Панҷоҳ сол қабл дар шаҳраки Хоруғ, дар хонаводаи аҳли зиё духтарчаи сохибҷамоле ба дунё омад, ки амсоли чеҳраи гарму зебояш ба ӯ номи Ҷамолойро монданд. Падари духтарча Давлатназар Валдошов раиси кумитаи варзиши ноҳия буд, модараш Гулдавлат Мамадрасулова яке аз омӯзгорони фаъоли шаҳр ба ҳисоб мерафт, ки баъдтар мудири шуъбаи маориф таъин гашт.
Ҷамолой, ки ҳарфхои нахустину дарсҳои аввалинро аз волидон омӯхт, дар мактаб аз шумули толибаҳои фаъол буд, ки чорабиниҳои фарҳангӣ бе иштироки ӯ намегузаштанд. Баъди хатми мактаб муддате дар корхонаи нонпазии шаҳр кор кард, соли 1981 ба Донишкадаи кооперативии шаҳри Самарқанд дохил шуд. Соли 1985 бо ихтисоси муҳандиси пухтупази нон ба зодбум баргашт.
Ҳамон сол бо Аҳмадбек ном ҷавони соҳибтахассус оила бунёд кард ва дар заводи нонпазии шахри Душанбе ба кор даромад. Соли 1993 онҳо ба нохияи Файзобод кӯч бастанд ва Ҷамолой фаъолияташро аз рӯи ихтисос дар ҷамъияти матлуботи нохия оғоз намуд. Дар ин муддат факултаи иқтисодии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро ғоибона хатм намуд ва то соли 2004 вазифаҳои масъули ҷамъияти матлуботро ба уҳда дошт.
Соли 2004 ӯро ҳамчун роҳбари кордон ба Хазинаи Оғохони ноҳия, Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК) пазируфта, раиси гурӯҳи хонумони ин ташкилот интихоб карданд. Маҳорати кордонию ташкилотчигиаш сайқал ёфтанд, аз ин рӯ, соли 2006 Ҷамолой Валдошова роҳбари ташкилоти мазкур таъин шуд ва ӯ то кунун сари ин вазифа аст.
Дар остонаи солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ин бонуи кордон суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонанда мекунем.
- Нахуст аз таъсиси намояндагии Хазинаи Оғохон дар ноҳияи Файзобод мегуфтед.
- Ташкилоти мазкур соли 1999 дар Файзобод ба фаъолият оғоз намуд, бо пешниҳоди қарзҳои хурд барои соҳибкорон ва маводи кишоварзӣ миёни аҳолӣ шуҳрат пайдо кард. Ин аз нахустин фондҳои вомгузорӣ дар минтақа маҳсуб меёбад. Баъдан, аз соли 2001 он бо номи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК) ба фаъолият пардохт, ки бо ташкил додани созмонҳои мардумӣ дар ин бахш муваффақ гашт. Зеро дар он давра мардумро ба сарҷамъӣ ва ҳалли мушкилоти маҳали худ маҳз созмонҳои ҷамъиятӣ водор месохтанд. Ин созмонҳо на танҳо бо миёнаравии БҶИИМК дар аз худ кардани маблағҳои аз донорҳои хориҷӣ гирифта, ё амалӣ намудани барномаҳо муваффақ буданд, балки имконият доштанд, то аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар амалӣ намудани ормонҳои мардуми маҳал саҳм гузоранд.
- Имрӯз ҳам ин созмонҳо фаъолият доранд?
- Бале, созмонҳо, ки дар ҳудуди аксари деҳаҳои ноҳия ташкил шуда буданд, имрӯз дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот муттаҳид гардида, Кумитаи созмонҳои мардумӣ ном гирифтаанд. Тавассути ин кумита дар деҳоти ноҳия барномаҳои судманде амалӣ шудан доранд. Афзалияти ин ниҳодҳо дар он аст, ки аъзои онҳо сокинони маҳаллианд, ки дар амалӣ намудани барномаҳои мавриди амал кӯшиши зиёд ба ҳарҷ медиҳанд. Дар мисоли ҳифзи хатҳои оби нӯшокӣ, ки тавассути лоиҳаҳои шарикӣ бунёд гардидаанд, худи сокинони маҳал ҳамчун истифодабарандагони об иҷрои корҳоро бар зимма гирифтаанд, то аз суди он наслҳои оянда низ баҳраманд гарданд.
- Тули се соли охир кадом барномаҳо дар деҳоти ноҳия мавриди амал қарор гирифтанд?
- Дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва муҳити зист, ки бо маблағгузории дафтари Швейсария оид ба рушд ва ҳамкории Хазинаи Оғохон амал мекунад, корҳои зиёдеро ба анҷом расондем. Соли 2020 34 барномаи омӯзишии ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронда шуд, ки дар онҳо 2110 нафар, минҷумла 1038 нафар зан иштирок дошт. Ду барномаи калонтарине, ки дар соли 2020 бо маблағгузории дафтари Швейсария оид ба рушд ва ҳамкории Хазинаи Оғохон оғоз намудем, то ҳанӯз давом дорад. Инҳо, сохтмони паноҳгоҳ ба маблаги 1445794 сомонӣ дар деҳаи Кенҷаободи деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ва хатти оби нӯшокӣ барои сокинони деҳаҳои Сурхдара, Боғи Мирӣ ва Файзобод ба маблағи 4665405 сомонӣ, ки саҳми ҷомеа дар ин барномаҳо 180000 сомониро ташкил дод, то охири ҳамин сол мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.
Ният дорем дар марҳилаи сеюм зерҳавзаи обҷамъшавии Мискинободро, ки бо маблағгузории Лоиҳаи беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва ҳамкории Хазинаи Оғохон шуруъ шудааст, то соли 2023 ба субут расонем.
- Оё татбиқи барномаҳо интизориҳои Шумо ва мардумро бароварда сохт?
- Оре, натиҷаҳои фаъолият бартар аз интизориҳои мо омаданд. Ҳадафи Хазинаи Оғохон сарҷамъии мардум ва бо истифода аз неруи иҷтимоъ ниёзҳои ҷомеаро баровардан аст. Таҷрибаи фаъолият дар ин ҷода собит намуд, ки барои мардумро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб кардан, каме дастгирии молию ташкили дурусти корро ба роҳ мондан кофист. Ва мо аз ин таҷрибаи андӯхта, дар оянда баҳри пешрафти ноҳия, як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон саъю талоши бештаре аз худ нишон хоҳем дод.
Рустами НАЗИР