Ду бонуи соҳибэҳтиром ва шуҷои дар корзори зиндагӣ суфташуда нишоне аз рафтагонанд. Онҳо дар маҳаллаи Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор умр ба сар мебаранд. Бибиҳои заҳматкашидаи меҳнатқарин, Марямбону ва Нурбибӣ қисмати ба ҳам монанд доранд ва аз як коса «заҳр» -и ҷангро чашидаанд, ки талхии он ҳанӯз ҳам аз комҳояшон нарафтааст.
Ношукрӣ қалбро заъф мекунад
- Ҳаждаҳ сол надоштам, ки овозаи саршавии Ҷанги Бузурги Ватанї барқосо паҳн гашт. Сармасти ҳавову ҳаваси ҷавонӣ будему аз дунё бехабар. Аҷиб менамуд, вақте талвосаю ҷонсаракии падару модарони ҷавонмардони ба ҷанграфтаро медидам. Калонсолон мотам доштанд, - мегӯяд бо дард Марям Янабердина.
Ба фикр фурӯ меравад ва оби дидагонаш рӯи рухсораҳои пурожангаш мешоранд. Маълум буд, ки ба ёд овардани он рӯзҳои мудҳиш барояш хеле гарон аст. Гиря гулӯгираш карда буд, вале намехост ихтиёрро аз даст диҳад. Ҳамоно худро қавӣ вонамуд карда, суханашро идома медод:
- Бародаронам пайи ҳам ба арсаи ҷанг рафтанд. Якеаш маҷруҳ баргашту дигараш бе ному нишон ба коми ҷанг фурӯ рафт. Ин ҳама лаҳзаҳои зиндагии пурталотум бароям бетафовут буд, то он даме, ки хати сиёҳи бародар ба дастамон расид, - ашки чашмонашро пок намуда, мегӯяд момои Марям.
Марди қоматбаланди солхӯрда дарвозаро сахт кӯфт. Марям бошитоб дарвозаро боз кард. Модари дилфигор аз ҳиҷрони бачаи ҷанграфтааш тозон мактубро аз дасти хаткашон гирифт. Саросема лифофаро кушод ва сатреро аз он нахонда, аз ҳуш рафт.
- Марги бародар қаҳру ғазаби аҳли хонаводаро нисбат ба фашистони малъун афзуд. Падари куҳансолам ҳатто омода буд, ба муқобили душман силоњ ба даст гирад. Боз шукрона карда, худро тасалло доданд, ки ҷанг ҳамин аст, ҷавонмардон бояд нангу номуси ватандориро аз даст надиҳанд. Мардум ба тақдир тан дода буданд, - ёд аз он рӯзҳои даҳшатбор меорад Марям Янабердина.
Пирони деҳ садди роҳи Марями хундарҷӯш шуданд. Насиҳат доданд, то дар ақибгоҳ афсаронро пуштибон бошад ва онҳоро аз гуруснагӣ раҳонанд. Шукри зиндаҳоро бояд кард, мегуфтанд. Ғамзадагону мотамдорон дар қатори мардум дар саҳро кор мекарданд, ғалла медаравиданд. Ғаму ҳасрати худро дар дашту пуштаҳо мерехтанд…
Марям Янабердина аслан зодаи шаҳри Уфа мебошад. Ӯ мегӯяд, ки пас аз рӯзҳои даҳшатбор ва ғамзадагиҳои баъдиҷангӣ тақдир барояш меҳрубонӣ карду бо баҳонаи дидорбинии хоҳарбузургаш ба Тоҷикистон омад. Ин сафар ҳамқисмати якумраашро, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, пайдо намуд.
- Давраи Шӯравӣ рӯзи 1 - май чун иди меҳнаткашон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Дӯзандаи маҳалла як бонуи рус буд ва хостам, куртаи идонаамро ӯ дӯзад. Ба хонаи дӯзанда рафтан боис гардид, ки он ҷо додараш маро писандид. Бо ҳам издивоҷ намудем ва тавлиди 4 фарзанд зиндагиамонро осудаю фараҳманд сохт, - мегӯяд хамсуҳбатам.
Азбаски ӯ шавқу рағбат ба пешаи омӯзгорӣ дошт, ба факултети филологияи руси Институти педагогии Тоҷикистон шомил шуд. Баъди хатми донишкада дар мактаби №1-и ба номи Островскийи ноҳияи Шаҳринав ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият пардохт ва дар тарбияи насли наврас 45 сол заҳмат кашид.
- 95 сол барои инсон умри кам нест. Тӯли ин солҳо чӣ ғаму дардҳоро пушти сар намудам. Ҷанги хонумонсӯз доғи бародарро дар қалбам монд. Марги ду писари ҷавонмаргам чун тири алмос то ҳанӯз ҷигарамро мешикофад. Вале то ҷон дар рамақ аст, бояд меҳнат намоӣ.
Аз дурии ақрабоям низ шиква надорам, чунки ҳаққу ҳамсояҳо наздиктар аз хешу таборанд. Дар ғаму шодӣ ҳамеша дар барам рост меистанд. То ҳанӯз худро ғарибу дур аз Ватан эҳсос накардаам. Аз муносибати атрофиён роҳат мебарам. Шукр бояд гуфт. Шукри тинҷию амонии Ватанро мебояд. Аз шукргузорӣ тану ҷони одам неру мегирад, ношукрӣ қалбро заъф мегардонад, - иқрор меояд момои Марямбону.
Кунҷора ба ивази пахта
Нурбибӣ Амоноваи 100 - соларо умри бо азоб гузарондааш дилфигор намудааст. Ӯ мадори гап заданро аз даст дода, ранҷи пирӣ мекашад. Ин ибораҳоро ба забон меорад: «Он рӯзҳои сиёҳе, ки ман дидам, шумо дар хоби шабатон набинед».
Бо гуфтани ин ҳарфҳо беҳолона ашк мерезад. Лаҳзае ором гашта, сукут меварзад. Гӯё гузаштаашро аз умқи торики хотираҳояш меҷуста бошад, ки якбора бо суханҳои пароканда ба гуфтор меояд:
- Мо дар ақибгоҳ баҳри сарбозони Ватан озуқа омода мекардем. Шабу рӯз ба ҷои мардони ба ҷанграфта заҳмат мекашидем. Ҳамроҳи падарам бо барзаговҳо заминро шудгор ва мола карда, пунбадона мекоридем. Пахтаи тайёрро ба бунгоҳи пахтақабулкунӣ бурда, аз он ҷо пораҳои кунҷораи накӯфтаро ба ивази меҳнатамон медоданд. Кунҷора ягона ѓизои наҷотдиҳандаи мардум аз гуруснагӣ буд, ки занҳо онро куфта, барои аҳли хонавода фатиру ордоб мепухтанд. Ду хоҳарам аз гуруснагӣ мурданд, - бо ҳасрат ба ёд меорад момои Нурбибӣ.
Нурбибї Амонова солҳои баъди ҷанг чанде ба занону кӯдакон хондану навиштанро омӯхтааст. Ба гуфтаи момои Нурбибӣ замони маҳви бесаводӣ муаллима буданд.
Марям Янабердина ва Нурбибӣ Амонова шукрона аз оромию субот ва љоннисорињои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон мекунанд, ки насли имрӯза дар осоиштагӣ ва серию пурӣ умр ба сар доранд.
Қутбияи Неъматулло