Садои муҳаррики мошин фазои сокити деҳаро халалдор карда, ғубори роҳро ба ҳаво мепечонд. Остони фасли тамуз буду гармӣ бармаҳал ба ин макон раҳ ёфта, нақши худро дар ҷабини раҳгузарон мегузошт.
Мошин назди ҳавлии сарсабзу барҳаво ва кулбаи хоксорона қарор гирифт. Зани солдидаи ситорагарм ба пешвоз шитофт. Пушти табассуми нарм, ки ожангҳои бари лабону гӯшаи чашмонро намоёнтар месохт, чашми тезбин метавонист ғами ниҳониро хонад. Ин модар Робияҷон Саидраҳмонова, сокини деҳаи 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав аст. Ба хотир овардани овони нобасомони солҳои 90-уми асри ХХ, ки бо ҷигаргӯшаҳояш рӯди Панҷро бо машаққат убур кардаву доғу алами ҳиҷрат кашида буд, барояш басо гарон аст, ки гуфт: «Гоҳе, ки ёди он айём кунам, фишорам баланду ошуфта мешавам».
Холаи Робияҷон он овон дар деҳаи 50-солагии Қизил - Иттифоқи ноҳияи Қубодиён мезисту мазоре дар дил нуҳуфта дошт. Ӯ 11 ҷигарбандашро аз даст дода буд. Ҳар тифлаки ба дунё овардааш, ки бо андаке калон шудан бо рухсораҳои арғувониву ширин хандиданҳо касро дилгум мекард, ногаҳонӣ бо иллати номаълум абадан чашм мепӯшид. Модари ҷигарсӯз ба ҳар роҳу восита тавонист чор тифли дигарро аз коми марг бираҳонаду қисмати онҳоро дигаргун созад. Ҳамакнун меваҳои умрашро мебӯиду менавозид, ки гирдбоди даҳшатбори ҷанг ба деҳи онҳо даррасиду ҳаёти онҳоро ба куллӣ вожгун сохт.
Поси шаб садои ҷоншикофи тир фазои деҳаро пур кард. Гурӯҳи силоҳбадастон савори мошинҳои ҷангӣ хонаҳои мардумро тирборон намуданд. Зистгоҳҳои аҳли деҳ, макони паноҳанда аз офатҳои заминию осмонӣ барои соҳибони худ дигар сарпаноҳ набуд – ҳама ба хок яксон гаштанд. Доду ғиреви хурду бузург ба фалак мепечид. «Ҷангтон аз сартон монад, ки на чиз дорему на чора, чаро моро таъқиб доред?» - гӯён холаи Робияҷон таги як курта чор фарзандро сахт бағал карду худро ба гурӯҳи мардуми фирорӣ зад. Ҳамсару модаршӯ низ пушти онҳо шитофтанд. Бо азобу уқубати зиёд, баъди чанд рӯз бо пойҳои хуншору рухсорҳои бодхӯрдаю зери шуои офтоб сӯхта баробари ба рӯдхонаи Панҷ наздик шудан, аз чаҳор тараф зери тирборон монданд. Кӯдакон бо чашмони аз даҳшат калоншуда худро сахттар ба оғӯши модар мечаспонданду паноҳ меҷустанд. Дарун - даруни ҷӯйбору пастхамиҳо гаваккашон роҳи гурез паймуданд. Ҷавоне тир хӯрду сарозер ба замин афтид. Робияҷон «оҳ» гӯён фарёде кашиду лаби рӯймолро даронда, манаҳи шаҳидро баст. Сипас, бо ҳамсару кӯдакон ва модаршӯяш роҳро идома бахшид. Раҳораҳ рӯи замин мурдаи зиёд мехобид. Канори дарёи Панҷ ҷойи паноҳтаре ёфта, хостанд каме нафас рост намоянд, ки тирпарронӣ шиддат гирифт. Пеши чашмаш зане аз ноилоҷӣ худу кӯдаконашро ба дарё афканд ва чанде пас миёни мавҷҳои пуртуғён нопадид гаштанд. Аз он сӯ, нафаре савори пароми худсоз, кемае, ки аз балонҳои мошин сохта шуда буд, назди онҳо даррасид. Ҳамагӣ савори он гаштанд, ҳамсари Робиямоҳ паромро тела доду худ ба қафо баргашт. То ба соҳили муқобил ду метр монда буд, ки балонҳоро тирҳои дайду шикофтанд ва «киштишикастагон» даруни об шуданд. Ҳарчи зери по заминро ҳис карданду аз дарё худро берун кашиданд. Хаставу афсурда, гурустнаву сар то по тар ба хоки афғон қадам ниҳоданд.
