Левакант аз шаҳрҳои саноатиест, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ, иқлими муътадил ва марзҳои шодобу табиати хушманзараву ҳуснорояш аз беҳтарин мавзеъҳои зист ва сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар гузашта ин шаҳри дар камари адирҳои сангинро бо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли бахшҳои гуногуни кишоварзиву саноати пешрафта, сарсабзиву ободониҳо, сатҳи маданияту маърифатнокӣ ва зарфиятҳои дигар нигини водии Вахш меномиданд.
Зан ва ободӣ
Тули сӣ соли ахир шумораи аҳолии шаҳр аз 20,3 ҳазор нафари соли 1992 имрӯз ба 49 ҳазору 636 нафар расидааст, ки аз ин 50 дарсадро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод, 92 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 14 нафар дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият мебарад.
Дар соҳаи таълиму тарбия аз 494 омӯзгорзанон 21 нафар, дар соҳаи тандурустӣ аз 541 нафар 31 зан роҳбар аст. Ҳузури бонувон дар соҳаи кишоварзӣ 2228 нафарро ташкил медиҳад, 12 нафар раиси хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад. Инчунин, нишондиҳандаҳо дар дигар соҳаҳо бозгӯи онанд, ки занону духтарони Левакант ҳамқадами замон буда, дар пешрафти ҷомеаи соҳибистиқлол нақши муҳим мебозанд.
Дар се даврае, ки роҳбарии ин шаҳри саноатиро бонувон бар уҳда доштанд, ба тозагиву ободонии деҳу маҳаллаҳои шаҳр аҳамияти бештаре дода мешуд. Минҷумла, дар ҳамин шабу рӯз, ки раиси шаҳр Заринамоҳ Давлатзода бо мароми ноил шудан ба дастовардҳои солҳои пешин ва ба шаҳри гулҳо табдил додани Левакант таваҷҷуҳи сокинонро ба маъракаи кабудизоркунӣ ҷалб намудааст.
Дар баробари ободониву сабзкории гулгаштҳои кӯчаву хиёбонҳо сокинон дар ороишу навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр, ки масоҳати умумии он 10 гектарро фаро мегирад, саҳми худро гузошта истодаанд. Самти ниҳолшинонӣ ва сабзкории 4,8 гектар замини барои боғистони намунавӣ ҷудогардидаро корхонаву ташкилотҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба уҳда дошта, корҳои тахту ҳамворкунӣ ва шинондани гулу майсаҳои мавсимиро дар дигар қитъаи ин боғ коргарони муассисаи коммуналӣ анҷом медиҳанд. Ҳамзамон, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар як гӯшаи боғи марказии шаҳр бо харҷи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ осорхона бунёд гардида, дар гӯшаи дигари ин мавзеи истироҳатӣ маҷмуаи фароғативу дилхушӣ дар истифодаанд.
Равшанороии кӯчаву хиёбонҳои марказҳои шаҳраку деҳот дар се марҳила оғоз ёфта, то имрӯз бо истифода аз маблағҳои буҷети маҳаллӣ кӯчаи Борбад ва бо дастгирии соҳибкорон чароғонсозии 6 кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳр ба итмом расида, ташаббусҳо дар ин самт дар дигар маҳаллаҳо идома доранд.
Дастовардҳои барзгарон
- Бо мақсади баланд бардоштани даромаднокии буҷети маҳаллӣ ва ба ин васила сармоягузориҳои бештар дар самти ободониву рушди саноат ҷиҳати иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем, - мегӯяд Заринамоҳ Давлатзода. - Ин буд, ки дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосил пахтакорони шаҳри Левакант дар вилояти Хатлон аввалин шуда дурнамои истеҳсолиро барзиёд иҷро намуданд.
Солҳои ахир дар заминаи зиёд гардидани майдони кишти зироатҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат ва рушди бомароми самтҳои чорводориву парандапарварӣ, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, саршумори парандаву чорпо, шумори оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли гӯшту шир ва тухму моҳӣ ба маротиб зиёд шуда истодаанд.
Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки соли равон нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар ҳама бахшҳои кишоварзии шаҳри Левакант афзуда, хоҷагидорон аз майдони 2524,9 гектар замин ба миқдори 3786,3 тонна ғалладона, 1974,4 тонна пахта, 1717,7 тонна картошка, 9954,3 тонна сабзавот, 4325,4 тонна полизиҳо, 76 тонна ангур ва 1002,0 тонна мева истеҳсол кардаанд. Соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар 660 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки 120 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 116 тонна зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 128,6 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 миллион сомонӣ зиёд ва 103,9 фоизи нақшаро ташкил дод. То ҷамъбасти даҳрӯзаи дуюми моҳи октябр дар ҳама бахшҳои кишоварзии шаҳр дар майдони 875,5 гектар кишти такрорӣ гузарондаанд.
Навгониҳои ҷашнӣ
- Тибқи нақшаи омодагиҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Левакант бунёди 90 иншоот пешбинӣ гардида буд, ки баъдан бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати сохтмону азнавсозии тарҳҳои иловагӣ шумораи умумии онҳо ба 96 адад расид, ки маблағи умумиашон ба 61,8 миллион сомонӣ баробар аст, - мегӯяд раиси шаҳри Левакант.
То сафари навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Левакант, сохтмони 87 иншооти ҷашнӣ, бо таъсиси 399 ҷойи кории нав ба анҷом расонда шуд, ки арзиши умумии ин лоиҳаҳо ба 32,4 миллион сомонӣ мерасад. Иншооти истифодашуда ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, саноат, таъмири роҳҳои мошингард, таъмини об ва иҷтимоию маишии шаҳр иртибот доранд.
27 октябри соли равон, зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои МТМУ №15 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин муассисаи таълимӣ иборат аз 18 синфхона дар майдони 1,06 гектар бунёд ёфт, ки дар ду баст зиёда аз 640 хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад.
Дар ҳамин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноатии кимиё»- и шаҳри Левакантро пас аз таъмиру азнавсозӣ ба истифода доданд. Дар литсей осорхонаи замонавӣ созмон ёфтааст, ки дар толорҳои намоишии он намунаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, асару нигораҳо аз таърихи таъсисёбии ин муассиса ва овони таҳсилу фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 1969–1971 дар ин муассисаи касбомӯзӣ таҳсил намудаанд, ба тамошо гузошта шудаанд. Дар корҳои сохтмону азнавсозии Литсейи мазкур ва муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои касбомӯзии он бо ашёву технологияи навин соҳибкорон ва ҷавонмардони вилоят саҳм гузоштаанд.
Рушди саноат
Дар ҳудуди шаҳр 28 корхонаи саноатии коркард, истихроҷ, хизматрасонии обу барқ ва ғайра ба қайд гирифта шудааст.
Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми Стратегияи миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар соли гузашта агрегатҳои 2 ва 6-уми НБО «Сарбанд» ба истифода дода шуданд. Инчунин, аз ҷониби Корпоратсияи «Салтанат» дар заминаи коргоҳи бекорхобидаи ҶДММ «Коттон-текстайл» корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва таъсиси коргоҳҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикан, коргоҳи истеҳсоли шарбати меваю сабзавот ва корхонаи истеҳсоли хишти пухта ба фаъолият шуруъ намудаанд, ки ҷамъ дар ин коргоҳҳо 320 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуд. Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дар майдони умумии 13 гектар ҳавзи моҳипарварӣ бунёд шудааст, ки дар таъмини сокинон ва бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.
Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии шаҳри Левакант бозгӯи онанд, ки сокинони меҳандӯсти он дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободонӣ, бунёду тараққиёти ояндаи шаҳр ҷидду ҷаҳди бештар намуда, онро ба макони сарсабзу саёҳатбоб ва минтақаи аз лиҳози саноатӣ пешрафта табдил хоҳанд дод.
Ҷ. усмон