Дар ҳоле, ки Созмони Милали Мутаҳҳид соли 2021 ҳамчун соли ҳалокатбор ва мушкилиҳои вазнину бесобиқа эълон намудаву дар ҳамин шабу рӯз кишварҳои Ғарб ва қисме аз давлатҳои Қораи Ҳинд аз асари хурӯҷи навбатии бемории ҳамагир маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ намудаанд, аммо дар Тоҷикистон, ки ягон ҳолати нави сироятшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, чун солҳои пешин бозорҳои серодам ва мардум бидуни риояи қоидаҳои санитарӣ ба иди Фитр тараддуд мебинанд.
Ба ҷаҳиши бесобиқаи нарху навои гӯшту равғани истеъмолӣ дар моҳи Рамазон нигоҳ накарда, боз ҳам эҳтимол меравад, ки дар арафаи иди Саиди Фитр ҳаннотони бозорҳои кишвар арзиши маҳсулоти барои дастархонороиро боло бардоранд. Зеро то кунун миёни сокинон урфу одатҳои носолиме ба мисоли хароҷоти барзиёд барои оростани хони идона ва дигар маросимҳои хонаводагӣ зиёд мушоҳида мешавад.
Новобаста ба назорати ҷиддӣ ҷиҳати риояи Қонун Ҷумҳурии Тоӌикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таъкидҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар бобати пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ ва мусоидат намудан ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳоло ҳам зимни таҷлили иду маросимҳои мардумӣ баъзе урфу одатҳои носолим мушоҳида мешавад.
Аз суҳбат бо харидорону тоҷирони бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар маълум мегардад, ки ҳанӯз 10 рӯз қабл аз иди Саиди Фитр алаккай ҳамарӯза ҳаҷми савдои маводи ғизоӣ ду-се баробар афзуда истодааст, ки ин аз тараддуди барвақтии сокинон ба иди дар пешистода дарак медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҷиҳати пешгирӣ аз хароҷоти беҳудаи сокинон дар рӯзи ид ва болоравии беасоси нарху навои ғизоӣ гурӯҳҳои кории ниҳодҳои марбута миёни сокинон ва тоҷирону савдогарони бозорҳои шаҳри Бохтар вохӯриҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.
- Тибқи натиҷагириҳо аз суҳбату вохуриҳо бо сокинону савдогарони бозорҳои шаҳри Бохтар дар арафаи иди имсолаи Фитр набояд, ки нарху навои маводи ғизоиро баланд бардоранд. Зеро тоҷирон маводи ғизоиро хело барвақт ва бо нархи муқаррарӣ воридии бозорҳо намуданд,- мегӯяд Неъматулло Иброҳимзода раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар. Аммо пешгирӣ аз болоравии нарху наво дар бозорҳои маркази вилояти Хатлон аз сокинони 5 шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Бохтар ҳам вобастагӣ дорад, ки дар таҷлили идҳои мусулмонӣ ба зиёдарввӣ роҳ надиҳанд.
Ба гуфтаи мавсуф корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ болоравии сунъии нарху наво дар бозорҳо ва риояи бечунучарои талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз муҳимтарин самти фаъолияти гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар вазорату ташкилотҳо дар соли ҷорӣ арзёбӣ мегардад. Зеро аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2021 ҳамчун соли ҳалокатбор, норасоӣ ва қиматшавии маводи озуқа, афзоиши бекорӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ кишварҳои ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ин мушкилиҳо тадбирҳои ҷиддӣ биандешанд.
Ҷомеаи кишвари мо, ки доир ба фарҳанги сарфаю сариштакорӣ ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин таҷрибаи кифоя доранд, бояд аз ҳоли ҳозир барои бартараф намудани мушкилоти пешомад омодагӣ бигиранд. Аз ин лиҳоз, риояи талаботҳои қонунҳои дар ин самт татбиқгардида дар таҷлили иди Саиди Фитр яке аз василаҳои муҳими сарфакорӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти беҳудаву дигар мушкилиҳо мебошад.
Аз суҳбат бо харидорону савдогарони бозорҳои шаҳри Бохтар маълум мешавад, ки барои риояи сарфакорӣ, пешгирӣ аз хароҷоти беҳуда ва омодагӣ ба мушкилиҳо, пеш аз ҳама, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинони деҳот бояд ба роҳ монд. Зеро то кунун аҳолии деҳкадаҳо бахусус, занони хонашин оид ба моҳияти сарфакорӣ, вазъи иҷтимоии аҳолии сайёра ва омодагӣ ба мушкилиҳои нигароникунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти кофӣ надоранд. Ҳол он ки дар самти сарфакории буҷети хонавода, истифодаи сараманоки қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва захирасозии маводи ғизоӣ бонувон нақши ниҳоят муҳим доранд, - иброз медорад сокини ноҳияи Кӯшониён Санавбар Рӯзиева. – Бинобар ин, суҳбату вохуриҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи маҳалҳо бо иштироки ҳатмии сарварону кадбонуҳои ҳар як оила бояд вусъат бахшид.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар