Ҳангоми сафар аз забони мардуми бумӣ шунидам, ки Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён яке аз беҳтарин ҷамоатҳо маҳсуб ёфта, ҳам аз ҷиҳати тозагӣ ва низ ободонӣ аз пешқадамҳост. Дар ин самт саҳми назарраси бону Бибиоиша Ғафурова, муовини раиси шаҳрак бармало эҳсос мегардад.
Дар назди Ҷамоати шаҳрак бо раиса рӯ ба рӯ шудем ва мақсад аз ташрифи хешро изҳор доштем. Чун сухан аз боби ободиву шукуфоии шаҳрак рафт, бо ифтихор гуфт, ки дар ҳудуди шаҳрак шахсони ватандӯсту заҳматкаш бисёранд.
Воқеан, зимни сайругашт дар маҳаллаҳои шаҳрак эҳсос намудем, ки мардум бо дилгармӣ рӯ ба меҳнат овардаву баҳри ободу зебо гардондани маъвои хеш талош меварзанд. Сарфи назар аз гармии ҳаво дар маҳаллаҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доштанд.
- Мо ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хуб дида истодаем. Бо ин мақсад бо сокинон вохӯрӣ доир намуда, ҳар кадоме аз онҳоро баҳри ба тартиб овардан, хушнамуду зебо гардондани хонаву маҳали сукунат тарғиб менамоем. Бо ташаббуси сокинон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён роҳҳо, аз даромадгоҳи шаҳрак то идораи ҷамоат мумфарш шуданд, - иброз дошт бону Бибиоиша.
Ба қавли ӯ соҳибкорону сахопешагон дар маҳаллаҳои шаҳрак зиёд буда, дар ҳама ҳолат ба сокинон ёрии худро мерасонанд. Соҳибкорон дар ҳар иду айём бо иқдоми хеш барои бо маводи озуқа таъмин намудани оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳиссагузоранд. Вакилони мардумӣ низ аз ҷумлаи нафароне ҳастанд, ки аз аҳволи сокинон пурсон мешаванд, дасти мадад дароз мекунанд. Соҳибкорон Табиб Ҳайбуллоев, Манучеҳр Садиров, Мӯсо Қурбоншоев ва Наим Ёров аз ниёзмандон кумаки хешро дареғ намедоранд.
- Дар идҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳо бо туҳфаву маводи хӯрокворӣ оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва ятимону нимятимонро рӯҳбаланд месозанд. Масалан, дар арафаи Иди Рамазон 40 оилаи ниёзманд бо маблағ, равғану биринҷ, орду шакар, макарон ва дигар анвои хӯрокворӣ таъмин гардид, - мегӯяд бону Бибиоиша.
Ҳамчунин, бахшида ба пешвози 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди бинои коллеҷи тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳсиддин Зарифов дар арафаи анҷомёбист.
Метавон гуфт, сокинони шаҳрак бо дастгирии Б. Ғафурова дар ҳама чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳрак, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани неъматҳои табиат, тозаву озода нигоҳ доштани хонаҳои истиқоматӣ, баланд бардоштани нақш ва фаъолияти аҳолӣ ҳамеша ҳозиранд.
Аҳолии шаҳраки Қубодиён дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ хеле фаъол буда, гирду атрофи маҳали истиқомат, коргоҳу корхонаро бо ниҳолони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг оро медиҳанд. Нақшаи даъват ба сафи Артиши миллӣ дар давраи тирамоҳ ва ҳам дар фасли баҳор сари вақт иҷро мешавад. Аксари ҷавонон бо ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд.
Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо сокинони шаҳрак бо омода сохтани хӯрокҳои миллӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ ва намоиши маҳсули эҷоди худ – сӯзаниву кашидадӯзӣ, қаннодиву нонпазӣ ва сохтани гаҳвора дар намоишҳои шаҳриву вилоятӣ ширкат варзида, мақоми намоёнро ишғол кардаанд.
Мунтазам баргузории ҷаласаҳо бо сокинони шаҳрак, вохӯриҳо бо вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилоятиву ноҳиявӣ, баррасии масъалаву муаммоҳо ва ҳаллу фасли онҳо, инчунин, амалигардонии қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имкон фароҳам оварданд, ки ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил нагарданд.
Ҷамоати шаҳраки Қубодиён 6 маҳалларо дар бар гирифта, шумораи умумии аҳолӣ 12 ҳазору 38 нафарро ташкил медиҳад. Шаҳрак дорои 8 мактаби миёна, 2 боғчаи бачагона ва 3 беморхона мебошад.
Бонувон низ дар самти гулгулшукуфоӣ ва пешрафти шаҳрак саҳми назаррас доранд. Бархе аз онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Роҳбари ду боғчаи бачагона, гимназияи давлатӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бонувонанд.
Чанде қабл дар шаҳрак бахшида ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корхонаҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар ҳар мавсим 15 нафар занону духтарони хонашинро ба омӯзиш ҷалб намуда, ба онҳо ҳунарҳои дӯзандагиву пазандагӣ омӯзонда мешаванд. Гурӯҳе, ки курси омӯзишии дӯзандагиро ба сомон мерасонад, соҳиби сертификат гардида, ба кори доимӣ ҷалб мешавад.
Шаҳдрези РАҲМОН