Дар чорроҳаи гардиши фурудгоҳи пойтахт, ки чор бинои сарбаафлоки хуштарҳу муосир қомат афрохтааст, андаке фаротар аз он дар кӯчаи Аҳмади Дониш макони афсонавие дар мавзеи барҳаво арзи ҳастӣ дорад, ки беихтиёр диққати раҳгузаронро ба худ мекашад.
Гӯиё меъмори мулоҳизакоре аз олами муъҷизаҳо ва тахайюли рангини кӯдакон огаҳ буд, ки ба ин тарҳу сурат маконе ширинтар аз фасонаҳоро ба завқи зебоипарасти кӯдакон бунёд ниҳод.
Ин мавзеи дилрабо Муассисаи таҳсилоти томактабии «Хуршеди Тоҷикистон» аст, ки соле қабл, моҳи сентябр бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт. Намои берунӣ ва дохили кӯдакистон бо риояи талаботи шаҳрсозии муосир тавре бунёд, муҷаҳҳаз ва ороиш ёфтааст, ки ба як нигоҳ дили хурду бузургро тасхир ва ба дунёи афсона ғӯтавар месозад. Бинои чорошёна дар масоҳати беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гашта, боми он кунгурадору зебост. Саҳни кӯдакистонро фаввораҳои дилкаши замонавӣ, майдончаҳо барои бозии футбол ва фароғати кӯдакон, ҳавзи васею нилгуни шиноварӣ, соябонҳо ба шакли замбурӯғҳои бузург печидаанд. Ба чашми бинанда завқовартар роҳи хурди мошингард бо мошинҳо, сечароғ ва аломатҳои роҳ аст. Ин ҷо аз хурдӣ кӯдакон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои пиёдагардону ронандагонро меомӯзанд. Ҳавлии бино мумфаршу роҳравҳо ҳама сафолакпӯшанд. Ҳазорҳо адад гулҳои ороишӣ, фурӯзонакҳо ва дигар абзори рӯшноибахш ин гӯшаи шаҳрро шомгоҳон диданбобу сеҳрангез мегардонанд.
Бо ворид гардидан ба дохили бино зебоии он бештару хотиротро тоза ва касро мутаассир месозад. Ҳар гурӯҳи бачаҳо дорои синфхонаи алоҳида, ҳуҷра барои бозӣ, хонаи хоб, ҳуҷраҳои тақсими ғизо, тозанигорӣ ва либосивазкунӣ буда, сачоқу либоси хоби кӯдакон аз ҷониби кӯдакистон таъмин ва шустушӯву дарзмоли онҳо зуд - зуд сурат мегиранд. Дар фасли сармо тарбиятгирандагон метавонанд дар ҳавзи дохили бино шиноварӣ омӯзанд.
Дар масоҳати 415 метри мураббаъ маркази дилхушии кӯдакон бо пулҳои лағжонак, арғунчак, хоначаҳои афсонавӣ ва дигар таҷҳизоти муосири тафреҳӣ ҷойгир аст, ки дар як вақт то 100 кӯдак метавонад аз бозӣ баҳраманд гардад. Толори бузурги дигар бо 224 ҷойи нишаст барои доир намудани чорабиниву намоишномаҳост. Ҳамчунин, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, маркази тиббӣ, ҷомашӯйхона, ҳуҷраи мураббиён, дарзмолкунӣ, анборҳо, ҳуҷраҳои машваратӣ, техникӣ ва ғайра бо муосиртарин абзору таҷҳизот сохта шудаанд. Барои таъмини бехатарии кӯдакон дар саҳни муассиса ва дохили он 300 адад таҷҳизоти нави огоҳкунанда аз ҳодисаҳои эҳтимолӣ ва 210 дурбинҳои мушоҳидавӣ насб гардидаанд.
Ошхонаи он ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ буда, дастрасӣ ба маҳсулоти ғизоии хушсифат, нигаҳдорӣ ва коркард мутобиқ ба талаботанд. Ҳуҷраҳои алоҳида барои нонпазӣ, қаннодӣ, коркарди маҳсулоти гӯштӣ, яхдонҳо барои нигаҳдории маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, меваю сабзавот ва ғайра мавҷуданд. Дар гӯшаи таббохӣ вобаста ба синну соли кӯдакон аз маҳсулоти тозаи ватанӣ таомҳои серғизо ва витаминдор таҳия месозанд, ки дар зарфҳои махсуси замонавӣ буғпаз мегарданд. Таомнома бо дархосту пешниҳоди волидон ҳар ҳафта иваз гашта, ба кӯдаконе, ки ба ин ё он анвои ғизоӣ ҳассосият доранд, бо тавсияи духтури кӯдакистон хӯрокҳои мувофиқ омода месозанд.