Назди онҳо марди солори ҷомаву дасторпӯш бо риши то миён дамидаву ҳамагӣ як дандон дар даҳон наздик шуд: «Ай сияҳсар, магар ҳуштукҳот гурусна нестанд?» Холаи Робияҷон тарсу ҳаяҷонзада нафаҳмид, ки ӯ чӣ мегӯяд. Баъдтар дарк кард, ки «сияҳсар» занрову «ҳуштук» гӯён кӯдаконро садо мекардаанд. «Ҳе модар, биё, хонаи мо бирем, об хӯрдум об бихӯр, хок хӯрдум хок», гуфтанҳои марди афғон ӯро ба даҳшат овард. Ноилоҷ сӯи хонаи он мард роҳ гирифтанд. Чаҳор ҳамсари он мард итоаткорона гуфтаҳои шавҳарро ба ҷо меовард, ки хурди онҳо ҳамагӣ 15 сол дошт.
Рӯзҳои сангини оворагиву гурезагӣ таъсиргузор омад, ки писари аввалиаш ба домана гирифтор шуду дувумӣ ба бемории номаълум, ки гӯшти баданаш аз ҳам мерехту гиряи талху ҷонкоҳи писар ба фалак мепечид. Мардуми таҳҷоӣ ба ёрии модари лолу ҳайрон омаданду ба писар шири шутуру дору хӯронданд. Се шабонарӯз писар беҳушу ёд хобид ва ҳамин ки ба ҳаракат меомад, боз аз ширу дору ба комаш мерехтанд. Баъд аз чанд рӯз пӯсти бадан рӯ гирифтаву писар ба худ омад. Модар ашки шодӣ мерехт.
Пас аз ду моҳ ҳамсараш дарёро убур карда, баъди ҷустуҷӯҳо зану фарзандонашро ба оғӯш гирифт.
Муддате чанд онҳо дар хаймаҳо зистанд. Рӯзе бародараш ба ӯ гуфт, ки хоҳар, ин ҷо ҷойи мо нест, ки ҳар рӯз ҷанг аст, бояд коре карда ба Ватан баргардем. Он хонаводаҳоеро, ки ба гурезагони тоҷик ёрӣ мерасонанд, зери таъқиби қабилаҳои дигар мемонанд, пушти дари эшон нишоне мегузоранд ва шомгоҳон шабохун мезананд, амсоли қиссаи «Алибобо ва чил роҳзан».
Дар гурезагӣ азоби дӯзахро дид. Вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки тамоми гурезаҳо бояд ба Ватан баргарданд, бархосту остин барчид ва гуфт: «Хезед, чизу чораҳои худро ғундоред ва равем аз ин ҷо. Агар як халта тилло диҳанд ҳам, дигар намеистам. Ба тарзи зисту урфу таомули афғонҳо одат карда натавонистам».
Дар он сӯи дарё, дар Ватан силоҳбадастон ҳанӯз ҳам мардумро таҳдид мекарданд. Аммо холаи Робияҷон гуфт, ки мурданро ба калла мегирам, аммо гурезагиро не. Худо гирад, дар Ватан бигирадам.
Ин модари диловар бо ҳамсару фарзандонаш азоби зиёди роҳ ва таҳдидҳо кашида, билохира ба деҳаи худ баргашт. Аз хона дигар нишоне набуд, ҳама сӯхтаву хоки рӯи раҳ гашта. Бо маслиҳати шавҳар роҳ сӯи ноҳияи Бешкент (ҳоло Носири Хусрав) гирифтанд, то зиндагии наве оғоз намоянду риштаи уқубатҳоро барканда, ба гӯшаи фаромӯшӣ андозанд.
Имрӯз онҳо зиндагии одию хоксорона доранду сулҳу оромӣ ва ваҳдати сартосарии Тоҷикистонро волотар аз ганҷи Қорун медонанд. Қиссаи талху ҷонгудози он рӯзгорон ва азоби ҳиҷронро ба гӯши наврасу ҷавонон мерасонад, то даме, ки онҳо ҷон дар рамақ доранд, ҳодии сулҳу салоҳ бошанду қосиди навиди пешрафту шукуфоии кишвари азизи хеш.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Носири Хусрав - Душанбе