БОНУЕ ГУРДАФКАН
Сухане чанд дар бораи раиси деҳоти Ворух Меҳ рӣ Рустамова, ки мардумро ба ободкорию созандагӣ раҳнамун месозад
Тобистони соли 2019 як гурӯҳ адибонро ба қисми ҳарбие дар ноҳияи Спитамен даъват карданд, то дар вохӯрии модарони аскарон бо фарзандонашон, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳ- ри Исфара сурат гирифт, ширкат варзем. Мулоқот дар сатҳ и баланд гузашт ва баъдан модарон бо аскарбачаҳ ояшон гирди дастархон нишаста, суҳ бате оростанд. Дар ҳ амин ҷо бори якум бо раиси деҳ оти Ворух Меҳ рӣ Раҳ матова шинос шудам, ки гурӯҳ и модаронро ҳ амроҳ ӣ мекард. Ҳини суханронӣ аз минбар ҳар ҷумлаашро бо панде, шеъре, ривояте дар зарурати дӯстдорию ҳифзи Ватан, ҷасорату матонат тақвият мебахшид. Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод, ки Меҳрӣ Раҳматоваро аз солҳои донишҷӯияш мешинохтааст, гуфт:
- Меҳринисо ҳақиқатан духтари оташ аст, табъи баланди суханронӣ дорад. Бубинед, дар роҳбарӣ ҳам истеъдоди нодир доштааст, ки ҷавонони деҳаро ба сафи артиш ҷалб карда тавонистааст ва имрӯз модаронро барои бовар карданашон ба он, ки фарзандонашон дар қисми ҳарбӣ шароити хуби хизмату маишат доранд, ба аёдат овардааст...
Муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоён, ки дар маҳфили мо ҳузур дошт, Меҳрӣ Рустамоваро хеле тавсиф карда, гуфт, ки ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба дили мардуми Ворух роҳ ёфт, ки дар шароити ҳозира кори осон нест.
Аз ҳамон рӯз ният доштам, ки дар бораи кору пайкори роҳбари як деҳоти калон маводе таҳия намоям. Аз ин рӯ, чанде қабл озими Ворух шудам, то бо бонуи омӯзгор, модар ва роҳбар суҳбате ороям.
ВАСИЯТИ ПАДАР
Меҳрӣ нағз мехонд ва ҳар боре ки падар рӯзномаи пур аз баҳои аълои ӯро медид, аз шодӣ меболид ва ваъда медод, ки агар хонданро ҳамин тавр идома бахшад, ҳатман духтари донояшро оянда дар мактаби олӣ мехононад. Аммо ҳанӯз дар синфи ҳафтум таҳсил мекард, ки падари меҳрубон чашм аз олам пӯшид, вале пеш аз таслими ҷон дасти навозиш ба сари Меҳринисо гузошта, ба аҳли хонадон, хусусан, ба модар ва бародари калонияш васият кард: “Агар ҳамин духтари ширинамро минбаъд нахононед, донед, ки як дасти ман аз хок берун мемонад”.
ДОНИШҶӮ
Соли 1986 бо 37 нафар духтарони ҳамсинфаш мактаби миёнаи № 21 - и зодбумро хатм кард. Аз он гурӯҳ танҳо Меҳрӣ Раҳматова ба идомаи таҳсил камар баст. Бо мусоидати бародар ва модари меҳрубонаш ба омӯзишгоҳи педагогии Ленинобод (ҳоло коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) дохил шуд.
Ҳафтаҳои аввал роҳбарият ва омӯзгорон бештар ба духтарони шаҳрӣ таваҷҷуҳ ва такя мекарданд, аз ҳисоби онҳо сардорони гурӯҳҳо, котибони ташкилотҳои комсомолӣ ва дигар “амалдорон” - ро таъйин менамуданд. Аммо ҷамъбасти нимсолаи якуми хониш нишон дод, ки духтарони деҳотӣҳам аз онҳо камие надоранд. Меҳрӣ ҳамаи имтиҳону санҷишҳоро бо баҳои аъло супурд ва дар корҳои ҷамъиятию чорабиниҳои гуногуни омӯзишгоҳ аз дигарон фаъолтар буд. Ӯро ҳатто ба чорабиниҳои ҷавонони вилоят даъват мекарданд. Азбаски зуд - зуд дар рӯзномаҳо хабару мақолаҳои ҷолиб менавишт, Меҳриро ба университети мухбирони коргару деҳқон, ки дар назди рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”) амал мекард, пазируфтанд. Ду сол дар ин даргоҳ таҳсил карда, соҳиби шаҳодатномаи хабарнигорӣ шуд.
РОҲ БАРИ 20 - СОЛАИ КӮДАКИСТОН
Дар синни бистсолагӣ омӯзишгоҳро бо баҳои аъло, бо дипломи сурх хатм кард ва ба деҳа баргашт. Дар шуъбаи маориф ӯро мудири ягона кӯдакистони деҳа таъйин карданд. Меҳрӣ аввал розӣ нашуд. Охир ҳамаи мураббиёну кормандони кӯдакистон аз ӯ ба синну сол калон, таҷрибаашон зиёд буд. Оё ӯ метавонад ба онҳо роҳбарӣ кунад? “.
Албатта, ҳафтаҳову моҳҳои аввали роҳбарӣ барояш осон намегузаштанд. Ӯ оҳиста - оҳиста ба дили кормандон роҳ меёфт, талаботи кор дар муассисаро бо мулоиматӣ мефаҳмонд, барои мураббиёни бемаълумот дарсҳои назариявӣ мегузашт.
Кори кӯдакистон бо роҳбари нав пешрав гардид ва сокинони деҳа бештар кӯдакони худро ба он номнавис мекарданд. Талабот меафзуд ва Меҳрӣ низ барои васеъ кардани имкониятҳои он талош меварзид. Ҳатто дар ҳамон солҳои душвори даҳаи охири асри гузашта ягон рӯз ҳам дари кӯдакистонро набастанд. Бо ташаббуси ӯ дар кӯдакистон ду бинои иловагӣ, анбор сохтанд, гурӯҳҳо зиёд шуданд.
Меҳрӣ бештар духтаронеро, ки нав соҳиби маълумоти касбӣ гардида буданд, ба кор ҷалб менамуд. Бо назардошти талабот дар кӯдакистон як гурӯҳи тайёрӣ ба синфи якум созмон дод, ки талабгорони зиёд пайдо кард.
Хулоса, тӯли 13 соли роҳбарии Меҳрӣ Рустамова кӯдакистони деҳа дар ҳудуди Исфара яке аз беҳ таринҳо маҳсуб меёфт.
МУАЛЛИМАИ МУЗАФФАР
Дар ин давра вай факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ғоибона хатм кард. Ҳамзамон, дар мактаби миёнаи №53 дарс медод. Соли 2011 дар озмуни “Муаллими сол” - и Исфара ширкат варзида, соҳиби ҷои сеюм гашт. Чанде нагузашта ӯро муовини директори мактаб таъйин карданд.
Маҳз бо иқдом ва такопӯи ӯ дар ин муассисаи таълимӣ нахустин синфҳои таълимии фосилавӣ роҳандозӣ шуданд, ки баъдан ин таҷриба дар мактабҳои дигарҳам роиҷ гардид.
Солҳои 2013 - 2018 Меҳрӣ Рустамова директори МТМУ № 60 деҳоти Ворух таъйин шуд. Роҳбари нав корро аз таъмиру тармими бинои мактаб, ки хеле фарсуда шуда буд, оғоз кард. Дар як муддати кӯтоҳ мактаб аз таъмири асосӣ пурра баромад, Барои омӯзгорон ва хонандагон шароити хуб фароҳам гардид.
Муҳимтар аз ҳама сифати таълим беҳтар ва дохилшавии хатмкардагони ин боргоҳи дониш, хусусан, духтарон ба муассиаҳои олию миёнаи махсуси касбӣ назар ба солҳои пешин рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
ПЕШНИҲОДИ РАИСИ ШАҲР
Фаъолияти бонуи пурҳунар тӯли ин солҳо танҳо бо роҳбарии кӯдакистону мактаб ва омӯзгорӣ маҳдуд нашуд. Ҳамчун зиёии асил доим барои беҳбудии рӯзгори сокинони деҳ , хусусан, бонувон часпу талош мекард. Ҳамчун раиси шӯрои занони деҳот барои таҳкими мавқеи бонувон дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқҳои онон, ба таҳсил бештар фаро гирифтани духтарон талош меварзид.
Соли 2018, вақте ки раиси нави шаҳр Сиҷоуддин Саломзода бо мардуми Ворух мулоқот дошт, Меҳрӣ Рустамова ҳамчун раиси шӯрои занон дар бораи камбудиву норасоиҳо, роҳҳои ҳалли онҳо ошкоро арзи дил кард.
- Баъди як моҳи суханронӣ маро ба қабули раиси шаҳр даъват карданд, - мегӯяд Меҳрӣ Рустамова. – Ҳайрон шудам, ки раис бо ман чӣ кор дошта бошанд, ё шояд гуфторам писандашон наомада ва акнун накуҳиш медиҳанд. Ғайричашмдошт Саломзода гуфтанд: “Ҳамчун раиси шӯрои занон бисёр суханони ҳақ гуфтед. Хело андешидам, бо фаъолони ҷамоат вохӯрдам, шарҳи ҳолатонро омӯхтам. Хулоса, шумо бояд раисии деҳоти Ворухро ба уҳда гиред”.
