Роҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази дастгирии Ғарм» Матлуба Раҷабалиеваро аз нахустин дидор нек дарёфтам. Воқеан, дар тинаташ ба ҷуз аз хайрхоҳиву мададгорӣ нисбат ба мардум чизи дигаре мушоҳида намегардад. Лутфу эҳсонашро дар баробари корафтодагон дида, кас қоил мемонад.
Иттиҳодияи мазкур бо ташаббус ва ибтикори ин бонуи матинирода соли 2001 таъсис ёфта, то ба имрӯз фаъолият дорад. Барномаҳои зиёде таҳти роҳбарии ӯ амалӣ гардида, дар самтҳои гуногун мардумро, ба хусус қишри осебпазири ҷомеа - ҷавононро дастгирӣ намудааст. Дар миқёси ноҳия нуфузи ташкилот баланд буда, мардум ба назари ибрату эҳтиром ба роҳбари он - Матлуба Раҷабалиева менигаранд. Бештари ҳолатҳо пиронсолони деҳаҳои дурдаст «ташкилоти Матлуба» гӯён муроҷиат менамоянд. Муаллима аз чунин унвон гирифтани иттиҳодия хушҳол гардида, табассум дар лабонаш мешукуфад.
Аз «муаллима» садо кардан хушҳол мегардад, зеро худ дар оилаи омӯзгор камол ёфтаву пешааш низ омӯзгорист. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро бо ихтисоси омӯзгори забону адабиёти рус хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Рашт оғоз намуд. Ҳамкоронаш сахтгирию серталабиҳояшро нисбат ба шогирдон ёд доранд. Дар ҷаласаҳову нишастҳо ӯро ҳамчун намунаи ибрат баҳри омӯзгорони ҷавон мисол меоранд. Натиҷаи ҳамин сахтгирию серталабиҳояш буд, ки писари муаллима Баҳодур Маҷидзода яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия - Донишкадаи байналмилалии славяниро (МСИ) бо дипломи аъло хатм намуда, алҳол дар шуъбаи рӯзонаи аспирантура таҳсил дорад. Дар баробари таҳсил ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Духтараш Шабнам Маҷидзода муҳассили соли савуми факултети забони англисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улугзода аст.
Борҳо аз забони шогирдонаш нисбат ба соҳаи муаллима арзи сипосашонро шунидаам. Яке аз шогирдон зикр намуд, ки солҳои вазнини баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муаллима дар шароити хона ба ману мисли ман баринҳо, ки имконияти пардохти маблағи дарсҳои иловагиро надоштем, ба тариқи ройгон сабақ медод. Дар машғулиятҳо пайваста таъкид медошт, ки ҳадаф аз гузарондани омӯзишҳо танҳо дастгирии хоҳишмандон аст.
Ба маълумоти омӯзгорӣ қаноат накарда, соли 2007 факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм намуд. Бо тақозои замон аз соли 2001 муаллима Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази дастгирии Ғарм» - ро таъсис дод. Лаёқату маҳорати кордонии ӯро дарк намуда, ба хотири беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии мардум созмону ташкилотҳои хориҷӣ пайваста барои амалӣ гардидани барномаҳо ба муаллима муроҷиат менамоянд. Барномае, ки мардум, ба хусус занон ба он ниёз доранд, ин лоиҳаи «Маркази дастгирии занон» (лоиҳа бо дастгирии САҲА) ном дорад. Лоиҳаи мазкур аз соли 2005 дар ноҳия фаъолият менамояд ва бо боварию эътимод метавон гуфт, ки ниёзмандон бо дастгирии кормандони марказ ба дардашон даво ёфтаанд. Буданд нафароне, ки аз шикасту ноомади бахт рӯҳафтода гардида, ягона роҳи раҳоӣ аз мушкилотро танҳо дар худкушӣ медонистанд. Маҳз бо дастгирию машварати кормандони марказ, бахусус роҳбари он, баъди ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб шудану соҳибтахассус гардидан, онҳо имрӯз ба ҳайси соҳибкор дар ноҳия фаъолият намуда, ба гирифтани грантҳои Президент ноил гаштаанд, ки онҳо дар шароити кунунӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳайси соҳибкор нуфузу эътибори хосаро соҳибанд.
