Яке аз самтҳои асосии соҳаи маорифи кишвар, ин фарогирии ҳар чи бештари кӯдакони хурдсол ба муассисаҳои томактабӣ мебошад. Солҳои охир дар ин самт гомҳои устувор гузошта шуда, ба бунёд ва таъсиси муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистонҳо таваҷҷуҳи бештар равона мегардад.
Дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ватанӣ ин самти муҳим дастгирӣ меёбад. Дар ноҳияи Рашт соли гузашта аз тарафи як нафар соҳибкори маҳаллӣ боғчаи наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Боғчаи «Ахтарак» 22 сентябри соли 2021 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Иншооти таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи оилаи Аҳмадовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак мебошад.
Ин аввалин боғчаи типи нав дар ноҳияи Рашт аст ва дар он баробари забони давлатӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамият медиҳанд. Дар ин даргоҳ дӯстрӯякони аз 3 то 6-сола ба воситаи аёниятҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Ин сеюмин боғчаи бачагона ба ҳисоб меравад, ки дар ноҳияи Рашт ба фаъолият оғоз намуд ва ҷиҳати ҳар чи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон мусоидат менамояд.
Ба боғча мураббиёни касбӣ аз шаҳри Душанбе даъват шудаанд. Дар ин баробар бонувони маҳаллӣ барои минбаъд ба ҳайси мураббӣ фаъолият кардан, дониш меомӯзанд.
Тибқи иттилои масъулон, оянда дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан, имкон фароҳам мегардад. Ҳамзамон, барои дар шароити муосир ба таълим фаро гирифтани наврасони ҳамин даргоҳ, бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии типи нав барои 300 хонанда дар нақша аст.
Аз рӯйи маълумоти шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт, алҳол дар 3 кӯдакистон 190 кӯдак тарбия мегираду ба камол мерасад. Шароити кӯдакистони №1-и шаҳраки Ғарм низ хуб аст. Мудири боғча Ғунчагул Сайфиддинова мегӯяд, ки дар муассисаи онҳо 100 нафар кӯдак тарбият мегирад.
- Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт шароити кӯдакистон сол аз сол беҳтар мегардад. Барои зимистонгузаронӣ 6 тонна ангишт ва 10 мукааб метр ҳезум захира шудааст. Инчунин, дар назди кӯдакистон Ассотсиатсияи падару модарон амал мекунад. Бо дастгирии волидон боғча соҳиби таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ ва кумакҳои зиёд гардид. Дар боғча 4 мураббӣ ва 4 доя ба тарбия ва нигоҳубини наврасон машғуланд. Тарбиятгирандагон бо тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла асбобҳои хониш, аёниятҳо, бозичаҳо ва се вақт бо хӯроки гарм таъмин мебошанд, - тазаккур медиҳад мудири боғча.
Кӯдакони ятими кул ва нимятим аз пардохти маблағи боғча пурра ва кӯдакони оилаҳои ниёзманду камбизоат 50 дарсад озод мебошанд.
Тибқи нақша шуъбаи маорифи ноҳия соли равон ифтитоҳи боз се боғчаи бачагонро дар деҳоти Ҳоит, Казноқ ва Навдӣ дар назар дорад. Дар баробари кӯдакистонҳо дар назди мактабҳои ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакон фаъол аст, ки онҳо низ ҷиҳати ҳар чи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон мусоидат мекунанд.
- Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша - чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ шуда, соли таҳсили нав дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 8 маркази инкишофи кӯдакон таъсис ёфта, шумораи онҳо ба 64 адад расонда шуд, ки 1300 нафар (аз ҷумла, 490 духтарон) кӯдакони синни томактабиро фаро гирифтаанд. Дар муассисаҳои томактабӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва нигоҳ доштани фосилаи байниҳамдигарӣ машғулиятҳо ба роҳ монда мешаванд, – гуфт мудири шуъбаи маориф Ҳикматулло Мирзоев ва афзуд, ки бобати мукаммалтар ривоҷ додани тарбияи томактабӣ, фарогирии ҳар чи бештари кӯдакони хурдсол ба муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия дастуру супоришҳои қатъӣ гирифтанд.
Ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Зеро таҳсилоти томактабӣ аввалин ва яке аз зинаҳои муҳим дар таълиму тарбияи кӯдакон ба шумор меравад ва он барои инкишофи ҳамаҷонибаи наврасон нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд.
Метавон гуфт, ки масъулон дар ноҳияи Рашт барои дар амал татбиқ намудани Қонуни мазкур ва Стандарти давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида, баҳри бештар намудани марказу муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Д. САйдамир,
ноҳияи Рашт