Фурӯравии заминҳо дар ҳудуди деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бар асари боришоти зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминӣ, пуршавии рӯду каналҳо ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто ба вуқӯъ пайваст, боиси хароб гардидани 20 манзили истиқоматӣ, даҳҳо гектар боғистонҳои сарсабзу заминҳои кишоварзӣ гашт.
Аз нахустин рӯзҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиат, масоили таъмини маводи рӯзгор, озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии зарардида ба хаймаҳои муваққатӣ, таҳти назорати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои расондани ёрии саривақтӣ ва дастгирии сокинони макони офатзада роҳбарияти вилояту ноҳия супоришҳои қатъӣ гирифта буданд.
Бо расидани нахустин корвони ёрӣ иборат аз 300 тонна семент, 300 метри мукааб тахта, 3000 дона бомпӯш ва 60 тонна арматур, оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бовар ҳосил намуданд, ки бо дастгирии Пешвои миллат талафоти молии аз ин ҳодиса расидаро барқарор намуда, дар макону манзилҳои навбунёд зиндагиро идома медиҳанд. Ҳамин сон, бо умедҳои навгуна ва рӯҳияи болидаву неруи тоза сохтмони хонаҳо тариқи ҳашар оғоз ёфт ва муддате нагузашта дар деҳи Навобод биноҳои истиқоматӣ қомат афрохтанд.
Баъдан, 15-уми июни соли равон зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шиносоӣ бо шароити зисти сокинони зарардида, дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ панҷ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд.
Дар ин рӯз Сарвари давлат калиди аввалин хонаи муҷаҳҳаз бо ҳама шароитҳои зистро ба модари ду фарзанд Ширинмоҳ Зокирова тақдим намуданд. «Ин иқболи баланду хушбахтии фаромӯшнопазирро ҳатто дар хобу хаёл ҳам орзу накарда будам, ки қулфкушои хонаи навамонро аз дасти мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегирам», – хурсандона иброз дошт Ширинмоҳ ва идома бахшид.
– Хонаи мо бо санъати баланди меъморӣ сохта шуда, бароямон тамоми номгӯи асбобу анҷоми рӯзгор, аз қабили яхдону телевизор, кӯрпаву ҷевонҳои замонавӣ ва дигар асбобу ҷиҳози барои ошпазхонаро муҳайё кардаанд. Муҳимтар аз ҳама, нахустин меҳмони кошонаи мо Сарвар давлат буданд, ки ба корҳои сохтмонӣ ва шароитҳои зист дар манзилҳои нав шинос шуда, муддати ҳузурашон дар маъмани орзуҳои мо нуру сафо оварданд. Он шуълаи меҳровару эҳсосоти ногуфтанӣ аз лаҳзаҳои фараҳбахши дидору гуфтугӯ бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар қалбам побарҷо хоҳад монд. Аз ин ба баъд як орзу дорам, ки фарзандонамро инсондӯсту ватанпарвар ва пайрави мардони хайрхоҳу накукор ба воя бирасонам, то дар оянда ба халқу Меҳани азизамон хизмати шоиста намоянд.
Бунёди манзили истиқоматии Ширинмоҳ Зокироваро кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бар зимма дошта, корҳои сохтмониро дар муддати як моҳ пурра ба анҷом расонданд. Ба гуфтаи Абдухолиқ Мӯсоев, муовини якуми раиси ноҳия, барои бунёди хонаҳои нав ба ҳар оила ба миқдори 10 садяк қитъаи замин ҷудо карда шуда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 - тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 - мукаабӣ тахта, 2 - тоннагӣ арматур ва дигар масолеҳи бинокорӣ дастрас шудаанд. Идораву ташкилотҳои ноҳиявӣ ва дигар ашхоси хайрхоҳ дар баробари таъмири манзилҳои истиқоматӣ, инчунин, таъмини оилаҳои зарардидаро бо кулли ҷиҳози рӯзгор ба уҳда гирифтаанд, то ин ки хонаҳои навбунёд ҷавобгӯи меъёрҳои меъморӣ бошанд. Ҳамзамон, талафоти молии мардум аз асари офати табиӣ пурра барқарор гардид, деҳқононе, ки заминҳои корами худро аз асари ин ҳодиса аз даст додаанд, бо қитъаҳои замини кишт таъмин мешаванд.
Кор дар маҳаллаи навбунёд дар ҷӯшу хурӯш буда, бинокорону ҳашарчиён азм доранд, ки корҳои сохтмону рангу бор ва ороиши 15 хонаи истиқоматии боқимондаро пеш аз муҳлат ба анҷом бирасонанд. Масъулони ситоди ноҳиявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиат изҳор доштанд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда то рӯзҳои Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти кишвар ҳамаи сокинони хаймаҳо ба манзилҳои нави муҷаҳҳаз бо тамоми шароиту имкониятҳои зиндагӣ кӯчонда мешаванд.
Дар маҳаллаи навсохт аллакай хати алоҳидаи барқ кашида шуда, бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили шабакаи оби ошомиданӣ, бунгоҳи тиббӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳои мошингард идома доранд. Ҳамин сон, дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар маҳаллаи барои зарардидагони офати табиӣ ҷудокардашуда ба ҷабҳаи корзору макони хайру эҳсонкории мардуми ватандӯст табдил ёфтааст.
Ҳатто дар қиёми офтоб ҳам корҳои сохтмонӣ лаҳзае қатъ нагашта, аз чаҳор тараф садои тақ-тақи бомпӯшиву омаду рафти нақлиёти боркаш ба гӯш мерасад. Аз тараддуду ҷунбуҷӯли бонувони назди хаймаҳо ва нишоти кӯдакони бозигар итминон ҳосил мешавад, ки сокинон ба муҳити нави зисти хеш одат карда истодаанд. Сокинони деҳаи навбунёд боварии комил доранд, ки дар ояндаи наздик аз дасти муъҷизаофари онҳо ин макон низ сарсабзу хуррам мегардад. Мардуми ба тозагӣ ин ҷо кӯчида аз боздиди Пешвои муаззами миллат аз рафти корҳои сохтмонӣ ва шароити зисту зиндагонии онҳо, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, азм намудаанд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Сарвари давлат минбаъд низ барои ободиву рушди деҳу Ватани азизи худ саъю кӯшиш хоҳанд кард.
Тавре Ширинмоҳ Зокирова иброз дошт, дар идомаи зиндагӣ ва амалӣ намудани орзуву ормонҳоямон суханони роҳнамои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар даромадгоҳи деҳа ҳаккокӣ шудааст, шиори мо дар зиндагӣ хоҳад буд: «Сидқан якдигарро дӯст дорем, ҳар ҷое, ки набошем, иттифоқ бошем, забони ширин дошта бошем, ба якдигар меҳрубон бошем, дар танҳоӣ ва рӯзҳои сахтӣ дасти якдигарро бигирем».
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