Дар яке аз вохӯриҳо кампири қоматхамида муаллимаро ба оғӯш гирифта гирист, ки бо дастгирии шумо соҳиби чорвои калон гашта, аз фурӯхтани шири он шиками наберагони бепадарро сер мекардам. Бисёр риққатовар буд дидани ин манзара. Муаллима ашки чашмонашро пок намуда, холаҷон ин бо дастгирию хайрхоҳии сарпарастони шарикони рушд буд. Дар ҳаққи онҳо дуо кунед, вале боз ҳам зан рӯю мӯи муаллимаро сила намуда, ба онҳо ҳам дуои хайр мекунам, мегуфт.
Албатта, барои бонувони деҳаҳои дурдаст, ки дар масофаи 70 - 90 км аз маркази ноҳия қарор доранд ва дар марказҳои саломатӣ ва ё бунгоҳҳои тиббии маҳаллаашон аз норасоии мутахассисони касалиҳои амрози занона ва ё дастгоҳи ултрасадо азият мекашанд, яке аз масъалаҳои мубрам аст. Ба хотири дастгирии бонувони чунин маҳалҳо муаллима аз ҳисоби буҷети шахсияш масраф намуда, мутахассисони соҳаи тиб ва дастгоҳи ултрасадоро ба маҳалҳои мазкур бурда, бонувонро аз муоинаи тиббӣ мегузаронд.
Бо роҳнамоию тавсияҳои муаллима ҷавонзаноне, ки бахти оилавиашон омад накардаанд, ба коллечҳо, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва дигар донишгоҳҳо дохил гардида, баъди хатми он дар самтҳои гуногун фаъолият доранд, ки дар вохӯриҳо аз он рӯзҳои ноумедӣ ва умедворӣ бахшидани муаллима ёдовар мешаванд. Матлуба Раҷабалиева пайваста дар вохӯриҳо бо муҳассилони муассисаҳои таълимӣ таъкид менамояд, ки зан бояд соҳибмаълумот бошад…
Ҳадафи асосии муаллима ин дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, ба хусус занон мебошад. Ташкили курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ баҳри беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии бонувони бешуғли оилаҳои ниёзманди деҳоти дурдасти ноҳия равона гардидааст. Баъди шаҳодатномаи тахассусӣ гирифтан, духтарону занон дар корхонаҳои дӯзандагӣ ва дар шароити хона фармоиш қабул карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаашон мусоидат менамоянд.
Дастгирии ашхоси дорои маъюбият яке аз дигар ҳадафҳои хайрхоҳонаи марказ буда, муаллима пайваста ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳо ва дастгирии чунин афрод талош меварзад. Маҳз ба ҳамин мақсад солҳои 2018 - 2019 лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷомеа ва тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал дар ноҳияи Рашт» - ро, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Каритази Олмон маблағгузорӣ карда мешуд, амалӣ намуд. Ин барнома дар зарфи як соли фаъолият беш аз 40 нафарро ба ҷойи кор таъмин намуда, дар 8 ҷамоат (шаҳраки Ғарм, Навдӣ, Қалъаи Сурх, Қалъанак, Ҷафр, шаҳраки Навобод ва Тагоба) - и ноҳияи Рашт бо нафарони дорои маъюбият корҳои тавонбахшӣ гузаронд. Инчунин, дар маркази шаҳраки Ғарм барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба нафарони дорои маъюбият дар назди муассисаи давлатии КАТС (кумаки аввалияи тиббию санитарӣ), бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва дар назди МТМУ № 1 пандус (гузаргоҳҳо барои аробаҳои маъюбӣ) сохта ба истифода дод. Барои фароғати ашхоси дорои маъюбият дар даҳлезҳои биноҳои муассисаи давлатии КАТС ва дастгоҳи Ҷамоати шаҳраки Ғарм телевизионҳо насб шуд ва пайваста филмҳои мустанад аз ҳаёту рӯзгори ашхоси дорои маъюбият бо мақсади ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид намудани онҳо ба шаҳрвандон пешкаш мешаванд.
Матлуба Раҷабалиева, бонуи ғамхору мушфиқ, бо андешаи амалҳои шоиста баҳри беҳбуди шароити зисту зиндагии бонувони кӯҳистон ба сӯи қуллаҳои мурод гоме устувор мениҳад, ки ҳалолаш бод.
Ҷавоҳир ДАВЛАТОВА,
ноҳияи Рашт