Ӯ зодаи деҳаи Қизиласкари деҳоти Сайёд (алҳол Ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинов)-и ноҳияи Шаҳритус аст. Соли 1978 пас аз хатми мактаби миёнаи №11 - и деҳаи Чӯянгарон, ки он ҷо таҳсил намуда буд, нахуст ҳамчун котиба – коргузор, сипас муаллимаи синфҳои ибтидоӣ корро оғоз бахшид.
- Он замон норасоии кадрҳо мушоҳида мешуд. Аз ин хотир, аз ҳисоби хонандагони босаводу аълохон, бахусус духтарон чида – чида омӯзгор интихоб менамуданд. Ман ва боз чанде духтарон аз зумраи нафароне будем, ки пас аз хатми мактаби миёна бе маълумоти олӣ омӯзгор шудем, - мегӯяд Латофат Давлатова.
Мавсуф дар хонадони омӯзгор Ҳабибулло Давлатов ба воя расидааст. Тавре худ иброз медорад, онҳо 9 нафар ва ҳама таҳсилдида. Ӯ дар оила фарзанди калонӣ буд, аз ин рӯ, пас аз марги падар масъулияти 4 хоҳар ва 4 бародар бар дӯшаш афтид.
- Зиндагии хубу осоишта ва бекаму кост доштем. Падарам солиёни дароз директори мактаб ва модарам дар колхоз кор мекарданд. Хонаву дари обод, боғу роғи шукуфову дар баҳра ва ҳели пур аз чорво доштем. Вале ба назар он ҳама дар як лаҳза аз даст рафта олам харобазор гашт. Нооромиҳои солҳои 90 – ум бародарро бо бародар дастбагиребон карданд. Аз ёдам намеравад, 11 ноябри соли 1992 ҳама аҳли деҳ аз хонаҳо баромада рафтем. Мардум аз бими ҷон ба «застава» - и сарҳадии канори рӯди Кофарниҳон фирор намуд. Мегуфтанд: як - ду рӯз меистему бармегардем. Мардумон бо як пираҳан дар тан хонаву дари худро монда гурехтанд. Он ҷо ду моҳ байни низомиёни рус, ки 4 – 5 нафар буданд, маскан гирифтем. Баъди тезу тунд шудани вазъ низомиён гуфтанд, ки онҳо наметавонанд кафили зинда монданамон шаванд. Ночор ба он сӯи Амударё гузаштем. Берун аз посгоҳ гӯристони калон доман густурд. Дар дохили «застава» низ гӯристон пайдо шуд. Мардум аз гуруснагиву беморӣ мефавтид.
5 декабри соли 1992 тавассути кемаҳо ба хоки Афғонистон гузаштем. Аз баландии лаби бора бародаронамро ба кемаҳо ҳаво медодам, то ки наҷот ёбанд. Ҳар кас ҷони худ мегуфт, манзараи даҳшатнок, ҳама дар таҳлука, доду фиғон дар само дакка мезад, - гуфт Латофатбону.
Дар сардии моҳи декабр пиру барно, хурду калон сару пои луч, дар як по калӯшу дар пои дигар красовкии дарида марзро гузашта, рӯ ба рӯи совхози «Тоҷикистон» - деҳаи Ҷартеппаи Афғонистон қарор гирифтем. Мардуми ҳамсоякишвар моро хуб пазируфтанд. Аллакай шаҳраки хаймагии гурезаҳои тоҷик доман паҳн намуда буд. Як қисми гурезаҳо дар хонаҳои харобгаштаи беодам даромада мезистанд.
Чанд рӯз пас тавассути уштурҳо ба тарафи шаҳри Қундуз раҳсипор шудем. Падарам, шахси зиёӣ , мехост дар марказ ё мавзеи шаҳрнишин маскун шавем. Ҳамин минвол шабе дар Қалъаи Зол, шаби дигар дар Тарбузгузар мондем. Аз он ҷо ба Қундуз расидем.
Дар як синфхонаи омӯзишгоҳ моро ҷой намуданд. Дар паҳлуи он бинои дорулмуаллимин, беморхонаи чорошёна, ки афғонҳо онро чорсадбистар мегуфтанд, мавҷуд буд. Хоҳарам, ки ҳамшираи шафқат буд, дар беморхона ба кор даромад ва ба мардуми гуреза хизмат мерасонд.
Шаш моҳ азобҳои зиёде кашидем. Як рӯзи муҳоҷират монанди ҳазор рӯз метофт. Аз ёди Ватан дилҳомон симоб мегаштанд. Ҳар саҳар бесаброна соати 5:30 назди радио рафта барномаи «Хоки Ватан» - ро гӯш мекардем. Тавассути барномаҳои радиои Тоҷикистон аз набзи кишвар бохабар будем.
Ниҳоят садои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тавассути радио, ки мегуфт: «То гурезаи охирини тоҷик аз марзи Афғонистон нагузарад, худро ором ҳис намекунам», дар дилҳои зору зардоби мо марҳам ва тухми умед кишт. Радио барои мо як гӯшаи Тоҷикистони азиз буд. Ин садои умед ба мо саодат овард ва мардум оҳиста - оҳиста тавассути Бандари Шерхон аз ноҳияи Панҷ ба Ватан баргаштанро оғоз намуданд. То ҳол дар гӯшам суханони нишотбахши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳанд…
Шукр, ки Сарвари давлат бо ин тасмими худ моро аз номи гуреза халос карданд. Шаш моҳ гуреза будему бо ангушт «шумо гуреза» гӯён ишораҳо медидем ва аз шунидани ин калима тасмасил гаштем. Хок бар сари ғарибӣ , додар…
Хонаву дар, ҳавлиҳо, боғу киштзорҳоро харобазор дарёфтем. Ҳаётро аз нав оғоз намудем. Аз нав ба бунёдкориву ободонӣ даст задем. Бо дастгирии давлату Ҳукумат хонаҳоро аз пештара дида беҳтару хубтар эъмор намудем.
Сулҳу салоҳ ва оромӣ фаро расиданд. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо пешаи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудам. Кунун дар мактаби деҳа бо касби дӯстдоштаи худам – омӯзгорӣ шуғл меварзам. Дар ин муддат ҳама хоҳарону бародаронам маълумот гирифтанд.
Шукри замонаи амониву сериву пурӣ . Мактабҳои замонавӣ , асбобҳои гуногуни аёнӣ , тахтаҳои электронӣ ва боз саду як шароит барои таҳсилу зиндагонӣ фароҳам аст, ки ин ҳама аз заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Замоне маводи хониш ноёфт буд. Китоби «Алифбо» набуд, мавзӯи дарсро пурра дар тахтаи синфӣ менавиштему кӯдакон рӯбардор мекарданд. Ин рӯзҳои сахту сангин ҳама гузаштанд, мо ба ваҳдати сартосарӣ расидем. Имрӯз барои насли ҷавону оянда ҳама имконоту шароитҳо фароҳаманд. Ба қадри ин ҳама заҳматҳои Сарвари кишвар бояд расид ва ин дастовардҳоро ҳифз кард, - зикр намуданд муаллима.
Латофатбону давоми суҳбат ҳар бори ба забон овардани калимаи «гуреза» дида пурнам мекард. Ҳар вақте аз Ватан, ободӣ , пешрафт ва Президент мегуфт, шодиву сурур дар чеҳрааш ҳувайдо мегаштанд. Ӯ рӯзҳои сахти ғарибиро дидаву мехоҳад ҷавонони кишвар он рӯзҳоро набинанд. Ба дасисаву фанд ва макру ҳияли душманони миллат дода нашаванд ва дар пайи донишу хониш, ободиву созандагӣ камари худ бибанданд.
Далер САФАР,
Душанбе – Шаҳритус - Душанбе