Ӯ дӯстдори тифлакон аст ва аз ин хотир пешаи пизишки кӯдаконро интихоб намуд. Айни ҳол, Зуҳро Раҳмонзода роҳбарии Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки № 1» шаҳри Душанберо ба уҳда дорад ва ҳамин минвол фаъолияти минбаъдаашро боз бо кӯдакон пайваст.
- Замони тоза ба кор шурӯъ намуданам, дар ин муассиса эҳсоси маъюсӣ вуҷудамро фарогир буд. Дарвоқеъ, дидани чеҳраҳои кӯдакон, ки агарчи аз олами воқеӣ бехабар буданд, бароям дардовар менамуд. Нигоҳи дардолудашон ҳамеша пеши назар ҷилвагар аст. Лаҳзаҳои вохӯрии кӯдаконе, ки волидон ва пайвандонашон барои дидорбинӣ меомаданд, кӯдакони дигар риққатовар ба онҳо чашм медӯхтанд. Ин нигоҳҳо хеле таъсирбахш буданд, ки қалбам аз диданашон пора мегашт. Гоҳе дар танҳоӣ мегиристам, ки чаро чунин тақдир насиби ин тифлакони маъсум шудааст? Ноумедона аз мураббияҳо модари хешро мепурсиданд: «Кай очам меояд?» ё «чаро очаам маро хабар намегирад?».
Ин лаҳзаҳо ягона дастгиру муттакоям ҳамсарам буд, ки маро аз вартаи афсурдаҳолӣ мебаровард. Насиҳат медод, то сабур бошам ва рисолатеро, ки бар дӯш гирифтаам, содиқона анҷом диҳам, - мегӯяд Зуҳро Раҳмонзода.
Ҳадаф – дастгирии модарон
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 сентябри соли 2020 «Хонаи кӯдакони №1» ба Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1» шаҳри Душанбе табдили ном кард.
Дар муассиса алҳол 85 нафар корманд, аз ҷумла мураббияҳо, табибону хоҳарони шафқат, равоншиносон ва дигарон фаъолият доранд. Дар ин макон 36 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Муассиса фаъолияти худро дар асоси қонуну санадҳои ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ роҳандозӣ намудааст. Ҳамчунин, муассиса бо мақомоти васояту парасторӣ, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои зичро роҳандозӣ карда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи бошандагони осебпазири ин даргоҳ, ҳимояву нигоҳубини кӯдакон ва дастгирии волидони онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.
- Мусаллам аст, ки аксари хонаводаҳо бо сабабҳои гуногун дучори мушкили иқтисодӣ шуда, аз фарзандонашон даст мекашанд. Бахусус, пас аз пошхӯрии оилаҳо, ба муҳоҷирати корӣ рафтани волидон ё маъюбӣ боиси аз муҳити оила дур мондани кӯдакон мегардад.
Ҳадафи фаъолияти муассиса маҳз дастгирии оилаҳои камбизоате, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд, мебошад. Ин васила дар ҷомеа радкунии тарбияи кӯдаконро аз ҷониби волидон аз байн бурда, ба бозгашти кӯдакон ба оила мусоидат менамояд. Модарони корафтода имкон доранд, ки муддате бошад ҳам, муваққатан фарзандонашонро ба «Маркази дастгирии оила ва кӯдак» оранд. Бахусус, модароне, ки кӯдакони маъюб доранд ва дар нигоҳубинашон танҳоянду азоб мекашанд, метавонанд аз имконияти фароҳамбудаи муассиса истифода баранд. Яъне, метавонанд, ки кӯдаконро ба ин даргоҳ оранду аз пайи муолиҷа ё дамгириашон шаванд, - иброз дошт роҳбари муассиса.
Эҳсоси зиндагӣ
Зиндагии тифлакон дар ин марказ мисли ҳаёти дигар кӯдакони боғчаҳои бачагона буда, 5 вақт бо хӯроки гарм таъмин ҳастанд. Саҳар модар кӯдакашро ба муассиса меорад, бегоҳ пас аз анҷоми корҳо фарзандашро ба хона мебарад. Ё кӯдаконе низ фаро гирифта шудаанд, ки шабонарӯзӣ дар марказ ҳамроҳи мураббияҳо мемонанд ва рӯзҳои истироҳатӣ модарон омада, фарзандонашонро бо худ мебаранд. Яъне, дар ин сурат кӯдак бо аҳли хонаводааш тамос мегирад ва аз муҳити оила, ки барои кӯдак рӯҳбаландкунанда аст, баҳра мебардорад.
Ҳар моҳ кормандони муассиса аз ҳолу аҳволи ин хонаводаҳо хабар мегиранд. Ба кӯдакон ва волидонашон ёрии равонӣ – тиббӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд. Ин ҳама хизматрасониҳои ройгон ба хотири дастгирии хонаводаҳо, бахусус модарон мебошад.
- Агарчи дар назар ин кӯдакони маъсум маъюбанд, эҳсосоташон солим аст. Онҳо меҳрубонию навозишро дарк менамоянд. Тифлакони маълул ниёз ба муҳаббату самимият доранд. Мутаассифона, на ҳар модар ин ҳолатро ҳис менамояд. Кӯдаконе сокини ин маконанд, ки моҳҳо, ҳатто солҳо касе аз наздиконашон барои аёдат ба суроғашон намеоянд. Вале онҳо ҳамеша таҳти ғамхории давлат қарор гирифтаанд.
- Вуҷуди кӯчаку дардманди онҳо низ шириниҳои ҳаётро эҳсос менамояд ва дар қалбашон муҳаббат ба зиндагӣ ҷӯш мезанад. Ин ҳолатро ҳангоми ҷашнгирии зодрӯзашон, ки барояшон шириниҳо туҳфа мегарданд ва аз рақсу бозӣ ва хурсандиҳои ҳамсолонашон рӯҳбаланд мешаванд, мушоҳида менамоем. Ва, албатта, ин ҳама талошҳоямон ба хотири он аст, ки онҳо низ худро ҳамчун як инсони комил байни ҳамсолонашон эҳсос намоянд, рӯҳафтодаву дилшикаста набошанд, - бо таассуф мегӯяд Зуҳробону.
Зуҳро Раҳмонзода моро дар ҳуҷрае, ки кӯдакони маъюб зиндагӣ менамуданд, ҳамроҳӣ кард. Пеш аз берун шудан аз ин ҳуҷра ба шаш тифлаки маъсуми рӯи катҳо хобида як – як назар дӯхт. Имрон (ном иваз шудааст) сӯяш дастак мезад. Ишора дошт, то ӯро рӯи даст гираду бо худ барад.
- Ҳар тифли ин даргоҳ муҳаббате ба як нафар мураббия ё табиби ин ҷо дорад. Мисле, ки фарзанд муҳаббаташро ба модар изҳор менамояд, онҳо низ ба мо бо ишора, бо ҳарф ва нигоҳе меҳрашонро иброз медоранд, - афзуд ҳамсуҳбатам.
аноҳито