Њукумати Тољикистон барои бењбудии њаёти бонувон ва баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа пайваста чорањои мушаххас роњандозї менамояд. Имрўз на њама духтарон имкон доранд, ки баъди хатми мактаб тањсили худро идома дињанд ва касб омўзанд.
Бонувонро ба фаъолияти созандаи љамъиятиву сиёсї мањз аз замони тањсил дар мактабу донишгоњ бояд омода кард. Дар дењоти дурдаст духтарони лаёќатманд зиёданд, аммо имкони мањдуди рўзгорашон дар тањсили минбаъдаи онњо монеа эљод мекунад.
Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ба низом даровардани ќабули духтарон ба мактабњои олии Љумњурии Тољикистон мувофиќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон», аз 19 апрели соли 2001, № 199 барои духтарон имкон фароњам овард, ки бидуни супурдани имтињон ба донишгоњњо дохил шаванд.
Њамзамон, дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Муассисаи давлатии «Маркази таълимии «Чароѓи њидоят» ифтитоњ ёфт, ки дар он беш аз сад нафар ятимдухтар аз хонаводањои камбизоат бо манзил, ѓизо, либос, компютер ва мошинњои дарздўзї таъмин гардида, бо машѓулиятњои омўзишиву тафрењї фаро гирифта шудааст.
Оид ба фаъолияти маркази таълимии «Чароѓи њидоят» суњбате доштем бо директори он Зарнигори Сорбон.
Тавре муаллима иброз доштанд, МД «Маркази таълимии «Чароѓи њидоят» бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2008, тањти № 670 дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои донишљўдухтарони ятим ва бепарастор, ки дар макотиби олї ва коллељу омўзишгоњњои шањри Душанбе тањсил менамоянд, таъсис дода шудааст.
- Маќсад аз таъсис, ќабл аз њама, ѓамхорї нисбат ба донишљўдухтарони ятиму бепарастор мебошад. Њадафи аслї ин аст, ки ятимон дар љомеа худро танњову бекас эњсос накунанд, хосса духтарон, ки ба ѓамхориву мењрубонии бештаре ниёз доранд. Дуруст аст, ки то рўзи ба фаъолият пардохтани «Чароѓи њидоят» барои ятимону бепарасторон хона - интернатњои махсуси зиёде доштем, аммо марказе бо ин њама шароиту имкониятњои арзанда набуд, - мегўяд муаллима.
Ќоидаи ќабули донишљўдухтарон чунин аст, ки онњо бо њуљљатњои тасдиќкунанда ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи љумњурї мурољиат мекунанд. Комиссияи салоњиятнок њуљљатњои пешнињодшударо омўхта пас аз суњбат ва муоинаи тиббї ба духтарон роњхат медињад ва онњо метавонанд шомили марказ гарданд.
Дар маркази таълимии «Чароѓи њидоят» барои духтарон тамоми шароити зист муњайёст. Муассиса дорои китобхона, синфхонањои компютерї, дўзандагї, ќаннодї, ошхона ва толори маљлисгоњи замонавї мебошад. Аз љумла, барои расондани ёрии аввалия бунгоњи тиббї фаъолият менамояд. Барои боз њам сайќал додани савияи дониши духтарон омўзиши забони англисї, асосњои информатика, забони модарї, таълими касбу њунар, маърифати оиладорї, этика ва эстетика ба роњ монда шудааст. Тарбиятгирандагони марказ дар тамоми чорабинињои фарњангии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар фаъолона ширкат меварзанд.
- Барномањои зиёдеро амалї менамоем. Баъди баргашт аз донишгоњ ва тановули ѓизову каме истироњат дарсњои иловагии донишљўдухтарон оѓоз мешаванд. Аз фанњои забонњои тољикї, русї, англисї, таъриху њуќуќ, этикаву эстетика, асосњои компютер дарсњои њатмии иловагї дорем. Дар баробари дарсњо барои шавќмандон њунар низ меомўзем.
Аз соли 2015 дар назди муассиса мањфилњои гуногун амал мекунанд. Дар он духтарон њунарњои дўзандагї, попурзанї, ќуроќдўзї, зардўзї, муњрабофї, кўрпаву кўрпачаву болишту лўладўзї, ќаннодї, пухтупази нону кулча ва анвои гуногуни нонї, таомњои миллї ва аврупоиро аз худ мекунанд. Инчунин, духтарон ин љо тарзи омода намудани саду як намуд хўришњои тезтайёрро меомўзанд.
Буду боши онњо дар муассиса то хатм намудани тањсил идома меёбад. Нафароне, ки ятими кулланд ва касе надоранд, то ба шавњар баромадан дар марказ мемонанд ва аз ин љо ба хонаи бахт рањсипор мегарданд. Баргузории тўйи арўсии духтарони марказ ва љињози хонаи арўс пурра аз њисоби Њукумати Љумњурии Тољикистон амалї мегардад.
-Хушбахтона, ба марказ шахсони зиёде барои хостгорї меоянд. Онњо мехоњанд, ки фарзандонашон бо духтарони мо оила барпо намоянд. Аз соли 2015 бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи љумњурї 28 нафарро оиладор намудем. Имрўз њамаи онњо хонаободанду соњиби фарзанд, - мегўяд муаллима.
Аз рўзи таъсисёбї то ба имрўз 365 нафар духтар тариќи роњхати Кумитаи кор бо занон ва оила шомили ин даргоњ шуд, 101 нафар тибќи Квотаи президентї тањсил намуд ва карда истодааст. Алњол 11 нафар тарбиятгирандаи марказ пас аз хатми магистратура ба ноњияњо баргашта дар ташкилоту муассисањои гуногун фаъолият дорад.
- Марказ барои 110 нафар пешбинї гардидааст. Алњол 87 донишљўдухтарон аз тамоми манотиќи кишвар ин љо сукунат доранд. Тарбиятгирандагони мо пас аз хатми донишгоњу донишкада ва коллељу омўзишгоњњо њатман бо љойи кор таъмин мегарданд. Ногуфта намонад, ки 6 нафар донишљўдухтари марказ мактабњои олиро бо дипломњои сурх хатм намуд, - бо ифтихор мегўяд бону Зарнигор.
Тавре роњбари муассиса иброз намуд, таъминоти марказ пурра аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон амалї мегардад. Духтарони марказ се ваќт бо ѓизои гарм, сарулибоси мавсимї, љои хоб, лавозимоти дарсї ва воситањои гигиенаи шахсї таъминанд. Инчунин, бошандагони марказ аз хизматрасонии ройгони тиббї низ бархўрдоранд. Алњол марказ шароит ва тавони љой намудани 140 нафарро дорад.
Дар ин макон сар аз фаррошу боѓбон, мураббияву њамшира, ошпазу сарошпаз, омўзгору роњбарони мањфилњо љамъ 40 нафар мењнат мекунад. Тарбиятгирандагоне низ њастанд, ки дар марказ бо кор таъмин шудаанд.
-Њадафи асосии Њукумати кишвар бо таъсис додани маркази таълимии «Чароѓи њидоят» барои ятимдухтарон, пеш аз њама, љалби онњо ба корњои роњбарист, - иброз дошт дар фарљом Зарнигори Сорбон.
Д. САФАР