19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САБР ПЕШАИ СОҲИБДИЛОН АСТ

 

Sabr-peshai-sohibdilon-ast           Ман он ваќт сари тољвар доштам,

           Ки сар дар паноњи падар доштам.

Қалби саршор аз орзуву ҳавасҳои ҷавонӣ ва розу ниёзҳояш аз ишқи Ватан, меҳру муҳаббати беназир нисбат ба аҳли олам, гулу наботот ва ҳама ҳастии ҷаҳон об мехӯрад. Бо ҳама дардмандиву бемориҳои тулонӣ, мусибату фоҷиаҳои мудҳиш, шикасту ошуфтаҳолиҳои паси сар намудаашро имтиҳони зиндагӣ ва сарнавишти ғамангези умри ҷавонашро лутфи Худо меҳисобад. Агар бо амри тақдир аз таҳсил дар канор монда бошад ҳам, аз маърифати ин нукта ба хубӣ огаҳӣ дорад, ки ҷойи фараҳу нишот, хушҳоливу тансиҳатиро гирифтани дарду андуҳ ва ранҷу мусибатҳо сарнавишти хоси назаркардаҳои илоҳист.

Хосият лаҳзаҳои нотакрори ба қади дару девор рост шуда, уфтоданҳо, дубора барпо ҷастану роҳгардиҳои аввалину охирини овони тифлиро, ки аз модари меҳрубонаш шунида буд, худ дар хотир надорад. То фаҳму таҳаммул ва сабру бардошти мусибати ба сараш омада, ҳар як суолу пурсишҳои кӯдаконаи ӯ монои теғи алмос дилҳои маҳзуни волидонашро реш - реш месохт. Гарчанде падару модар намегузоштанд, ки духтари нозанин лаҳзае эҳсоси яъсу навмедӣ дошта бошад, худ то вопасин лаҳзаи ҳаёт аз барои сарнавишти талхи фарзанд ниҳонӣ мегиристанду месӯхтанд.

- Аз рӯи нақли модарам, дар синни яксолагӣ баъди эмгузаронии духтурон ба чунин ҳол афтодаам,- буғзи гиря дар гулу қисса оғоз мекунад Хосият. – То он вақт хеле чусту чолок будаам, маро лаҳзае беназорат намемондаанд. Аз бозе худро мешиносам, ранҷи беҳоливу бемадорӣ мекашам, баъзан, на тоқати нишастан дорам ва на дар бистари хоб орамидан. То замони дар қайди ҳаёт будани падарам, бемориву маъюбии худро ҳис намекардам. Зеро ӯ маро ба саёҳату тамошои шаҳрҳои гуногун бурда, ба хотири он ки танҳоиро эҳсос нанамоям, аз дигар ноҳияҳо духтарони мисли ман имконияташон маҳдудро ба меҳмонӣ меоварданд. Баъди реҳлати падар, эҳсос кардам, ки қиблагоҳи бузургворам ҳама ҳастии худро барои ман бахшида, ҳатто барои яклаҳзаина хушҳолии ман чӣ корҳоеро анҷом медоданд. Ба қавле;

Ман он вақт сари тоҷвар доштам,

Ки сар дар паноҳи падар доштам.

Бо ҳама дарду азиятҳои ҷисмонӣ дар ин синни ҷавонӣ мусибатҳои бузурги хонаводагиро паси сар намудааст. Дар овони 12-солагӣ бародари меҳрубонаш Муҳаммадҷон, ки дар лаҳзаҳои танҳоиву эҳсоси навмедӣ ҳамдаму марҳами розу ниёзаш буд, бар асари як ҳодисаи нобаҳангом ба шаҳодат расид. Бародаре, ки бо реҳлаташ наварӯси 18- рӯзаи ӯ сиёҳбахту хоҳари ниёзмандаш аз суҳбатҳои дилнишину лутфу меҳрубониҳои беандоза бенасиб гардид. Бародаре, ки ваъда дода буд, соҳиби касбу кор шуда, хоҳари барҷомондаашро барои табобат ба дилхоҳ гӯшаи ҷаҳон хоҳад бурд, вале худ дунёро падруд гуфт.

- Худоё, чаро ҳар чиро дӯст дорам, аз даст медиҳам? - гӯён нолаҳои ҷонгудози Хосият ба фалак печид. Дар он шабу рӯзҳо аз як сӯ, марги писари навдомод ва аз сӯи дигар, аз дилшикастагиву маъюсии духтари маъюбашон падару модари Хосият чӣ ҳолу аҳвол доштанд, худ донистанду Худо.

Бо ҳама дардмандиҳои тулониву даргузашти зодмандонаш, Хосият бо шукру иродатмандӣ аз қазову қадар, мекӯшид таваҷҷуҳи азизони худро бо сабру шикебоӣ ва бардошти озмоишҳои ҳаётӣ ба идомаи зиндагии дигаргуна роҳӣ намояд. Дардро меҳмони тан донист, баҳри ғаму ғуссаҳоро аз дил зудудан, саргарми шуғлҳои гуногуни хонагӣ шуда, аз мушоҳидаҳои барномаҳои телевизионӣ маҳсулоти қаннодӣ омода мекард. Бо гузашти андак муддат дар пухтупази ғизову омодасозии хӯришҳои лазиз маҳорати фавқулода пайдо кард, ки минбаъд, духтарони қадрас бо нияти омӯхтани назокатҳои ҳунари кадбонугӣ ба суроғаш меомаданд.

-Ба хотири ҳаёти хуш сукут варзида ва ё муъҷи­заеро интизор шудан, худфиребист,- мулоҳиза меронад Хосият Назарова. - Биноан, вақтро неъмати беназиру бебозгашт ва азму амалро меҳвари пешбари инсоният ба сӯи дастоварду комёбиҳо гуфта, пайи азбар намудани ҳунару шуғлҳои фоидаовар ҷидду ҷаҳд дорам. Бештари вақти ман ба суратнигорӣ, танзими суруду мусиқӣ дар аксу наворҳои хонаводагӣ ва ороишу ҳуснофарӣ дар чеҳраи духтарон сипарӣ мешавад. Соатҳои фориғ аз машғулиятҳои писандида андармони тамошои филмҳо ва хондани шеърҳои шоирони классику муосир мешавам, ки дар эҳсоси боварию хушбиниҳоям дар зиндагӣ нақши ниҳоят муассир доранд.

Ҷ. усмон,
шаҳри Кулоб

:.  Иҷтимоъ 21.10.2021 11:29 770

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz