Модар аз таҳсилоти олӣ дар канор монда бошад ҳам, бо ақли табиӣ, дониши мактабӣ ва ҳунармандиҳои беназираш дар таълиму тарбия, ташаккули афкор ва умуман, интихоби касбу ҳалли мушкилиҳои фарзандон устоди раҳнамо дар зиндагӣ буд.
- Сарфи назар аз он ки бобоям раиси хољагии овозадор ва ҳам намояндаи ҳокимияти шӯравӣ дар кӯҳистони дурдаст ба шумор мерафт, вале нагузоштааст, ки духтаронаш дар муассисаҳои олӣ таҳсил намоянд, - аз рӯзгори гузашта ёдовар мешавад қаҳрамони мо. - Биноан, модарам умре саъю талош мекард, то орзуву ормонҳои дар дил нуҳуфтаашро дар ҳаёти фарзандон амалӣ созад. Дар остони падар китобхонӣ шуѓли дӯстдоштаву панду насиҳатҳои модар таконбахши андешаву орзуҳои кӯдакиам буд.
Айёми мактабхонӣ боре нашудааст, ки Шаҳло дар мавриди интихоби касб ба љуз пайравӣ аз падари омӯзгораш атрофи пешаи дигаре ҳарф зада бошад. Чун аз диди нуфузу обрӯмандии омӯзгорон дар љомеа ва рӯзгори ибратомӯзи қиблагоҳаш, ки бо афкору ѓояҳои маорифпарварона зеҳни мардумро ба илму донишандӯзии фарзандон бедор мекард, Шаҳло низ аз хурдсолӣ ба муҳити мактабу пешаи омӯзгорӣ дилбастагӣ дошт. Аз шавқу лаёқати баланд дар риштаи забономӯзӣ ва ё заковату доноии фавқулодааш, ки устодони дабистонӣ дар симои ӯ омӯзгори фанни забону адабиёт ва ё таърихнигори ояндаро медиданд.
- Ворид шуданам ба арсаи сиёсат ва фаъолият дар мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хати тақдир буда, ба ин зинаҳо расиданамро тасаввур ҳам намекардам. Ба хусус, дар баҳори умр, ки баробари хатми мактаби миёна зодмандон маро ба шавҳар дода буданд, - хандида изҳор дошт Шаҳло Ҳасанзода. – Баъди се соли оиладорӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳуљљат супурда, донишљӯи шуъбаи ѓоибонаи факултети методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ шудам. Рӯзи ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтанам, ки устодони дабистонӣ бо таҳнияту дуои нек ману як љавони дигарро ба ҳайати муаллимони МТМУ №1 пазируфтанд, аз лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти ман буд, ки ба гоҳи ёдоварӣ аз он эҳсоси фараҳбахше маро фаро мегирад.
Соли 1998 бо мақсади эҳёи дубораи саёҳати дохилӣ ва рушди истеъдодҳои наврас Шаҳло Ҳасанзодаро ба вазифаи директори клуби сайёҳон ва истеъдодҳои навраси ноҳияи Муъминобод муносиб донистанд. Давоми солҳои роҳбарии ӯ фаъолияти 12 маҳфили ҳунаромӯзии марказ љоннок гашта, теъдоди ихтироъкорону истеъдодҳои наврас меафзуд. Бо густариш ёфтани ҳамкориҳои клуби сайёҳон ва истеъдодҳои наврас бо муассисаҳои таълимии ноҳия ташкили саёҳати хонандагон ба дараи Чилдухтарон ва мавзеъҳои дигари таърихӣ ба ҳукми анъана даромад, ки ин ташаббусҳо љиҳати ташаккули зеҳнии насли наврас то имрӯз идома дорад.
Бо ҳама дастоварду пешравиҳо ва донишу таљрибаи аз падар омӯхтааш, боз ҳам аз пешниҳоди ногаҳонӣ ба вазифаи сарвари МТМУ №1 ӯро ҳисси дудилагӣ фаро гирифт. Чаро ки дастпарвари дабистон аз тору пуди ин муассисаи таълимӣ огаҳӣ дошта, беолоиш идома додани пайроҳаи падарро, ки аз ин маснад бо шарафу обрӯмандӣ ба нафақа баромада буд, имтиҳони љиддӣ медонист.
Аз ҳамон давраи саъю талошҳои роҳбари љавон баҳри беҳбудии сифати таълим, фаъолгардонии Шӯрои падару модарон љиҳати фарогирии духтарон ба таҳсилоти олӣ ва дигар самтҳои таълиму тарбия буд, ки то имрӯз муассисаи мазкур аз љиҳати дохилшавии хатмгарон ба макотиби олӣ нақши пешоҳангӣ дорад. Ҳамакнун, бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои ѓолибият дар озмуну мусобиқаҳои илмиву варзишӣ ва барору комёбиҳои имрӯзи дастпарваронаш дар арсаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ медорад, ки як давраи муҳими ҳаётро беҳуда паси сар накардааст.
Аз вонависҳои корномаи шоёнаш дар арсаҳои гуногун бармеояд, ки паси ҳар ҳадафу ташаббусҳои амалишуда ва бурдбориҳояш, заҳмати содиқонаву неруи иродатманди зан - модаре меистад, ки ҳастии худро ба кори давлат ва хизмати халқу меҳанаш бахшида, барои хизматҳои шоён бо унвону сипосномаҳо аз љумла, Ифтихорномаи Љумҳурии Тољикистон сарфароз гардидааст.
- Гарчанде аз кӯдакӣ орзуи муаллима шудан доштам, ба гоҳе, ки љойи кори модарам мерафтам, як шавқу ҳаваси ногуфтание таваљљуҳи маро ба либоспӯшӣ ва дафтару абзори идоравии кормандони «райком» љалб месохт. Бо гузашти солҳо ба маънии васиятҳои ҳикматомези модар жарфтар меравам, ки азму орзумандиро љавҳари ҳастӣ ва љидду љаҳдро мояи расидан ба хушбахтиву саодати зиндагӣ медонист, - андеша ронд Шаҳлобону.
- Дар љодаи сиёсат ва аз бар намудани донишу малакаҳои роҳбарӣ, як гурӯҳ бонувон, ки имрӯз дар арсаҳои гуногун ифои вазифа дорем, парвардаи мактаби таљрибаи раиси ноҳия Лутфия Шарифзода мебошем, ки бо дастгириву роҳнамоии ӯ љойгоҳи худро дар љомеа дарёфтем, - мегӯяд Шаҳло. - Бо тавсияи ӯ соли 2009 ба МИҲД ба кор омада, нахуст ба сифати сармутахассиси бахши ҳуқуқи кӯдак ва баъдан, як соли дигар мудири бахши умумии дастгоҳи раиси ноҳия будам.
Аз соли 2011 то инљониб Шаҳло Ҳасанзода ба ҳайси мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Муъминобод ифои вазифа дошта, бо қаноатмандӣ аз натиљаҳои иљрои барномаҳои давлатӣ дар таъмини баробарҳуқуқии занон дар оила, тарбия ва омодасозии бонувони лаёқатманд ба зинаҳои роҳбарӣ, изҳор медорад, ки амалӣ гаштани ҳадафи меҳварии давлат, яъне, таҳкими мақоми занон дар љомеа, пеш аз ҳама, аз азму иродатмандии худи бонувон вобастагии зиёд дорад.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо 5 соли охир бо пешниҳоди лоиҳаҳои «Чакандӯзӣ ва попурдӯзӣ», «Либосҳои тољикӣ дар муди замонавӣ», «Рушди соҳаи чорводорӣ», «Чакандӯзӣ», «Парандапарварӣ» ва ѓайра 13 нафар бонуи ноҳияи Муъминобод соҳиби грантҳои президентӣ ва 6 тан грантҳои раиси вилояти Хатлонро ба даст овардаанд. Дар заминаи татбиқи ин тарҳҳо 50 нафар соҳиби љойи кор ва 26 нафар духтарони деҳот ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Дар ноҳия 73 бонуи соҳибкор ва 71 ҳазору 168 нафар ҳамчун роҳбари хољагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, ҳузури бонувон дар соҳаи саноат ба 300 нафар мерасад. Нуфуси бонувон дар вазифаҳои роҳбарии идораву муассисаҳои маорифу тандурустӣ ба 73 расида, аз 92 хизматчии давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод 16 нафар бонуст, ки аз ин 7 тан дар вазифаҳои роҳбарӣ заҳмат ба бор дорад.
Љ. усмон,
ноҳияи Муъминобод