ОН ГАҲЕ ГАНҶУР МУШК ОМОР КАРД,
ТО МАР-ӮРО З-ОН НИҲОН БЕДОР КАРД.
Шарҳи директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар бораи раванди ислоҳоти соҳа
Дар пайи таҳаввулоте, ки 30 сол қабл дар натиҷаи гузариш аз иқтисоди марказонидашудаву нақшавӣ ба иқтисоди бозаргонӣ системаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ислоҳот - бозсозии куллии системаи оморӣ рӯ ба рӯ шуд.
Дар таҳияи усулҳои роиҷ дар кишварҳои иқтисоди бозоридошта зарурати сохтани системаи миллии оморие ба миён омад, ки омори воқеии инъикоскунандаи ҳолати иқтисодии кишварро ҷамъоварӣ ва коркард намояд. Ин масъала аз тамоми ниҳодҳои оморӣ дар ҳамаи сатҳҳо азнавсозии куллии ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва пешниҳоди онҳо ба истифодабарандагонро тақозо мекард.
Давоми солоҳои 1995–2008 гурӯҳи кории ҷумҳуриявии байниидоравӣ ва баъдан Шурои методологӣ, ки соли 2002 таъсис ёфт, тарзу усулҳои мукаммалсозии ҳисоботдиҳии омориро бо назардошти пешниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Хадамоти омори Аврупо мавриди омӯзиш қарор дода, бо назардошти стандарти байналмилалӣ ва талаботи иқтисоди бозорӣ як қатор тағйироту иловаҳо ворид намуданд.
Соли 2010 аввалин бор Шурои байниидоравии оморӣ дар назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2010, таҳти № 883 тасдиқ шуд. Шурои байниидоравии омор мақоми машваратӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ташкили мушоҳидаҳои давлатии оморӣ дар асоси методологияи илман асосноки оморӣ мебошад. Ба ҳайати Шуро 15 намояндаи вазорату идораҳо, доираҳои илмӣ ва ташкилотҳои мустақил шомил аст ва 7 узви он аз Агентии омор мебошад.
Мақомоти омори расмӣ дар асоси Қонун «Дар бораи омори давлатӣ», ки 12 январи соли 2010 қабул шудаааст, амал менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ, барҳамхӯрии колхозу совхозҳо ва дар заминаи онҳо ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятҳои иҷоракор ба миён омад. Шаклҳои нави моликият, ба монанди соҳибкорони инфиродӣ ва тиҷорати хурд ба вуҷуд омаданд, ки фаро гирифтани онҳо дар доираи ҳисоботи умумӣ ғайриимкон буд. Ҳамин тавр мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ гузариш аз ҳисоботи умумӣ ба таҳқиқоти интихобии соҳавӣ ба миён омад.
Шуруъ аз соли 1993 таҳқиқоти интихобии омории корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, майдони кишти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ; дар соҳаи савдо – таҳқиқоти интихобии бозорҳои ашё, сабзавот ва молҳои омехта, бозорҳои чорво ва фурӯши автомобил, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, мағозаҳо, дорухонаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, ки дар асоси патент фаъолият мебаранд; дар соҳаи нақлиёт – таҳқиқоти интихобии ҳамлу нақл ва мусофиркашонӣ аз тарафи шахсони воқеӣ, таҳқиқи соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент ва иҷозатнома дар бахши хизматрасонӣ кор мекунанд, ба роҳ монда шуд.
Таҳқиқоти яквақтаина: иқтисоди мушоҳиданашаванда, сатҳи зиндагии аҳолӣ, қувваи корӣ, ҳолати занону кӯдакон дар ҷумҳурӣ, фавти модару кӯдак, хоҷагии хонавода, интиқоли маблағ ва камбизоатӣ, таҳқиқи истифодабарандагони об, захираҳои энергетикӣ, камбизоатии кӯдакон, таҳқиқоти тиббӣ – демографӣ ва ғайра.
ДАСТОВАРДҲО
Сомонаи нави Агентӣ бо назардошти эродҳо ва пешниҳодоти истифодабарандагон баъди гузарондани назарсанҷӣ ва мутобиқ ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №344 аз 10.07.2018 таҳия гардид.
Насб ва сохта шудани таҷҳизоти нав ва шабакаи ягонаи интиқоли маълумот, сохта шуд (ИНТЕРНЕТ).
Шабакаи ягонаи (шабакаи дохилӣ) интиқоли маълумот байни Агентии омор ва ниҳодҳои зертобеи вилоятии он (ВМКБ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе) таъсис ёфт.
Муосиргардонии таҳқиқи буҷети хонаводаҳо (ТБХ) сурат гирифт, усули нави назарсанҷӣ ба воситаи планшет роҳандозӣ шуд.
Гузариш ба ҳисоботи электронӣ ва дар ҷамоатҳо ба китоби электронии хоҷагидорӣ.
Се маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва бори аввал барӯйхатгирии кишоварзӣ доир шуд.
