Гулбаҳор дар хонаводаи маорифчиёни асил Юлдошалӣ ва Ӯлмасой Ҳакимовҳо чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз овони кӯдакӣ бо ҳушмандиву хушзеҳнӣ ва садҳо суолу пурсишҳои тифлонааш зодмандонро ба ҳайрат меовард. Истеъдоду зарфиятҳои фавқулодаи духтарчаи донояку серҳаракатро дида падару модари омӯзгораш ӯро дар овони 6 - солагӣ ба синфи аввал бурданд. Дар 16 - солагӣ соҳиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар 20 - умин баҳори умр ихтисоси олии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ гардид.
Дар арафаи хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оиладор шуд, сентябри соли 1992 фаъолияти омӯзгориро аз МТМУ №10-и зодгоҳаш шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ҳусни оғоз бахшид. Саршори эҳсосоти ногуфтанӣ аз лаҳзаҳои хотирмони дарси аввали соли нави хониш фараҳ мебурд, ки ба ногаҳ овози тиру туфанг дар шаҳр ғулғула афканд. Дар як он муҳити дилангези мактабро доду афғони кӯдакон фаро гирифту омӯзгорону талабагон ҳаросон аз дабистони орзуҳо ба кӯчаҳо рехтанд.
- Шуруъ аз ҳамон рӯз, ки мардум ҳар куҷо рост меомад, рахти сафар мебастанд, кӯча ба кӯча шаҳри орзуҳои ман аз сокинони осоишта холӣ мешуд, - ба ёд меорад Гулбаҳор Мақсудхоҷаева. - Мо пиёда ба деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) расида, то баҳори соли 1993 дар хонаи як хеши ҳамсарам ба сар бурдем. Нахустин фарзандамро дар гурезагӣ ба дунё овардам, мисли дигар модарон дар интизори сулҳу осоиштагӣ будам ва шунидани паёмеро аз раванди сулҳу бозгашти фирориён ба Ватан умед доштам.
Дар ин миён соҳиби се фарзанд шуда, баъди роҳгардон шудани кӯдаки хурдӣ Гулбаҳор бо дуои неки бузургсолони хонавода фаъолияти меҳнатиашро аз Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид сар кард. Дар он давра тибқи Барномаи ҷаҳонии озуқа ба ҳафт гурӯҳи аҳолӣ - модарону кӯдакони бесаробон, хонаводаҳои дорои шахсони пиронсол, сокинони имконияташон маҳдуд, бонувони ҳамсарону фарзандонашон дар ҷанг фавтида ва дигар оилаҳои ниёзманд кумакҳои ғизоӣ расонда мешуд. Давоми фаъолияташ ба ҳайси нозири барномаҳои хайриявии бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ дар самтҳои молияву иқтисод, омӯзиши афкори умум, таҳияи лоиҳаҳои ҷадиди бунёдгузорӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхта, ҳамчун мутахассиси хушсалиқа дар амалисозии барномаву стратегияҳои рушди ҷомеа масъулиятҳои муҳимро ба зимма дошт.
-Баъдан, барномаи «Маводи ғизоӣ бар ивази меҳнат» рӯи кор омаду садҳо нафар бонувони ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва сокинони дигар ноҳияҳои осебпазирро бо ҷойи кору музди маоши хуб таъмин намудем, - мегӯяд Гулбаҳор Мақсудхоҷаева.
Ин лоиҳа бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии бонувони бесаробон ва ба кори саҳрову соҳибкории хурд ҷалб намудани сокинони корҷӯи деҳкадаҳо нақши бағоят муҳим дошта, ба ҳуҷҷатгузории замин ва беҳтар намудани раванди пардохти андози замин аз ҷониби аҳолии деҳ мусоидат менамуд. Тавассути ин барномаҳо садҳо нафар деҳотиён ба шуғлҳои мурғу заргӯшпарварӣ ва парвариши чорвои хурд ҷалб гардида, бо ин васила сатҳи зиндагии худро беҳбуд бахшиданд.
- Соли 2001 бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар вилояти Хатлон нахустин «Биржаи меҳнат» таъсис дода шуду маро роҳбари он таъин намуданд. Воқеан ин нахустин лоиҳаи инвеститсионӣ ба ҳисоб мерафт, ки ҳадафи меҳварии он ташкили кооперативҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ширкату фирмаҳои маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дар умум, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ба хусус барои занони сокини маркази вилоят ва навоҳии атрофи он буд, -иброз дошт дар идома Г. Мақсудхоҷаева. - Вобаста ба ин, дар шаҳри Бохтар панҷто иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла Ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони Хатлон» таъсис дода шуд. Дар марҳилаи аввали фаъолияти биржаи мазкур ба 820 нафар бонуи корҷӯ мақоми бекорӣ дода, сипас, дар доираи лоиҳаи аввал 150 нафар занону духтаронро ба омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ фаро гирифтем.
