис мекунанд. Пешакӣ кӯдаконро ба мактаб омода месозанд. Қисми зиёди онҳо аллакай хондану навиштан метавонанд. Албатта, ин кори омӯзгорро то ҷое осон месозад. Ва имкон медиҳад, ки бо бачаҳои сустхон бештар машғул шавӣ.
Дар мактабҳои шаҳри Хоруғ таҳсил аз 6-солагӣ оғоз мегардад. Дар синфҳои тайёрӣ кӯдакон танҳо дарсҳои шифоҳӣ мегузаранд. Ба онҳо аввал бо забони шуғнӣ номи узвҳои инсону ашё ва рангҳоро мефаҳмонем ва номбар мекунем. Баъдан бо забони давлатӣ ин ҳамаро меомӯзонем. Бо забони давлатӣ ҳарф заданро одат мекунонем, ки ин заҳмати дучандро тақозо менамояд.
Робитаи мактабу волидон зич ба роҳ монда шудааст. Ҳафтае як маротиба падар ё модаре ба мактаб меояд. Аз аҳволи фарзандаш хабар мегирад, дар дарсҳо иштирок мекунад. Лоақал тариқи телефон дар тамос шуда, аз ҳоли фарзанди худ пурсон мешавад, ки ин боиси хушҳолист.
Шогирдонаш дар танаффус муаллимро иҳота намуда саволборонаш мекунанд. Субҳ вақти омадан бо талош ба пешвозаш медаванд, «кӣ якум». Ё канораш рафта чузвдони муаллимро бо ифтихор бағал мекунанд. Ҷамила, ки аз модари муаллимаш панд андӯхта буд, ҳар як хонандаро чи дар дарс ва чи берун аз синфу мактаб бо диққат гӯш мекунад. Завқи онҳоро бо усули саволу ҷавоб ва муҳити беруназсинфӣ муайян намуда, шавқашонро ба хондан бештар месозад.
- Баъзе кӯдакон бо самимият оғӯшам мегиранд. Ман низ мекӯшам дар баробари дарс гуфтан, аз меҳри худ ба онҳо дода бошам. Албатта, вақте хонанда бе тайёрӣ ба дарс меояд, аз муаллим сарзаниш мешунавад. Волидонро огоҳ месозем, ки фарзандашон бе омодагӣ ба дарс омадааст, вале бештар ин кор байни хонанда ва омӯзгор ҳал ва баррасӣ мешавад.
Аслан, муаллим бештар аз роҳи фаҳмондадиҳӣ кор мегирад. Байни ҳамкорону хонандагон ҳамчун муаллими ҳалим ва меҳрубон шинохта шудааст. Нафароне, ки фарзандони маъюб доранд, онҳоро ба синфи Ҷамила мебаранд. Тавре ҳамкоронаш мегӯянд, Ҷамила Абдураҳимова ба дили ҳар як кӯдак калидчаи хосе дорад.
- Кӯдакон бисёр дили нарму гарм доранд. Дар ҷараёни дарс атрофи кӯдаконе, ки имконияташон маҳдуд аст, ҷамъ меоянд. Ба онҳо ҳамаҷониба ёрӣ мерасонанд, то аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояшон бароянд. Ҳарчанд баъзе аз ин кӯдакон пурра ҳарф зада натавонанд ҳам, тавассути шодӣ ва имову ишора изҳори сипос менамоянд. Онҳо меҳри ҳамсабақон ва атрофиёнашонро хуб ҳис мекунанд.
Ҷамила Абдураҳимова борҳо аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, ҳамеша баҳри ғанӣ гардондани савияи донишаш худомӯзӣ мекунад. Аз сарчашмаҳои гуногун барои худ чизе пайдо месозад. Аз навгониҳои педагогикаи ҷаҳонӣ тавассути интернет баҳравар мегардад.
- Муаллими аввалинам бонуи куҳансоле буданд бо номи Лоҷвард, ки бисёр дӯсташ медоштам. Ҳоло ҳам чеҳраи гарму нуронияш пешорӯи ман аст. Шояд дар таълиму тарбия усули ин устодамро пеша карда бошам. Зеро ӯ ҳамеша шогирдонро таъриф мекард ва, умуман, сарзаниш намекард. Доимо мегуфт, ки ба мо бовар доранд: - «Шумо зӯред, шумо метавонед, ана имрӯз боз ҳам беҳтар…». Дар ташаккулёбиам ҳамчун шахс саҳми муаллим Лоҷвард на камтар аз модарам аст.
Ҳар бегоҳ, вақте ҳама хоб мерафтанд, ман ба модарам дар омода намудани дарс ва аёниятҳои дарсӣ мадад мерасондам. Аз коғаз, картон, пластилин ҳар гуна шаклу ашёҳо месохтем. Дафтарҳоро модарам тафтиш мекарданду ман паҳлуяшон лаззат мебурдам ва худро ҳар лаҳза муаллим мепиндоштам.
Шогирдони Ҷамила Абдураҳимова дар озмуну олимпиадаҳои гуногун муваффақанд. Дар озмуни шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар шаҳри Хоруғ се нафар шогирди муаллим ширкат варзид. Замира Абдумамадова сазовори зинаи аввал гардид, ки зиёда аз 500 китоб мутолаа намуда буд.
Муаллим Ҷамила гоҳ бо шогирдон шеъру суруд мехонад, гоҳ мерақсад. Ба ин васила дар дили кӯдакон меҳри санъатро бедор месозад. Ҳикояву афсонаҳои пандомезу шавқовар қисса мекунад. Аз пластилину рангу қоғаз зочаву хона месозад, расму сурат мекашад. Эҷодкориро аз хурдсолӣ дар ниҳоди тарбиятгирандагонаш ҷой менамояд. Қобилияти ҳар як хонандаро муайян ва ба шуғле фаро мегирад.
- Субҳ то омадани хонандагон дару тирезаи синфхонаро во мекунам. То оғози дарс, дар набудани кӯдакон бори дигар нақшаи дарсиямро аз назар мегузаронам, омода мешавам. Албатта, дарсро бо сурудани Суруди миллӣ якҷоя бо хонандагон оғоз мекунем, - мегӯяд Ҷамилабону.- Барои озмуни «Муаллими сол» чаҳор моҳ тайёрии ҷиддӣ дидам. Дар озмун такя бар усули гурӯҳбандӣ дарсамро барпо намудам. Понздаҳ нафар хонандаро ба гурӯҳҳои ду, чорнафара тақсим намуда ва ҳам дар якҷоягӣ дарсамро рӯнамоӣ кардам. Ҳакамон дарси математикаамро таҳлилу назорат бурданд. Бахусус таъкид гардид, ки ҳарчанд муаллим аз Бадахшон аст, вале забони дарс дар дараҷаи олӣ буд, ки ин баҳо бароям боиси ифтихор аст.
Меболам аз он, ки шогирдонам дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар заҳмат мекашанд. Имрӯз онҳо берун аз кишвар дар Россияву Аврупо, Амрикову Канада, Чину Ҷопон фаъолият мебаранд. Ҳама вақт дар тамосанд, аз ҳолу аҳволи ман ва мактаб мепурсанд. Мувофиқи имконият дар иду ҷашнвораҳо меоянду аз солҳои кӯдакӣ ёдовар мешаванд.
Ҳамкорону наздикон ва ошноҳо бар он иқроранд, ки муаллим Ҷамила Абдураҳимова калидчае дорад тиллоӣ, ки бо он дари дили хурду калонро мекушояд ва ба он роҳ меёбад.
Далер САФАР,
шаҳри Хоруғ