Методологияи таҳияи ҳисоботи оморӣ мутобиқи стандарти байналмилалӣ дар ҳама бахшҳои иқтисодӣ ва омори иҷтимоӣ мукаммал гардид.
Гузаштан ба омори семоҳаи миллӣ тибқи СҲМ2008.
Тартиб додани тавозуни маводи сӯхт ва энергетикии кишвар ва аввалин бор дар се даҳсолаи охир гузарондани таҳқиқоти куллӣ барои ба даст овардани маълумот дар бораи мавҷуд будани захираҳои сӯзишворӣ- энергетикӣ.
Шуруъ аз соли 2013 дар заминаи тақҳиқи буҷети хонаводаҳо ҳамасола баҳодиҳии камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ доир мешавад ва он ба Ҳукумати кишвар ва дигар ниҳодҳо пешниҳод мегардад.
Тоҷикистон миёни кишварҳои узви ИДМ нахустин ва яке аз аввалин кишварҳо дар ҷаҳон шуд, ки дар он таҳқиқоти пуррамиқёси қувваи корӣ ва меҳнатро дар асоси охирин тавсияҳои байналмилалии Созмони ҷаҳонии меҳнат (СҶМ) гузаронда шуд.
Инфрасохтори оморӣ ва дигар инфрасохтори дахлдор ба ин соҳа, аз ҷумла коркарди ИТ беҳтар гардид.
Азнавкунии варақаи регистри оморӣ бо истифода аз усули электронӣ; мукаммалгардонии системаи табақабандӣ дар ҶТ.
Ҳамкориҳои шарикӣ миёни истифодабарандагон ва истеҳсолкунандагони маълумот барқарор гардид.
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар сайёра ба таври фаъол дар омоданамоии ҳисоботи ихтиёрӣ ҷиҳати татбиқи ҲРУ ширкат меварзад ва, ҳамчунин, узви гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба пайгирии ҲРУ мебошад.
УСУЛҲОИ НАВ
Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи омори мамлакат ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ба таври дастӣ сурат мегирифт. Сифати пасти алоқаи телефонӣ ва почтаи муқаррарӣ боис мегардид, ки аз мақомоти маҳаллии оморӣ маълумотҳо бо таъхир дастрас шаванд. Дар он давра масъалаи компютеркунонӣ ва бо дастгоҳҳои нусхабардорӣ таъмин намудани мақомоти омор дар кишвар бағоят муҳим буд. Зеро дар бисёр манотиқи кишвар то соли 2002 асосан аз таҷҳизоти куҳнаи аз замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ истифода мебурданд.
Алҳол мақомоти омори Тоҷикистон бо компютерҳои муосир, технологияҳои нави иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардида, ба шабакаи интернет пайваст мебошанд ва соҳиби почтаҳои электронӣ ҳастанд, ки ин боис шуд, то қабул, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти оморӣ саривақтӣ сурат гирад.
Шабакаи дохилӣ ҷиҳати алоқа бо мақомоти маҳаллии омор насб гардид, то аз варақаҳои коғазӣ ба пурсишномаҳои электронӣ ва автоматикунонии коркарди маълумот гузашта шавад. Айни замон 47 шакли ҳисоботи оморӣ бо усули электронӣ ба роҳ монда шуда, дар самти пешниҳоди ҳисоботи электронии дигар соҳаҳо низ иҷрои корҳо идома дорад. Қаблан барои таъмини корхонаву ташкилот ва муассисаҳои кишвар бо варақаҳои шаклҳои ҳисоботи оморӣ, ки 169 номгӯй ҳастанд, лозим меомад, ки беш аз 1,5 миллион варақа чоп намоянд. Ҳамчунин, гузаштан ба ҳисоботи электронӣ сарбории ҳисоботсупорандагонро низ кам менамояд.
Яке аз корҳои муҳим дар ин самт ба низоми электронӣ гузарондани китобҳои баҳисобгирии хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳот ва электронӣ шудани китобҳои баҳисобгирии хоҷагиҳои хонаводаҳо буд, ки имкон фароҳам овард на танҳо сифати маълумоти оморӣ беҳтар гардад, балки дар ин баробар муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳоро тезонд.
Барои бархе аз таҳқиқот имрӯзҳо баҳри ҷамъоварии маълумот аз планшетҳо истифода бурда мешавад. Дар планшетҳо таъминоти барномавии пур кардани пусишномаҳо насб гардида, ин усул имкон дод, ки автоматикунонии коркарди маълумот роҳандозӣ шавад. То ин замон ҳамаи пурсишномаҳо ба шакли коғазӣ буданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳисоботи миллӣ ва маълумоти муфассал аз рӯи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар замони буҳронӣ– паҳншавии пандемияи COVID-19 аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ҷамъоварӣ ва пешниҳоди саривақтии маълумоти эътимоднок оид ба тағйирот дар нишондиҳандаҳои солимии ҷомеа, вазъи иҷтимоӣ ва некуаҳволии иқтисодӣ дар амри таҳияи чораҳои муассир дар ин самт нақши муҳим бозид.
