Дар яке аз корзорҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гурӯҳи вижаи сарбозони ҳушманд, ки пешопеши неруҳои озодибахш мерафтанд, дар мавзеи байни Лаҳистону Чехословакия дар муҳосираи фашистон монда буд. Дар миёни 7 нафар ҷанговари диловар, дастпарвари хона – интернати Кангурт Раҳими сарбоз ҳам буд, ки аз 17 - солагӣ дар набардҳои хунин иштирок дошт.
Аз фарҷоми ҷанги дувуми ҷаҳонӣ 76 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то кунун ҷозибаи достонҳои таконбахши лашкари зафарёби ҷумҳуриҳои бародар василаи мафкурасозии ҷомеа ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносии башарият ҷиҳати дифоъ аз марзу буми меҳани хеш маҳсуб меёбад. Мирзоев Раҳим Каримович аз зумраи сарбозони далери тоҷик аст, ки бо шуҷоатмандиву муборизаҳои қаҳрамононааш дар таъмини ѓалаба бар фашизми гитлерӣ, номи худ ва миллати тоҷикро дар достону ҳамосаҳои размии урдуи ҷовидном боқӣ гузоштааст.
Ӯ соли 1925 дар деҳаи Вахинаки собиқ ноҳияи Сари Хосор чашм ба олами ҳастӣ кушода, маълумоти ибтидоиро дар хона-интернати бачагонаи Кангурт мегирад ва аз соли 1942 дар қатори садҳо ҷавонони шуҷои Тоҷикистон ба сафи Армияи Сурх пайваст. Пайроҳаи размии Раҳим Мирзоев 9 сол тӯл кашида, дар зарфи ин муддат як қисм ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва сарзаминҳои дуродури Ѓарбро пиёдаву савора тай задааст.
Раҳим баъди гузаштани машқҳои омодабошии низомӣ хизмати ҳарбиро аз шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия оѓоз бахшид. Баъдан, дар муҳорибаҳои озодибахши кишварҳои Лаҳистон, Руминия Чехословакия ва дигар сарзаминҳои Аврупо иштирок намуда, шоҳиди тантанаи бузурги Ѓалаба дар Рейхстаги Берлин буд.
Ѓалаба бар фашизми гитлерӣ на танҳо масири рушди иқтисодӣ - иҷтимоии ҷаҳонро таѓйир дод, балки он ба ташаккули идеология ва тарбияи маданияту маърифати ҷомеаи кишварҳои олам таъсиргузор буд. Бо ҳама таваҷҷуҳу ѓамхориҳои пайвастаи давлат ҷиҳати фароҳамсозии беҳтарин шароитҳои иҷтимоиву маишӣ нисбат ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боз ҳам дар гумон аст, ки баробари қатрае аз баҳри фидокориҳои иштирокчиёни он ҷанги хонумонсӯз хизматашонро ба ҷо оварда бошем. Ҳолиё, аз ҳазораҳо сипоҳиёни аз ҷабҳа баргашта, теъдоди ангуштшумор боқӣ мондаанд, ки аз он ҳодисаи даҳшатбор ногуфтаҳои зиёд доранд.
- Аз воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо набардҳои хунин ва лаҳзаҳои фоҷиабори аз даст додани дӯстону ҳамяроқон дар ёдам нақш бастаанд, ки ба хотири наҷоти инсоният аз зулму истибдоди фашистон ҷони худро фидо карданд,- мегӯяд Раҳим Мирзоев. – Бо гузашти солҳо рӯзе нашудааст, ки манзараи ба шаҳодат расидани ҳамяроқи ҷониам Максими тирандоз, пеши чашмам ҷилвагар нашуда бошад. Ӯ мергани беҳамтову ҷанговари ѓаюре буд, ки ба хотири пирӯзии мо дар як муқовимати ҳафтнафара бо ротаи фашистон ҷони худро бохт.
Ба гоҳи суҳбат дар мавзӯи Ѓалаба ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ пайваста таъкид мекунад, ки азбаски бисёриҳо аз фронт барнагаштанд ва иддае аз ҳамяроқонаш хело барвақт дунёро падруд гуфтанд, шояд, то ҳанӯз аз сад як ҳиссаи корнамоиҳои намояндагони Тоҷикистонро аз сангарҳои ҷанги бузург нашнида бошем.
Баъди озодсозии қораи Аврупо Раҳим Мирзоев ду сол дар шаҳрҳои гуногун хизмати ҳарбӣ анҷом дода, сипас, соли 1951 ба вилояти Фарѓонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада, дар корхонаи равѓанбарорӣ кор мекунад. Баъдан Институти политехникии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси муҳандис - механик хатм намуда, ҳамчун мутахассиси ҷавон ба корхонаи равѓанбарории ноҳияи Фархор ба кор меояд.
Дидору дилбастагӣ ба зеботарин духтари фархориро инъоми сарнавишт медонист, ки баъди шебу фарози рӯзгор бахту хуррамиро насибаш гардонд. Аз ҳаёти ошиқона бо Мошариф Алимардонова соҳиби се писару як духтар гашта, фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳру садоқат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллату давлат ба воя расондаанд. Писаронаш Сафар механик ва Ҷаббор байтор буда, Ҳасан сохтмончӣ ва ба қавли зодмандон духтаргули хонадонашон Раъно Раҳимзода ходими давлатӣ мебошад.
Раҳим Мирзоев баъди ба нафақа баромадан солиёни зиёд ба ҳайси раиси маҳалла фаъолият бурда, дар рушди деҳи зист ва ободии ноҳияи Фархор саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамдеҳагон солҳои раисии маҳаллаи ба номи Нуралӣ Исҳоқи шаҳраки Фархорро ба зимма доштани ин марди номоварро оѓози корҳои хайру созандагӣ ва фаъолгардонии сокинон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушду ободонии кӯчаву хиёбонҳои маҳалла мешуморанд.
Овони бознишастагиро дар ҳалқаи набераву абераҳо беҳтарин хушиҳои ҳаёти пурбаракати худ дониста, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва дастгириву меҳрубониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат чунин мегӯяд:
«Дар таърихи халқи куҳандиёри мо хушбахттарин мардумон ин насли имрӯзаи Тоҷикистон аст, ки баъди ҳазорсолаҳои бедавлатӣ ҳамакнун дар кишвари соҳибистиқлоламон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот пойдор асту барои илму ҳунаромӯзии ҷавонон шароиту имкониятҳои бузург фароҳам оварда шудаанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Фархор