Дар баробари омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагиву соҳибкории хурд дастпарварони «Биржаи занон» - и шаҳри Бохтар донишу малакаи сарфаву сариштакорӣ, таъсиси фонди даромадҳо ва ба роҳ мондани тиҷоратҳои гуногунро аз бар карда, дар муддати кӯтоҳ ба фаъолиятҳои мустақилонаи соҳибкорӣ мепардохтанд. Тиҷоратҳои хурд чашмнорасанд, аммо василаи пешбурди рӯзгор ва зина ба зина ба соҳибкории ояндадору тиҷоратҳои бузург ворид шудани бонувони деҳот шуда метавонад. Лекин, то имрӯз на дар ҳама деҳкадаҳои дурдаст аз ин имкониятҳои ояндадор судманд истифода бурда мешавад, - андешамандона изҳор дошт Гулбаҳор.
Бо тақозои замон ва ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои худ Гулбаҳор Мақсудхоҷаева соли 2007 соҳиби маълумоти дувуми олӣ – ҳуқуқшиносӣ гардид. Дар солу замоне, ки масоили муҳити зист ва сари вақт тоза кардани нуқтаҳои партовгоҳҳои ҳудуди шаҳр аз мавзуи доғи рӯзу мавриди нигарониҳои сокинон ва шаҳрдории Бохтар гашта буд, Гулбаҳор Мақсудхоҷаеваро ба вазифаи мудири бахши коммуналии мақомоти шаҳри Бохтар таъин намуданд. Давоми ду соли фаъолият ӯ дар ин ҷода 6 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла «Таъмиру беҳсозии шабакаи паспартовҳо ва азнавсозии 63 нуқтаи партовгоҳи шаҳри Бохтар», «Бунёди коргоҳи хурди коркарди партовҳо», «Таъмини оби ошомиданӣ» (марҳилаи дувум), «Беҳтаргардонии вазъи экологии кӯчаи Баҳор», «Таъмири мактабҳо ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди нуҳ муассисаи таълимии шаҳри Бохтар» ва «Таъмири роҳҳои мошингарди кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Бохтар»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Солҳои баъдӣ бо дастгирии давлат ва ҷалби шарикони рушд ин лоиҳаҳо амалӣ шуда, мушкилиҳои вобаста ба муҳити зисту таъмини оби ошомиданӣ ва таъмиру тармими роҳҳои дохили шаҳри Бохтар сомон ёфтанд.
Аз соли 2010 Гулбаҳор Мақсудхоҷаева фаъолияти худро дар Ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони Хатлон» идома бахшида, дар ин давра, дар татбиқи 27 лоиҳаи гуногун дар самтҳои таъмини занон бо ҷойи кор, тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, беҳбудии муҳити зист ва амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо шарикони рушд, саҳми худро дар пешрафти ҷомеа, беҳбудии шароити иҷтимоӣ ва ривоҷи фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи бонувон гузошта истодааст.
- Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тасмим дорам, ки дар якҷоягӣ бо муассисони ТҶ «Бонувони Хатлон» ва ҶДММ «Ободкори асри нав» ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маҷмааи Чойхона - клуби фароғатии «Хонаи нурониён» - ро таъсис дода, мавриди баҳрабардории пиронсолони шаҳри Бохтар қарор диҳем. Тибқи лоиҳаи тасдиқгардида иншооти мазкур аз чойхонаву истироҳатгоҳ ва ҳуҷраҳои китобхониву шоҳмотбозӣ ва ҳуҷраҳои махсуси табобатӣ, аз қабили ҳаммоми буғӣ ва маркази солимии модару кӯдак иборат буда, ошёнаҳои болоӣ манзилҳои истиқоматӣ хоҳанд шуд. Яъне, хоҳишмандони хонаҳои истиқоматӣ дар баробари сармоягузорӣ барои манзилҳои ояндаи худ, дар бунёди маҷмаа низ саҳмгузор мешаванд, - иброз дошт дар фарҷом Гулбаҳор Мақсудхоҷаева.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар