Аз бозе, ки ӯро медонам, мудом серташвиш ва ё дар тараддуди омодагӣ ба чорабиние осемасару андармон, ҳатто барои ҳолпурсӣ вақт намеёбад.
Бар замми эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, бонуест бо хушбиниву хушрафторӣ ва хоксориву хулқи якрӯӣ доштанаш ва муносибат бо зертобеон ниҳоят серталаб аст. Феълан, то лаҳзае вазифаву ҳадафҳои назди худ гузоштаро ба сомон нарасонад, оромиро қабул надорад. Ба итминони ҳампешагонаш дар маросиме, ки Қумринисо дастбакор бошад, ҳамагон ба роҳатанд, ки дар рафти ташкилу баргузории он чорабинӣ, мушкиле пеш намеояд.
Қумринисо Сангализода, аз чеҳраҳои барҷастаи вилояти Хатлон аст, ки тайи даҳсолаи охир бидуни иштироки фаъоли ӯ чорабинии фарҳангие дар сатҳи вилоят тасаввурнопазир аст. Тӯли фаъолияташ ба ҳайси муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар доираҳои сиёсиву фарҳангӣ ва миёни мардум ҳамчун бонуи кордону созмондиҳандаи маросиму ҳамоишҳои илмӣ -фарҳангӣ, чорасози мушкилу масъалаҳои оилавӣ ва роҳкушои занону духтарони дармонда муаррифӣ шудааст. Аз ходими давлатӣ Махфират Хидирзода илму таҷрибаи сиёсӣ, малакаи робита бо ҷомеа, фарҳанги муошират ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ омӯхтаву ӯро идеали худ медонад.
Дар хонаводаи хизматчӣ ба дунё омадаву дар муҳити деҳа ба воя расид, ки мардумонаш бо заҳмату обилаи кафи даст рӯзгор пеш мебурданд. Модари Қумринисо аз пешаварони муътабари деҳкада ба ҳисоб рафта, дар кори саҳрову масоили рӯзғордорӣ намунаи ибрати ҳамагон буд.
– Аз овони наврасӣ рӯзеро дар хотир надорам, ки берун аз реҷаи муайянкардаи модарам саргарми шуғлҳои беҳудаву тамошои ҳар гуна барномаву филмҳо вақтро зоеъ карда бошам,- айёми наврасиро ёд меорад Қумринисо. – Бо мурури солҳо пай бурдам, ки мақсад аз сахтгириҳои бомдодии модар дар мавриди тозагиву озодапӯшӣ, рӯбучини хонаву роҳу роҳравҳои назди дарвоза ва дигар вазифаҳои хонагӣ, танҳо ба хотири дар руҳияи меҳнатдӯстиву озодагӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ тарбият намудани фарзандон будааст, - ёд меорад бонуи номвар.
Дуруст аст, ки орзуҳо ва азму иродаи мустаҳкам дар раҳи мубориза барои расидан ба ҳадафҳо меҳвари аслии инсон дар зиндагист. Аммо ҷавҳари дастоварду зарфиятҳои ӯ дар сиёсат ва ҳамкориву робитаҳои муваффақонааш бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, маҳз аз таълиму тарбияи оқилонаи модари солеҳа сарчашма мегирад.
Аз миёни шаш хоҳар танҳо ба ӯ муяссар гардид, ки дар пайроҳаи илму ҳунаромӯзӣ ва худшиносиву худсозиҳо имтиҳони пуршебу фарозеро паси сар карда, ҷойгоҳи худро дар зиндагӣ ёбад. Баъди хатми мактаби миёна бо дуову раҳкушоии зодмандон таҳсилро дар имрӯза Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ба номи Бурӣ Воҳидов идома дод. Баъди издивоҷ аз соли 1986 ба ҳайси ҳамшираи шафқати шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ба фаъолият пардохт. Соли 1998 ба тарзи гузариш ба беморхонаи навбунёди маркази вилояти Хатлон ба кор гузашт ва бо мурури фароҳам гаштани шароиту имкониятҳои воқеӣ баҳри фаъолнокии бонувон дар ҳаёти ҷамъиятиву идораи давлатӣ тасмим гирифт, ки донишу малакаи роҳбарӣ ва тавону зарфиятҳои худро дар ҷодаи сиёсат ва фаъолиятҳои гуногуни ҷамъиятӣ санҷида бошад.
Дар ҳамон шабу рӯз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид, ки ба бонувони омодаи ворид шудан ба фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ неруи тоза бахшид. Қумринисо дар баробари фаъолиятҳои ҷамъиятӣ таҳсилоти олиро дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома дода, соли 2003 соҳиби маълумоти олӣ гашт.
Дар миён чанд сол ба тарбияи фарзандон машғул шуд. Пас аз он, ба шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба кор омад. Дар чаҳор соли фаъолият ба ҳайси мутахассиси пешбар, баробари хатми як донишгоҳ, донишу таҷрибаи сиёсӣ андӯхт. Зеро бартарии як мансабдору хизматчии давлатӣ, ин огоҳии комил аз вазъи иҷтимоии аҳолӣ, робитаи зич бо ҷомеа ва бовару эътимоди мардумро ба даст овардан аст.
Пешбарии самтҳои фаъолияти сохтори кор бо занон ва оила дар вилояти калонтарини мамлакат донишу таҷрибаи ғанӣ ва огаҳӣ аз вазъи иҷтимоию сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳонро тақозо дорад, то дар вохӯриҳо бо мардум аз рӯи таҳлилҳои амиқу имкониятҳои мавҷуда сухани созанда гуфтан тавонад.
Натиҷаи таваҷҷуҳу ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри таҳсилоти оливу рушди зеҳнӣ ва боло бурдани мартабаи занон дар ҷомеа буд, ки имрӯз бонуи тоҷик дар вазифаҳои баланди вазорату кумитаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатӣ фаъолият дошта, зан ба ҳайси бонкдору иқтисодчӣ, муҳандису муаллим ва табибу дигар пешаҳои созанда, дар рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор аст.
Сарфи назар аз серкориву масъулиятҳои муҳими ҷамъиятӣ - бону Қумринисо дар тарбияи фарзандону наберагонаш саҳим аст. Натиҷаи ҷиддияту сахтгириҳои модар дар таълиму тарбияи фарзандон буд, ки имрӯз Наврӯз ҷарроҳи Маркази миллии пайвандсозии гурдаву ҷигар, Некрӯз корманди прокуратураи шаҳри Душанбе, Меҳрангез мутахассиси бонки «Сарвати Вахш» ва Зулқада табиб мебошанд. Дар ҷодаи расидан ба марому ҳадафҳои пешгузошта модар фарзандонро ба ҷидду ҷаҳд ва мубориз будан талқин дошта, сабру таҳаммул дар мушкилиҳо ва илму ақидаи устувор доштанро асоси хушбахтиву саодати инсон мешуморад.
Ҷамолиддин усмониён,
шаҳри Бохтар