Моҳи сентябри соли 2019 аҳли Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асириро падидаи нодире ба ҳайрат гузошт. Дилбарбону ба китобхона 665 нусха китоби гаронбаҳое овард, ки падару модар, бародару хоҳар ва худи ӯ солиёни зиёд ҷамъ карда буданд. Кормандони китобхонаро туҳфаи хонавода не, балки тарзи банду баст ва феҳристсозии Дилбар мафтун гардонд.
- Мо барои овардани китобҳои ҳадияшуда сафарбар шудем ва шоҳиди муҳаббати китобхони ҳақиқӣ ба китобу китобдорӣ гаштем. Китобҳо аз рӯйи мазмуну мундариҷа эҳтиёткорона дар бастаҳои алоҳида гирифта шуда, ҳар як баста бо рақам аз якдигар фарқ мекард. Вақте мо китобҳоро аз хона берун меовардем, соҳибхона гоҳе бо ҷиддият, гоҳе бо меҳрубонӣ мефаҳмонд, ки дар кашондани китобҳо эҳтиёткор бошем, наафтонем, рӯйи замин намонем, аз рӯйи рақамҳо кор гирем, - мегуфтанд китобдорон.
- Ин ҳама резакориҳо далели муҳаббат ба китобу китобдорист ва ба китобхонаи вилоятӣ эҳдо кардани китобҳо аз дурандешӣ ва хайрхоҳии инсони фарзона дарак медиҳад, - мегӯяд роҳбари китобхона Баҳром Мирсаидов.
МЕҲРИ ИРСӢ БА КИТОБ
Дилбар дар оилаи Бақохон Музаффаров – муаллими химияю биология ва Назокатхон Аҳмадова – омӯзгори фанни риёзӣ ба дунё омадааст. Дар иҳотаи бародарони донишманду соҳибтахассус Искандархон – хатмкардаи Донишкадаи молшиносии шаҳри Самарқанд, сармутахассиси идораи савдо, Баҳоваддинхон – рассому наққош ва хоҳарбузургаш Гавҳархон – табиби соҳибтаҷриба ба камол расидааст.
Дилбар дастпарвари факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, баъдан ғоибона маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифтааст. Бо тақозои замон аз тариқи худомӯзӣ ва иштирок дар машғулиятҳои касбӣ рӯзноманигори муваффақ дар бахши телевизион ҳам ҳаст. Солҳо дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамчун иқтисоддону ҳуқуқшинос фаъолият бурда, чун бонуи фаъол дар Конфронси байналмилалии «Пешгирии хушунати зидди занон» дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон (1998) ширкат варзидааст.
ИНЪИКОСГАРИ ҲАЁТИ БОНУВОН
Соли 1998 Дилбар филми телевизионии «Найзаи тиллоӣ» – ро оид ба ҳаёту фаъолияти Зебунисо Рустамова офарид, ки заминае барои таҳияи филми мустанаде дар бораи рӯзгор ва комёбиҳои ахтари тобони варзиши тоҷик - камонвар бо номи «Гурдофариди қарни ХХ» гардид. Ин замоне буд, ки Зебунисои қаҳрамон аз назарҳо дур афтода буд. Инчунин, силсилабарномаи муаллифии «Модар», ки бори аввал аз тарафи Дилбар Музаффарова дар телевизионҳои маҳаллӣ пешкаш гардид, мухлисони бисёр пайдо кард.
МАЪРИФАТИ АНДОЗСУПОРӢ
Бону Дилбар Музаффарова бо талошҳои пайвастаю самарабахш Ассотсиатсияи андозсупорандагони вилояти Суғд – «SOGDIANA» - ро таъсис дод, ки дар доираи барномаҳои махсуси он бо ҳамкорӣ ва дастгирии раёсати андози вилояти Суғд силсилафилмҳои муаллифии «Мо ва андоз» («Мы и налоги») барои аҳолии вилоят дар мавзуи андоз буд.
Ин барномаи ҳуқуқӣ - маърифатӣ, иқтисодӣ, ки намоиши он дар телевизиони вилоятӣ ва телевизионҳои хусусии маҳаллии Суғд 14 сол (2001 - 2015) идома ёфт, саҳифаҳои мизи мудаввар, рейди телевизионӣ, конфронси матбуотӣ, шурои машваратии соҳаи андоз дошт. Маҳз дар ҳамин барнома андоз аз дидгоҳи дини ислом бори аввал баррасӣ гашт ва зарурати андозсупории шаҳрвандон таъкид гардид.
РАИСИ КУМИТАИ ХОНАҲО
Модараш Назокатхон Аҳмадова солҳо раиси кумитаи хонаҳои 104 ва 106 - и кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд буд. Баъди вафоти ӯ соли 2006 аҳли ин хонаҳо якдилона Дилбар Музаффароваро ба ин вазифаи ҷамъиятӣ пазируфтанд. Зеро бовар доштанд, ки ин бонуи ташаббускор метавонад дар ҳалли мушкилоташон мададгор бошад.
Азбаски ин ду хона дар маркази шаҳр воқеъ аст, чандин ширкати сохтмонӣ мехостанд, ки дар ҷойи онҳо биноҳои ҳозиразамони баландошёна созанд. Баъди омӯзиши шарту шароити ширкатҳои сохтмонӣ, якеро бо маслиҳати сокинони биноҳои мазкур интихоб намуданд ва ду сол бо намояндагони он маслиҳату машварат ва гуфтушунид карданд. Дар маҷлиси охирин, ки бо иштироки муовини раиси шаҳри Хуҷанд доир шуд, ширкати сохтмонӣ уҳдадор гашт, ки аз биноҳои навсохтааш ба сокинон хонаҳои бо ҳамаи шароити зист таъминро медиҳад, ки ҳаҷмашон аз хонаҳои собиқашон 25 дарсад васеътар бошад. Ҳамин тавр бо дахолати қонунии Дилбар Музаффарова ҳуқуқи мардум риоя гардид.
АНҶОМ
Наздик бист сол боз Дилбарро мешиносам ва ҳамкорӣ кардаем. Зикри баъзе хислатҳои наҷиби ӯро ҷоиз мешуморам:
Дурӯғ намегӯяд ва дурӯғгӯёнро чашми дидан надорад.
Дар ҳама кору муносибат одил аст, дӯстиро пос медорад, бо дӯстон, дугонаҳо, ҳамкорону ҳамсояҳо меҳрубон аст.
Камбудии ҳар касро дар рӯяш мегӯяд, ғайбатгарону иғвогарону чоплусонро намеписандад.
Ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекунад…
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд