19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КӮДАКОНАТОН ЧИРО ХӮРДАН НАМЕХОҲАНД?

 

1kudakonaton-chiro-hurdan-namehohandЗиёд шунидаем, ки модарон аз камиштиҳоии кӯдакони синни томатабӣ шикоят пеш оварда, аз ин нигаронанд. Пас чӣ бояд кард? Завқи кӯдаконро хуб омӯхта, табақчаҳои зебо харидан лозим аст, ки ба назари онҳо ҷолибу ғалатӣ намояд. Тановул кардан дар чунин табақчаҳо завқи хӯрданро бедор месозад. Агар модар хӯрокҳоеро, ки барои саломатии фарзанд навъ дорад, пазаду аммо кӯдак онро хӯрдан нахоҳад, пас роҳи ҳалли мушкилӣ ба истеъдоду эҷодкории модар вобастагӣ дорад. Масалан аз ҳасиб, панир, сабзӣ ё бодиринг метавон расми аҷоибе сохта, болои хӯрок гузошт. Пас, бо суханони самимӣ метавон фарзандро ба тановул омода кард. «Писарҷон, (духтарҷон), ту аввал хӯрокатро хӯр, дар охир бояд моҳтобак, офтобаки зебои омодакардаи маро бичашӣ», - чунин суханони балутф мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Метавон барои кӯдакон ҳасибҳои махсус харидорӣ кард, ки аз ҷиҳати иловаҳои кимиёвӣ бехатартаранд. Аммо аз ҳасибчаҳо камтар истифода бурдан беҳтар аст. Ба ҷои он пораҳои меваҳоро шаклан гуногун бурида, наздашон гузоред ва таъкид созед, ки мева ба саломатии ту манфиати бештар дорад.

Метавонед аз як навъи бозӣ бо номи «Қаҳрамонӣ» истифода баред. Шарҳ диҳед, ки қаҳрамони асосӣ ҳоло маълум нест. Табақчаи меваҳои резашуда одамони сайёраи заминанд. Онро ба ду ҳиссаи баробар тақсим кунед. Гӯё ҳолати фавқуллодае ба вуҷуд омаду шумо бояд одамонро наҷот бахшед. Чӣ гуна? Бо ҳисоби се шурӯъ кунед, то касе зиёдтар меваҳоро ба даҳон барад. Дар ин бозӣ волидон низ метавонанд ширкат варзанд. Ё метавонед бозиҳои дигареро аз хаёли худ пешниҳод кунед, то кӯдак бо завқ аз маҳсулотҳои витаминдор истеъмол намояд.

2kudakonaton-chiro-hurdan-namehohand2Аксарияти кӯдакон аз истеъмоли зардии тухм саркашӣ мекунанд. Агар чун ҳолат рух диҳад, тухмро лат зада, ба шакли чалпак пухтан мумкин аст, зеро кӯдакон одатан чалпакҳои тухмӣ (омлет)-ро дӯст медоранд. Кӯдакон ҳамчунин майонезро дӯст медоранд ва мо намедонем, ки дар таркиби он ба ҷуз маҳсулоти дар баста дарҷгардида боз чи қадар маводҳои зараррасон дорад. Аз ин рӯ, дар шароити хона метавонем майонези безарар омода кунему аз ҳар гуна ғизоҳои сарироҳии зараровар фарзандонро эмин дорем. Аз маҳсулотҳои табиӣ дар хона хостаҳои кӯдаконро баровардан имконпазир аст.

Агар мо барои тандурустии фарзандони хеш дар оила ҷидду ҷаҳд намоем, метавонем кӯдаконро ҳам хурсанд ва ҳам аз худ ризо гардонем, ки барои волидон, бахусус модарон хушбахтии бузургест. Шодиву нишотро метавон эҷод кард, агар мо сидқан онро хоҳему пайи иҷрояш гардем.  

                                                                                      Фарзона  Восеева

 

:.  Иҷтимоъ 30.08.2021 06:31 686

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz