Шаҳри Турсунзода аз ҷумлаи манотиқест, ки чор фасли сол навоҳиҳои атроф ва шаҳри Душанберо бо сабзавоти тару тоза ва мева таъмин месозад. Мардуми зарофаринаш аз пушти меҳнати ҳалоли кишоварзӣ зиндагии хешро хуб ба роҳ мондаанд. Қариб ҳар хонавода дар заминҳои наздиҳавлигиашон майдончаҳои обчакорӣ ё гармхонаҳоро барои парвариши полизӣ ва кабудӣ бунёд намудаанд.
Майдонҳои васеи гармхонаҳо бахусус, дар деҳаҳои «Меҳнат» ва «Роҳат» - и Ҷамоати деҳоти Тӯйчиев бештар доман густурдаанд, ки дар он садҳо бонувон ба корҳои доимию мавсимӣ банданд.
Неруи зеҳниву ҷисмонӣ фаровонӣ орад
Зулхумор Холова аз зумраи бонувонест, ки роҳбарии хоҷагии деҳқониро ба уҳда дорад. Аз хурдӣ бо аҳли хонавода ба кори замин пайваста буд ва бо амри тақдир ба хонадоне ба арӯсӣ омад, ки нон бо обилаи даст мехӯрданд. Дастархони пур аз неъмат ва фаровониро дида, баъди ба воя расидани кӯдаконаш тасмим гирифт, то мустақилона ба кори замин шуғл варзад.
- Таҷрибаи деҳқонии бобоиро омӯхта будам. Тулӯи офтобро бо волидони кишоварзам дар саҳро пешвоз мегирифтем. Саҳархезӣ одати деринаам аст, ҳар субҳ 7 гектар замини хоҷагиро давр мезанам. Ба нумӯю инкишофи зироати киштшуда аҳамият медиҳам ва ҳолати сабзиши онҳоро аз дирӯз то ба имрӯз дар назари таҳқиқ дорам. Мебинам, ки кадом зироат обталаб аст ё бехи ниҳоли кадомашро бояд нарм карда, ғизои минералӣ бояд дод. Дар як гардиш ҳолати заминро мебинам ва дар давоми рӯз аз пайи кор мешавам. Воқеан, соле мешавад, ки бо номусоид омадани боду ҳаво аз баъзе киштҳо ҳосили дилхоҳ ба даст намеояд. Вале бо фаровонии ҳосили дигар камбуд бартараф мегардад.
Аз Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳолам. Аз дӯши кишоварзон гирифтани пардохти андози ягона аз замин низ хушпаёме барои хоҷагидорон мебошад. Ақаллан ёрӣ барои хариди нуриҳои минералӣ шуд, ки нархи доруҳо дар бозор бас гарон аст, - бо хушнудӣ мегӯяд бонуи кишоварз.
Кор дар хоҷагии Зулхумор Холова мавсимӣ буда, аз оғози баҳор то давраи сармо беш аз 40 бону ба деҳқонӣ ҷалб мешаванд. Асосан дар замини хоҷагӣ картошка, сабзӣ , пиёз ва ғайра кишт менамоянд. Дар 2 гектар пунбадона ҳам мекоранд. Мавсуф мегӯяд, ки ҳар сол аз ин миқдор замин 30 – 40 сентнер ҳосил ба даст меоранд.
- Соли гузашта дар 30 садяк замин сохтмони фермаи чорводориро барои 100 сар гов роҳандозӣ кардам. Сохтмон поён ёфт ва алҳол 10 сар гов ва гӯсфанд дар парвариш мебошанд. Оянда ният дорам, ки мурғпарвариро ҳам ба роҳ монам ва бонувони деҳаро бо ҷойи кори доимӣ таъмин созам. Қувваи корӣ аз ҳисоби занон дар деҳаи «Меҳнат» зиёд аст,- изҳор медорад Зулхумор Холова.
Зи сари сидқ
Аҳли хоҷагии деҳқонии «Шукурҷон – 2003» ҳама бонувонанд. Умед Холбоев роҳбари хоҷагии деҳқонист, таҷрибаи беш аз 20 – солаи кишоварзӣ дорад. Мегӯяд, ки аввалан дар замини наздиҳавлигиаш, ки ҳамагӣ 5 садяк буд, машғули парвариши помидору бодиринг шуд. Заҳматҳояш самар доданд. Баъдан, дар 20 садяк замини иҷора ба кишти маҳсулоти полизӣ пардохт.
- Барои сохтани гармхона ва васеъ намудани замини кишт маблағи калон зарур омад. Аз ҳисоби даромаду пасандоз дар 60 садяк замин барои парвариши помидору бодиринг гармхона бунёд намудам. Барои беш аз 30 бону тамоми фасли сол кор муҳайёст ва онҳо ду вақт бо хӯроки гарм таъмин мебошанд. Ҳар рӯзи кориашон 35 - 40 сомонӣ муқаррар шудааст, ки сари вақт дастрасашон мегардад, - мегӯяд роҳбари хоҷагӣ .
Хоҷагии деҳқонии «Шукурҷон – 2003» дорои 4,5 гектар замин буда, дар он намудҳои гуногуни сабзавот кишт шуда, дар қисми дигар токпарвариро ба роҳ мондаанд.
Оиша Зокирова 5 сол боз дар ҳамин хоҷагӣ кор мекунад. Аз шароити фароҳамовардаи роҳбари хоҷагӣ каноатманд аст. Оиша мегӯяд, ки бо фаро расидани мавсими ҳосилғундорӣ даромадашон дучанд меафзояд. Аз бодирингу помидор консерв омода мекунад. Картошкаю пиёз ва сабзию карам захираи зимистонаи хонавода мебошад.
- Агар имкони молиявиам хуб мешуд, ҳатман чунин як гармхона месохтам. Занону духтарон ҳама сарҷамъу тифоқ саргармӣ корем ва маҳз ҳамин муҳитро бо бонувони корҷӯ муҳайё менамудам, - изҳор медорад мавсуф.
Роҳбари хоҷагӣ тасмим гирифтааст, ки гармхона барои парвариши қулфинай ва ток бунёд созад. Ба ин васила сафи бонувони коргарро зиёд намояд.
- Технологияи парвариши ток дар гармхонаҳо барои кишвар мувофиқ мебошад. Пас чаро дар фасли сармо мардум ангурро аз яхдонҳо, ки сифату хусусиятҳои шифоияшро гум мекунад, истеъмол намоянд? Танҳо барои амалӣ намудани ин корҳо вақт ва маблағи муайян даркор аст. Таҷриба ва омӯзиши соҳа дар давоми фаъолият ҳамаи мушкили корро барҳам медиҳад. Камбудиҳои ҳарсоларо барои худ қайд мекунам ва соли дигар аз пайи ислоҳаш мешавам. Ҳамин тариқ, кор авҷ мегирад. Аз сидқ бояд меҳнат кард, - иброз медорад Умед Холов.
Мавсуф мегӯяд, ки дар ҷараёни кори деҳқонӣ ёрии мутахассис ё олимони соҳаи кишоварзӣ дар пешрафти кор муҳим аст. Агар олимону мутахассисон аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намоянд ва барои пешбурди соҳа ба хоҷагидорон маслиҳат диҳанд, кор пешрав хоҳад шуд.
Қ. неъматулло,
шаҳри Турсунзода