Кӯдакистон барои 400 кӯдак иқтидор дошта, алҳол 300 нафар кӯдаки аз синни 2 то 7 - сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Аз шумори умумии кормандон 56 нафар бонувонанд, ки 32 нафари онҳо омӯзгор мебошанд. Ғайр аз машғулиятҳои худомӯзӣ, саводгирӣ, хондани адабиёти бадеӣ, инкишоф додани нутқ ва ҳалли масъалаҳои математикӣ, ки дар ҳар гурӯҳ мураббӣ доир менамояд, кӯдакон ба намудҳои дигари таълим, амсоли шоҳмотбозӣ, таэквондо, арғуштравӣ, сурудхонӣ, гимнастика, акробатика, маҳорати актёрӣ, омӯзиши компютер, шиноварӣ, санъати тасвирӣ ва дигар машғулиятҳо мувофиқ ба синну сол фаро гирифта мешаванд. Ҳуҷраҳои алоҳида барои ин машғулиятҳо бо тамоми шароит муҳайёанд. Шиноварӣ дар давоми сол идома ёфта, ба кӯдакон аз 2-солагӣ омӯзонда мешавад. Ба ин машғулиятҳо мутахассисону устодони варзиш ҷалб гаштаанд. Ҳамчунин, ду логопед бо кӯдакони нутқи нобурро ва лакнатдошта дарс мегузарад. Яъне, тамоми машғулиятҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии кӯдак нигаронда шудаанд, дар ин таълимгоҳ ба чашм мерасанд.
- Имрӯзҳо дар кишвар беш аз 50 - 60 муассисаи томактабии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ вуҷуд дорад. Муассисаҳои мазкур, ба мисли марказҳои инкишофи кӯдак, кӯдакистонҳои буҷетӣ ва хусусӣ фаъолият менамоянд ва падару модар мутобиқи буҷети хонаводаи худ ин ё он таълимгоҳро мепазиранд. Яъне, роҳи интихоб густурдатар гаштааст. Арзиши кӯдакистонҳои хусусӣ гаронтар аст, зеро онҳо худмаблағгузоранд, аммо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистонҳои буҷетӣ аз хусусӣ қариб фарқе надорад, - мегӯяд мудири муассиса Нисо Кокова.
Ин бонуи кордон, ки дар самти таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ таҷрибаи 35-сола дорад, корро аз ёвари мураббӣ шуруъ карда, баъдан ба ҳайси мураббӣ, мушовир ва мудири кӯдакистон заҳмат кашидааст. Тӯли 10 сол дар раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамчун мутахассиси муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст.
- Дар муассиса таваҷҷуҳ ба забономӯзии кӯдакон зиёд аст, бахусус ба забонҳои русиву англисӣ. Боиси ифтихор аст, ки муассисаи мо дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ беназир аст, - иброз медорад ӯ.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар раванди амалишавии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат бунёди иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз авлавиятҳои хос бархӯрдор аст. Таҳияи Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ, Стандарти давлатии рушди барвақтии кӯдак, Қонун «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Барномаи давлатии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025, Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ ва даҳҳо дастуру китобҳои таълимӣ далели ин гуфтаҳоянд.
- Соли 2007 дар конфронси байналмилалӣ оид ба рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат доштам. Рӯйи даст ду барномаи давлатӣ дар самти муассисаҳои томактабӣ доштам, ки аввалӣ аз соли 1995 буд. Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рушд ва дастовардҳои соҳа дар кишварҳои хеш суханронӣ намуданд, ки сахт мутаассир гаштам. Аммо имрӯз зиёд мехоҳам, ки дар чунин чорабиние ширкат варзида, бо ифтихор аз дастовард ва пешгомиҳои Тоҷикистон дар ин самт ҳарф занам, - меафзояд бо ифтихор Н. Кокова.
Амалигардии тадбирҳо дар соҳаи маорифи мамлакат ба шаҳрвандон имкон фароҳам меорад, ки аз шароитҳои муосири таълиму тарбияи фарзандон бархӯрдор гашта, насли хушбахти замони соҳибистиқлолиро дар фазои амну осоишта ба воя расонанд, то мисли «Хуршеди Тоҷикистон» кӯдакон рахшандаву гармибахш бошанд.
Ситора АШӮРОВА