Аз ин пешниҳод муддате шок мондам, зеро раис шудан дар гӯшаи хаёлам набуд.
Эътироз кард. Охир Ворух минтақаи сарҳадист, ки ба ғайр аз мушкилоти зиёди дохилӣ боз сари чанд вақт ба касофати баъзе фитнагарони кишвари ҳамҷавор дучори нооромиҳо мешавад. Хуб нест, ки раис аз ҳисоби мардон интихоб шавад? Ин андешаҳояшро ба раиси шаҳр гуфт, аммо Саломзода дар тасмими худ устувор монд.
Моҳи апрели соли 2018 Меҳрӣ якдилона раиси деҳоти Ворух интихоб шуд.
ИҚДОМИ НАХУСТИН
Ворух 43 ҳазор аҳолӣ дорад. Ӯ огаҳӣ дошт, ки дар замони шӯравӣ танҳо як зан раиси деҳот будааст – Фароғат Бобониёзова ва ӯ ҳам танҳо як сол роҳбарӣ кардаасту халос.
Меҳрӣ қариб ба ҳаёти ҳар хонаводаи деҳа шинос ва шарики шодию ғами онҳо буд, бо такя ба мардум ва дастгирии фаъолон ба кор ҳусни оғоз бахшид. Таҷрибаи чандинсола ба ӯ имкон дод, ки мардумро ба ободкорию созандагӣ сафарбар намояд.
Яке аз нахустин иқдомҳо обод кардани роҳи маркази деҳа буд. Раис мардумро бовар кунонд, ки метавонем аз ҳисоби пасандозҳои худ кори таъмири роҳро оғоз бахшем. Соҳибкорон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ташаббуси ӯро дастгирӣ карданд. Зиёда аз 3 миллион сомонӣ ҷамъ оварданд. Кор сар шуд. Дар ҳамон вақт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба деҳа омад ва аз ташаббуси аҳли деҳ хурсанд шуда, ба таъмири роҳ аз ҳисоби буҷети вилоят маблағи калон ҷудо кард.
Меҳрӣ дар доираи имконоти ҷамоат барои беҳ будии ҳаёти деҳотиён чандин иқдоми дигарро низ роҳандозӣ намуд. Ӯ медонист, ки дар шаҳрҳои гуногуни Россия чандин соҳибкорони муваффақи ворухӣ заҳмат мекашанд ва мехоҳанд дар рушди зодгоҳ саҳм гузоранд. Аз ин рӯ, 13 марти соли 2020 Меҳрӣ Рустамова ҳамроҳи раиси маҳаллаи “Тоҷикон” Ғафур Ҷӯраев ва имом - хатиби масҷиди деҳа Муқомиддин Суннатов ба шаҳрҳои Барнаул ва Новосибирск сафар карда, бо ҳамдеҳагон суҳбату мулоқотҳои судманд орост. Ҳарчанд балои ногаҳонии COVID -19 ба созишҳои ҳосилшуда халал расонда бошад ҳам, ҷавонмардон ба деҳаи азизи худ то ҳадди имкон ёрӣ расонданд.
АШКИ ТАЛХ
Ҳар бори даргирӣ ва муноқиша дар марз, раиси шердили Ворух, он ҷо ҳозир мешавад ва барои ором кардани мардум бо роҳбарони деҳоти ҳаммарзи Қирғизистон талош меварзад. Борҳо ҷон зери хатар ҳам мондааст, аммо ҳеҷ гоҳ худро аз мавҷи ҳодисот дур намегирад. Барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо далелу бурҳони қотеъ садо баланд мекунад, ки ҳатто баъзе роҳбарони деҳоти ҳаммарз ҳангоми музокирот ба андеша мераванд.
- Моҳҳои март ва июли соли 2019 дар марз муноқишаҳо ба тиру сангпарронӣ аз ҷониби ҳамсояҳо табдил ёфтанд. Сокинони деҳаи мо Расоиддин Тешаев, Ҷалолиддин Қараев шаҳид шуданд, чандин нафар захм бардошт, - мегӯяд Меҳрӣ Рустамова. – Ман он вақтҳо рӯзона мардумро рӯҳ баланд мекардаму шабона дар танҳоӣ ашки талх мерехтам. Худо кунад, ки дигар ин фоҷиаҳо такрор нашаванд. Ман ба модарони кишвари Қирғизистони ҳамсоя чунин муроҷиат карданӣ ҳастам: “Барои модар аз марги фарзанд дида, андуҳи гаронтаре нест. Пас биёед, ҷигарбандони худро ба оташи ҷанг наафканем, аз даъвоҳои беҳуда даст кашем ва ҳамсоягони нек бошем!”
ПОСДОРИ ХОНАДОН
Ӯ рисолати модариро барои як бонуи тоҷик муқаддамтар ва муқаддастар аз дигар вазифаҳо меҳисобад. Ва бар ин аст, ки маҳз хонадони солим ва пойдор боиси комёбии зану мард дар ҷабҳаи кору пайкор мегардад. Шукр мекунад, ки қисмат як марди комили саропо ҳунар Юсуфхон Атохоновро ҳамумри қарини ӯ гардондааст, ки бо ҳам се ниҳоли борвари боғи зиндагиро ба камол расондаанд. Се духтари зебо - Дилнавоз, Шаҳнавоз ва Шабнам, ки соҳиби хонаву дари ободанд, бо ҳафт набераи ширин бобою бибии хушбахтро дӯст медоранд.
ОНҲ О БИСЁРАНД
Меҳрӣ Рустамова дар зарфи се сол тавонист дар кори роҳбарӣ тавоно будани як бонуро исбот созад. Бо ифтихор мегӯяд, ки сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар мисоли деҳоти Ворух натиҷаҳои самарабахш додааст.
- Бубинед, аксари кормандони соҳаҳои тандурустию маорифи деҳа занону духтаронанд, сафи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби бонувон рӯз ба рӯз меафзояд. Мо бо сартабиби беморхонаи минтақавии деҳа, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Карима Ҳакимова, директори МТМУ №22 Шукрия Юлдошева, сардори хоҷагии деҳқонӣ Насима Аҳророва, роҳ бари маркази дастгирии рушди деҳа Маърифат Сангинова ва бисёр дигарон ифтихор дорем. Ҷалби духтарон ба идомаи таҳсил хеле беҳ шудааст. Алҳол танҳо аз Ворух дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси кишвар 230 нафар духтар мехонад. Аз квотаҳои президентӣ самарабахш истифода мебарем. Бисёр духтаронро номбурдан мумкин аст, ки баъди хатми донишгоҳ ба деҳа баргашта, дар пешрафти соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд. Масалан, Соҳила Болтаева, ки бо квота Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кард, алҳол муовини раиси деҳот аст. Дар чандин иншооте, ки ҳангоми сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, даҳҳо нафар занону духтарони мо соҳиби ҷои кор хоҳанд шуд. Маҳз дар натиҷаи заҳматҳои бонувон деҳоти мо дар озмунҳои гуногуни вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ғолиб омадааст. Масалан, дар озмуни ҳаминсолаи “Сайри гули лола” дар байни ҷамоатҳои деҳоти ҷумҳурӣ мо сазовори ҷои дуюм гаштем.
ПОДОШИ ЗАҲ МАТ
Меҳрӣ Рустамова аз он ифтихорманд аст, ки заҳматҳои чандинсолаашро барои рушду пешрафти диёр қадр кардаанд.
- Фараҳ мандтарин рӯзи умри худро 29 - уми августи соли 2019 меҳисобам, ки дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба камина медали “Хизмати шоиста” – ро сазовор дониста, бо суханони падарона маро рӯҳ баланд карданд, - мегӯяд ӯ.
Меҳрӣ Рустамова, ҳамчунон, бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, медали Жуков, медалҳои ҷашнии 20 ва 25 - солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ифтихорномаҳо сазовор шудааст.
- Ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳ урии Тоҷикистон муҳ тарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух, 9 апрели соли 2021, хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаҳои Сангтӯда ва Тоҷикон, мактаби нав дар маҳаллаи Сангтӯда барои 1000 хонанда, қасрифарҳанг, марказҳои хизматрасонӣ бо майдончаҳои варзишиву ду ҳавзи шиноварӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, қаннодию ҳунарҳои дастӣ ва чандин иншооти дигар ба маблағи умумии 45 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ҳама сокинони ватани маҳбубамон ифтитоҳи онҳоро аз тариқи телевизион тамошо карданд, - мегӯяд Меҳрӣ Рустамова.
– Мардуми моро суханронии Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣ бо сокинони деҳаамон ба ваҷд овард ва рӯҳияи созандагияшонро баланд бардошт. Сарвари давлат дар ин вохӯрӣ бо ман ҳам суолу ҷавоб карданд ва аз камбудиҳою мушкилот пурсон шуданд. Азбаски худ дар суханронияшон гуфтанд, ки: “Ҳукумати мамлакат аз мушкилоти сокинони шаҳри Исфара ва махсусан, деҳоти Воруху Чоркӯҳ огоҳии комил дорад” ба ҷуз арзи сипоси ҳамдеҳагонам барои ғамхориҳои рӯзафзунашон чизе наафзудам. Зеро мисли дигар ҳамдеҳагон бовар дорам, ки бо ин сарамарди даврон, Пешвои азизи тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкиле нест, ки осон нашавад!
Ҷӯра ЮСУФӢ,
Ворух, Исфара