БАРӮЙХАТГИРӢ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 захираи бузурги маълумот ба даст омад, ки имкон доданд, малакаи инсонӣ баҳогузорӣ ва пешбинии самараноки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демографии ҷомеа ва давлат сурат бигирад.
Ҳамин тавр, омили муҳимтарини таъсиргузор ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ, аз қабили «Саломатӣ», «Таҳсилот», «Манзил» ва сиёсати демографии кишвар натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 буд. Соли 2010 дар баробари барӯйхатгирии аҳолӣ аввалин бор дар ҷумҳурӣ барӯйхатгирии фонди манзил гузаронда шуд. Ин таҷриба дар барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 низ идома ёфт.
Яке аз навовариҳое, ки дар рафти гузарондани барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ дар соил 2020 ҷорӣ гардид, ин истифода аз планшетҳо, интернет-пурсиш ва НИҶ – харитаҳо дар як қатор шаҳрҳои калон ҳамчун ҷойгузини варақаҳои коғазӣ ва ҷалби ҳисобкунандагон буд.
Маълумоти дар барӯйхатгирӣ ҷамъоваришуда ҳангоми таҳияи консепсияи ислоҳоти нафақа, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, муосиргардонӣ ва бозсозии соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва дар омодасозии барномаҳои давлатӣ дар робита ба рушди саноат, тақсими неруи барқ ва таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ ба назар гирифта мешаванд. Аз рӯи чунин нишондиҳандаҳо дар маҷмуъ, сиёсати давлатӣ ба мақсади боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия мегардад.
ТАВСЕАИ ФАЪОЛИЯТ
Барои рушди омор дар оянда «Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №585 қабул гардидааст, ки бо Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 мутобиқат менамояд ва, ҳамчунин, барои иҷрои он мусоидат мекунад.
Дар асоси «Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» Лоиҳаи навсозии системаи омори миллӣ таҳия шудааст, онро Ҳукумати кишвар тасдиқ ва Парлумони Тоҷикистон қабул намудааст.
Лоиҳа ба боло бурдани сифат ва эътимоднокии маълумоти оморӣ ва ҳисобот дар кишвар ҷиҳати беҳтарсозии натиҷаҳои роҳандозии иқдомҳои сиёсӣ ва рушд мусоидат менамояд.
Маблағҳои дар чорчӯби лоиҳа пешниҳодгардида, ба навсозии инфрасохтор ва системаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Агентии омор ва шуъбаҳои минтақавии он барои беҳтарсозии ҷамъоварӣ, коркард ва паҳни маълумот равона карда мешаванд.
Навсозии технологияҳои иттилоотӣ мутобиқ ба принсипҳои маълумотҳои кушода, ҳамчун дақиқӣ, шаффофият, саривақтӣ ва дастрасии бештар ба маълумот ва истифодаи онҳо роҳандозӣ мегардад. Дар натиҷаи беҳтарсозии равандҳои тиҷоратӣ ва сохтори идоравӣ имкониятҳо ва вазифаҳои Агентӣ низ фарохтар мегарданд.
Дар чорчӯби лоиҳа, ҳамчунин, ташаббусҳо оид ба баланд бардоштани сифати истеҳсолоти оморӣ, бахусус мукаммалсозии тартиб додани ҳисоботи миллӣ мутобиқ ба стандартҳои охирини байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
НАҚШАҲО
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи омори давлатӣ» дар асоси машваратҳои КИА СММ, беҳтарсозии сохтори идоравӣ ва потенсиали кадрӣ ҷиҳати идораи самараноки истеҳсолоти оморӣ ва паҳнкуниву таҳлили маълумотҳо.
Васеъ гардондани системаи ҳисоботи миллӣ ва дигар амалиётҳои оморӣ дар асоси СМО - 2008 бо назардошти навовариҳо дар соҳаи ҳисоботи омории байналмилалӣ.
Ҷорӣ намудани китобҳои электронии баҳисобгирии хоҷагиҳои хонаводаҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва дар асоси онҳо таҳия намудани регистри электронӣ.
Баланд бардоштани сатҳи назорати сифат дар асоси ҷорӣ намудани системаи менеҷментӣ, мукаммалсозии барномарезии истеҳсолоти оморӣ.
Сохтани системаи самараноки метамаълумоти оморӣ.
Кам кардани сарбории ҳисоботии ҳисоботсупорандагон бо роҳи ҷорӣ намудани шакли электронии пешниҳоди ҳисоботи давлатии оморӣ. аҳамиятнок ва беҳтарнамоии мушоҳидаҳои оморӣ.
Мукаммалсозиии самтҳои суннатӣ ва тавсеа додани самтҳои нави омори давлатӣ, аҳамиятнок кардани сохтори нишондиҳандаҳои оморӣ, ки барои таҳлили маҷмуии ҷанбаҳои муҳими рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба маълумоти омории расмӣ (маълумоти кушода).
Мукаммалсозии равандҳои истеҳсолоти оморӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ.
Баланд бардоштани сатҳи эътимоди истифодабарандагон ба омори давлатӣ.
«Бонувони Тоҷикистон»