Саволе ба миён меояд: «Оё андоза ва ҳудуди муайянкунандаи меҳру муҳаббати волидон ба фарзанд вуҷуд дорад? Ин андоза ва ҳудуд чанд аст? Меҳру муҳаббати падару модар ба фарзанд бо чӣ ва чӣ тавр муайян карда мешавад?». Посух ба ин саволҳо ба фаҳмиш, фарҳанг ва қувваю тавоноии зеҳнии ҳар фард вобаста аст.
Дар фаҳмиш мафҳуми меҳру муҳаббат ба фарзанд дар навбати аввал ситоиши онро аз тарафи адибон пеши назар меорад. Лекин барои кӯдак ситоиш бе истифодаи образҳои бадеӣ, калимаю ибораҳои рангу тобишҳои гуногундошта, суханҳои дилнишин дастнорас ва нозаруранд. Ба ӯ он муносибату муошират, меҳру навозиш ва дӯстдорие лозим аст, ки рӯҳу тавонашро ҳаловат бахшад, барои камолоти маънавию ақлиаш мадад расонад ва худро ҳама вақт ҳамчун дӯстдоштаи атрофиён эҳсос намояд.
Асоси муҳаббат ба кӯдаконро инстинкти биологии давом додани насл аз тарафи инсон ташкил карда, дар волидон он дар ҷараёни муошират бо тифл (ҳангоми дар батн будан ва баъди тавлид гардидан) ба ҳиссиёт табдил мегардад. Ин ҳиссиёт хусусияти фардӣ ва иҷтимоӣ дошта, дар раванди тарбия такмил ва ташаккул меёбад. Муҳаббат аз ғамхорӣ намудан оғоз шуда, якҷоя буданро пайгирӣ менамояд ва минбаъд муоширату муносибат кӯдаку падару модарро бо ҳам наздик мегардонад. Аз ин рӯ, он характери дутарафа дорад. Кӯдак меҳру муҳаббати волидонро нисбат ба худ эҳсос мекунад ва волидон низ худро дӯстдоранда ва дӯстдоштаи фарзанд ҳис мекунанд, агар: муҳаббати худро зоҳир карда тавонанд; кӯдак низ волидони худро мувофиқи матлаби онҳо фаҳмад; волидон олами ботинии кӯдакро фаҳмида ҳисси муҳаббат, дилбастагии фарзанди худро фаҳмида, қабул карда тавонанд.
Ғамхории мо дар ҳаққи кӯдак аз моҳҳои аввали дар батни модар инкишофёбии ӯ оғоз мегардад, ки он мувофиқи анъана дар қонеъ гардондани талаботи зани ҳомиладор, муҳофизат кардани ӯ аз хавфу хатар ва ғайра ифода меёбад. Баъди чашм ба дунёи ҳастӣ кушодани кӯдак, ғамхории аниқ бо мақсади ташаккул додани шахсияти кӯдак оғоз гардида, он то барҳаёт будани волидон давом меёбад. Ин ғамхорӣ аз таъмини хӯрок, муҳити хуби зиндагонӣ, муҳофизат намудан аз гармию сардӣ (ҷисмонию маънавӣ) зоҳир мегардад. Омӯзондани таҷрибаи иҷтимоӣ аз зиндагӣ карда тавонистан оғоз ёфта, ҳамаи кӯдакон онро ба таври гуногун қабул мекунанд.
Шакли дигари ғамхории волидон ғамхории онҳо барои ояндаи фарзандон аст, ки он дар барвақт омӯзондани забонҳо, азхудкунондани асосҳои илм (математика, химия), таъмин кардани шароит барои таҳсил дар мактабу гимназияҳо ва ғайраҳо ифода мегардад.
Барои кӯдаки то 3 - сола муҳим он аст, ки калонсолон доимо ҳамроҳ бошанд (дар хона, кӯча, меҳмонӣ), зеро ӯ дар ҳузури наздикон худро бехавф, ҳифзшуда, ба муҳаббату дӯстдорӣ насибгашта ҳис мекунад. Барои кӯдаки 5 – 6 - сола якҷоя будан кифоя нест, ӯ, инчунин, муоширату муносибати самимиро талаб менамояд. Мехоҳад калонсолон бо ӯ машварату маслиҳат карда, фикру дархосташро ба ҳисоб гиранд, эҳтиромаш намоянд.
Маълум аст, ки ҳамаи кору амал, гуфтору рафтори калонсолон диққати кӯдакро ба худ ҷалб менамояд, ҳама чизро донистан мехоҳад, ёрдамчӣ будан ва таъриф шудан барои иҷрои супориш гуворотарин лаҳзаҳои ҳаёти ӯянд. Саволдиҳӣ, пурсидан, тақлидкунӣ хусусияти хоси ин давра аст. Махсусан, нисбат ба наздикони худ бисёртар донистан шиори онҳост. Ҳангоми суҳбат, ҷавоб додан ба саволҳо, шунидани фикру андешаи кӯдак, шумо бо ҳамдигар боз наздиктару меҳрубонтар мегардед, олами ботинӣ, шавқу рағбат, талаботи маънавии фарзандатонро дониста мегиред.
Ҳангоми муошират, ёрӣ расондан ба корҳои хона, бозӣ кардан кӯдак худро дар оила шахси зарурӣ, арзишманд дониста, меҳру муҳаббат ва самимияти шуморо дар амал ҳис мекунад.
Изҳор намудани меҳру муҳаббат ба кӯдак, навозишу дӯстдорӣ намуданро як қатор волидон камаҳамият ва номатлуб ҳисобида онро сабаби «нозук ва нозбардор» ба воя расидани бачаҳо меҳисобанд, ки ин мутлақо нодуруст аст.
Ниёгон барои ҳамаи лаҳзаҳои муҳими ҳаёти кӯдак – оббозӣ дорондан, ба гаҳвора хобондан, дандонбарорӣ, мӯйсаргирӣ, қадампартоӣ, афтидани дандонҳои ширӣ ва ҳоказо шеъру таронаҳои навозишию дӯстдорӣ эҷод кардаанд. Шояд модарони ҷавон аз модару бибиҳои худ пурсон шуда, имрӯз онҳоро дар амал эҳё менамоянд.
Кӯдакон меҳру муҳаббат ва навозишу дӯстдории калонсолонро аз чеҳра, ҳаракату амалҳои наздикони худ донистан мехоҳанд. Ба табассум ва чеҳраи кушод ба кӯдак нигаристан, сару китфонашро бо даст молиш додан, ба оғӯш гирифтан, рӯяшро ба рӯятон мондан меҳру муҳаббати ҳамдигарро зиёд мегардонад. Шояд сабаби имрӯз бемеҳрӣ, бешафқатии фарзандон сари вақт меҳру навозиш надидан аз волидон - насли калонсол бошад?
Тарбия кардан маънои нигоҳубину парвариш кардан, ҳифз намудан, ёд додан, омӯзондани тарзи ҳаёти солим, зиндагӣ барои имрӯзу фардо дар маҷрои пурталотуми ин зиндагӣ аст. Ҳангоми гуфтугӯ, меҳру навозиш намудан, тақдим кардани туҳфа ба олами ботинии фарзанди худ бо чашми дил, ақлу хиради инсонӣ назар андозед ва бубинед, ки чиҳоро ба махзани ҳаёташ боқӣ гузоштаед.
Бибиҳафиза МАҶИДОВА,
доктори илми педагогӣ, профессори ДДОТ
ба номи Садриддин Айнӣ