19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БӮРЁКӮБОН

 

Buryokoron1Бо тадбиқи амалии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафарони яккаву танҳо, шахсони ниёзманд ва хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардида аз ҷониби соҳибкорону шахсони сахопеша дастгирӣ меёбанд.

Дар ҳамин замина, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати молияи вилояти Хатлон манзили истиқоматии сокини шаҳри Кӯлоб Ҳуронбӣ Латифзода, ки бар асари офати табиӣ зарар дида буд, бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, бо тамоми ашёву анҷоми рӯзгор таъмин гардид. Калиди хона дар вазъияти тантанавӣ, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр, ба Ҳуронбӣ Латифзода супурда шуд.

Иқоматгоҳ аз 4 ҳуҷра иборат буда, дар муҳлати хело кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд бо ҷалби сохтмончиёни варзида: 20 устои бинокор ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардид. Лоиҳаи хона ба стандарти меъмориву шаҳрсозӣ мутобиқ буда, ҷавобгӯ ба талаботи замон мебошад.

Зимни суҳбат масъулон изҳор доштанд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳ намудани ҳаёти осоиштаи сокинони ҷумҳурӣ талошу хизматҳои зиёд мекунанд, мекӯшанд мардум зиндагии хурраму хурсандона дошта бошанд.

Ҳуронбӣ Латифзода миннатдории бепоёни хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббускорони ин кори хайру савоб расонда, афзуд, ки бонувони тоҷик ҳамеша ғамхории падарона ва ёрии беғаразонаи Пешвои миллатро эҳсос карда, аз бахти баланди хеш дар оғӯши Ватани соҳибистиқлол ифтихор менамоянд.

Buryokoron2Номбурда зимни суҳбат изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бехдошти рӯзгор ва хонадории сокинон пайваста эътибори хосса зоҳир менамоянд. Ҳуқуқҳои мардону занон дар оила баробар аст. Инро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои марбут ба он кафолат медиҳанд.

Ин бону, ҳамчунин, афзуд, ки нақши боризи занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, фарҳанг ва варзиш дар Тоҷикистон назаррас мебошад. Дар ҳифзу музаффариятҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бонувон на камтар аз мардон аст.

Акнун аз ин пас Ҳуронбӣ Латифзода, ҳамроҳи чаҳор фарзанд ва оилаи хеш дар хонаи зебову барҳаво зиндагӣ мекунад. Рӯзгори ин бонуи ҳунарманд бо чиҳози зарурӣ ва ашёи рӯзгор пурра таъмин буда, баҳри ривоҷи ҳунараш шароити мусоид фароҳам мебошад.

Далер ШАРИФОВ,
котиби матбуотии Сарраёсати
молияи вилояти Хатлон

:.  Иҷтимоъ 22.10.2021 03:44 721

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz