Дар истгоњи назди Сирки давлатии пойтахт зани љавоне бо ду кўдак нишаста буд. Яъсу ноумедї ва андуњи бузургеро дар умќи чашмонаш ба осонї метавонистї пай бурд. Кўдакони хаста нолон аз модар дархости чизе мекарданд. Зан бо тундгӯӣ кўдаконро сарзаниш карду аз худ дур сохт ва бо кафи дастон дидагонашро панањ кард. Ў талхова гирист. Атрофиён ҳайрон ба ў менигаристанд, аммо касе љуръати наздик шуданро надошт. Ин њангом зани солору тануманде аз љой бархесту ба ў наздик омаду гуфт: "Чї шуд, духтарам? Чаро мегирйї?" Зан ашкро аз гунањояшро пок карда, муддате хомўш монд, баъдан гуфт: "Бо шавњарам муросо накарда, бо кўдакон ба хонаи падар баргаштам. Дере нагузашта, модарам даргузашт. Баъди ин мусибат њамакунун зери тањќиру шиканљањои занони бародаронам афтодам. Ин навбат тоб наоварда, тарки хонаи падарӣ гуфтаму ба ҷуз аз худу кўдаконамро ба дарё андохтан дигар чорае надорам". Зани њайратзада лањзае лол гашту баъдан гуфт, ки худкушї роњи њалли мушкил нест, балки гуноњи азимест, ки зомини њаёти тифлакону худ хоњї гашт. Маслињат дод, ки ба Кумитаи занон мурољиат намояд, то тадбире бањраш пайдо созанд. Аз љайб охирин маблаѓи хешро баровада, ба љавонзан доду гуфт: "Ин пулњоро бигиру роњкиро кун, ман омўзгорам, аз њамкоронам баъд барои худ роњкиро мегирам" - гўён хома ба даст гирифту рўи коѓаз раќами гўшї ва суроѓаи Кумитаро навишту ба дасти ў дод ва ба наќлиёт онњоро савор кард. Аз ин њодиса соле сипарї гардид. Рўзе дар роњ онњо бо њам вохўрданд. Љавонзан хушњолона муаллимаро бо арзи сипос ба оѓўш кашид, ки тифлаконашро дар кўдакистоне љой додаасту худ низ дар он љо ба фаъолият пардохта, ба хонаи шавњар баргаштааст.
Ин зани бузургдилу саховатманд Файзимоњ Алиева аст, ки бо зањмати пешаи пуршарафи омўзгорї нони њалол меёбад. Дар Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 33-и пойтахт аз фанни таърих дарс мегўяд ва тўли беш аз 38 соли фаъолияти омӯзгорї шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Айёми љанги шањрвандї, ки дар дабистони № 50-и ш.Душанбе фаъолият дошт, 10 нафар кўдаки гурезаро ба мактаб љалб карду онњоро бо сарулибоси дабистонї ва лавозими хониш таъмин намуд.
Ӯ чун неруёр пайваста фаъол асту пайи ислоњи камбудињо. Дар вохўриву љамъомадњо аз волидайни хонандагон даъват ба амал меорад, ки садди донишандўзии фарзандон ва махсусан духтарони хеш нагарданд, бигзор ки ба мактаби олї шомил нашаванд, њадди аќал дар омўзишгоњњо касберо аз бар намоянд, то оянда дар рӯзгор мунтазиру дастнигар нашаванд. Ба гунаи мисол, дар љамоати Сарикиштии н. Рўдакї бо раҳнамудии Ф. Алиева 15 нафар волидайн њамсарону духтарони хешро ба тањсил рањнамої карданд. Занон дар шуъбањои ѓоибонаи макотиби олї ва духтарон бањри касбомўзї ба омўзишгоњњо шомил гаштанд.
Ба иќрори ў, зан бояд тањсилдида бошаду аз тарбияи њуќуќї бархўрдор, то фарзандони накуро парварида, бањри њифзи манфиатњои љомеа ва кишвари азизи худ камари ҳиммат барбанданд. Суханони ў сењру љозибае дорад, ки шуури инсонњоро ба фаъолияти пурсамар тањрик медињад. Барои бедор кардани њуввияти миллї ва шинохти аслияти хеш ба хонандагон аз таърих намунањо оварда, аз кору пайкору ҷонфидоии ќањрамонони миллати тољик бо ифтихор сухан мегўяд.
Дар рафти дарсҳо Ф. Алиева аз усулњои фаъоли таълим истифода бурда, хонандагонро ба эљодкорї рањнамої месозад ва аз усули њавасмандгардонї вофир истифода мебарад. Бахшида ба љашнворањои давлатї дарсњои кушоди тарбиявиро раҳ андохта, аз мазмун ва моњияти онњо хонандагонро пурра воќиф месозад.
- Бо падарону модарон зиёд вохўрињо карда, таъкид месозам, ки ба тарбияи фарзандони хеш махсус диќќат дињанд, пойбанди корњои хона нагарданду барои истироњату фароѓати онњо ваќт људо намоянд. Кўдаконро ба тамошои театру осорхона ва барномаҳои ҳунарӣ баранд, то љањонбинишон васеъ ва завќи зебоипарастишон бедор гардад, - иброз дошт Файзимоњ Алиева.
Дар њар дарси хеш ӯ оид ба падидањои номатлуби љомеа, аз ќабили гаравидани љавонон ба њизбу њаракатњои мамнўъ сухан ронда, пайваста таъкид медорад, ки наврасону љавонон набояд фирефтаи ақидаҳои махуфи гурӯҳњои ифротиву тундгаро гарданд, балки бањри баланд бардоштани савияи дониши хеш, ки барои соњибкасбу соњибобрў гардидани шахс басо муњим аст, љањду талош варзанд. Ҳар як баромаду суханронињои пурғановати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сармашқи ҳидоятномаи фаъолияти касбиаш пазируфта, дар дафтарчае ќайдњо менамояд ва рўзи дигар дар мавриди онњо бо хонандагон суњбат меорояд.
Ӯ ба ҳайси омӯзгор на ки як ба вазъи донишомӯзии шогирдонаш худро масъул мешуморад, балки ҳамчу модар ғамшарику дилогоҳи онҳо низ ҳаст. Боре шогирдеро озмуд, ки пайваста маъюсу руњафтода ба дарс њозир мешуд. Ба хонаи онњо ташриф овард ва дид, ки бародарону хоњаронаш маъюбанду бидуни њаракат. Сахт муассир гашту аз модар ваҷҳи вазъро донистан хост. Сабабро дар хешовандии наздик будани онњо дарёфт. Пас, дар мактаб бачагонро хоњиш кард, ки бо он хонанда нарм рафтор намоянд ва риштаи дўстии хешро бо ў ќавї гардонанд. Аз ранљи љисмонї ва азоби руњии маъюбон ќиссањо карда, дар нињоди хонандагон рањму шафќатро бедор ва ба онњо дасти мадад расонданро талќин месозад, зарари издивоҷро дар заминаи хешутаборӣ мефаҳмонад.
Њодисаи дигаре, ки соли 1992, айёми алангањои љанги дохилї бо муаллима рух дода буд, басо хотирмон аст.
«Дар љамоати Сарикиштї ба мактаб мерафтам. Садоњои тир аз дуру наздик ба гӯш мерасид. Марде њамсарашро, ки тифли навзод дар даст дошт, латукўб мекард. Касе ба онњо эътибор намедод, чун њама аз садоњои дањшатбори тир њаросхўрда буданд. Ман ба ин манзара тоб наоварда, сўи онњо шитофтам ва худро дар мобайни онњо андохтаму кўдакро аз дасти зан гирифтам ва ба шавњараш гуфтам, ки ин рафтори нољавонмардона асту занро пой задан камоли бехирадиву номардист. Шасти мард гашту дашномкунон дур шуд. Аз зан сабаб пурсидам, ки гуфт: "Дањ рўз ќабл таваллуд кардаму дар хона ќути лоямуте наёфтам, ки тановул кунам. Барои ба хонаи волидайн рафтан шавњарам њељ розї нашуд. Тоќат накардаму тифлро гирифта кўча баромадам, аз ин амалам ғазаби шавҳарам дар гирифт." Ўро дилбардорї карда, роњкиро додам.
Аз байн солњо гузаштанд ва ин воќеаро ман анќариб фаромўш кардам. Рўзе дар роњ мошини сиёњу гаронбањое наздам истод ва шиша поин шуду марде бо табассум «муаллима» - гӯён маро садо кард. Баъдан, аз мошин берун шуду наздам омад ва гуфт: «Ҳамоне ҳастам, ки бо ҳамсарам дар кӯча маро даргири низоъ дарёфта будед. Духтараки навзодам чанде пеш арӯсӣ намуд. Он рӯзҳои шум гузаштанду акнун ман соҳиби ҳама чиз ҳастам». Дар ҷавоб гуфтам: «Дарк кардӣ, ки беҳтарин неъмати дунё амнияти Ватан аст, ки имрӯз ману ту дар кишвари орому обод ба сар мебарему рӯзӣ меёбем ва фарзандонро ба оғӯши гарм гирифта, фароҳаму беғам сар ба болин мениҳем».
Ситора Ашӯрова