Робия Завқиева аз шумори бонувони камназири кишвар аст, ки ҳаёту фаъолияти хешро ба соҳаи сохтмон, возеҳтараш сохтмони пулу роҳҳои мошингард бахшида.
Ин бонуи зодаи пойтахт соли 1977 факултаи меъморӣ ва сохтмони Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон хатм намудааст. Интихоби касбу донишгоҳаш барои шиносону ҳамсояҳо ғайричашмдошт буд: духтараке раъно ва касби муҳандисӣ.
Пас аз хатми донишкада варо бо роҳхат дар ПМК (Колоннаи механиконидашудаи сайёр) – и №12 Трести деҳотсози №7 мустақар дар ноҳияи Ғарм (имрӯза Рашт) будаи Вазорати кишоварзӣ раҳнамун сохтанд.
- Ҳамсарам Мирзо Шералӣ ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ, ба қавле аз роҳи ишқу ошиқӣ диламро ёфта, маро ҳамсафари ҳамешагии умри худ намуд. Сабаби роҳхатам ба ноҳияи Ғарм низ маҳз ҳамсарам буд. Зеро дӯстдорам зодаи ин маҳал буду пас аз издивоҷ ба диёри ёр кӯч бастам, - ёд меорад бо табассум Робиябону.
Духтараки чусту чолоку дидадаро дар кор ҳам боғайрату пешқадам буд. Дар пайи сари вақт ва босифат анҷом додани супоришҳои роҳбарият ва вазифаҳо ҷидду ҷаҳд мекард.
Ҳарчанд касби муҳандисӣ, бахусус муҳандиси роҳ шуғли мардона аст, ӯ на камтар аз мардҳо кору пайкор менамуд. Сифати кори ҳар як қитъаи сохтмониро шахсан назорат мебурд. Маҳз ҳамин хислатҳояшро ба назар гирифта, ӯро ба мақомоти ноҳия ба кор даъват намуданд.
Роҳбарияти вақт ӯро ба вазифаи пурмасъул инструктори шуъбаи ташкилии кумитаи ҳизбӣ пазируфтанд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун шахси кордону уҳдабаро ва масъулиятшинос муаррифӣ гардид. Байни мардум нуфузу эҳтироми хосае пайдо намуд.
Он замон бонувон дар идораҳои давлатӣ кор намекарданд. Вай қолабҳои мавҷудаи маҳдудсозро шикаст. Ҳар субҳ аз деҳ ҳамроҳи ҳамсараш ба маркази ноҳия ба кори давлат мерафт. Кӯдаконашро ба боғча мебурд. Ӯ аввалин бонуе дар Ғарм буд, ки ҳар рӯз дар ошхона чошт мехӯрд.
Ба рӯзгори сахту сангини деҳа бо сабру таҳаммул истодагарӣ менамуд. Саҳар барвақт ҳама кори хонаро анҷом медод. Барои хусуру хушдоман хӯроки нисфирӯзиро аз субҳ омода менамуд. Бо дуои онҳо ҳар аз хона мебаромад.
- Агар ҳиссае аз корам мемонд, рӯзҳои истироҳат дар пайи анҷом додани онҳо мешудам. Баробари кори давлат дар хоҷагӣ дарав мекардем, кишти зироату кори боғ, нигоҳубини чорворо анҷом медодем, - мегӯяд апаи Робия.
Маҳз дуои неки бузургони хонавода буд, ки рӯзгораш хурраму осуда аст. Куҷое кор мекард, аввалан дар фикри хонавода буд.
Пас аз хатми Университети давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург) ба номи А. А. Жданов ҳамсараш Мирзо Шералиро ҳамчун донандаи забони португалӣ ба яке аз донишгоҳҳои Африқои Ҷанубӣ ба кор фиристоданд. Ҳамин тавр Робия бо Мирзо се сол дар Донишгоҳи индустриалӣ - педагогии пойтахти Ангола - шаҳри Луанда ба ҷавонони ин кишвар сабақ доданд. Пас аз анҷоми сафари хидматӣ онҳо ба Ғарм баргаштанд.
Аз соли 1989 Робия ва ҳамсараш ба кори сохтмони роҳу пулҳо камар бастанд. Сармуҳандиси МСУ (Идораи пулсозӣ) - и №16 – и Трести «Мостоспетстрой» – и Вазорати роҳҳои автомобилгард дар ноҳияи Ғарм таъйин шудани бону барои мутахассисони соҳа ва мардум аҷиб менамуд. Робия Завқиева ягона муҳандисбонуи соҳаи пулсозӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт.
Таъмиру тармим, мумфаршу васлу насб ва барқарорсозии роҳу пулҳои самти Навободу Муллобадал, Зарифиву Сорбоғ маҳз бо лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Робиябону мавриди истифода қарор гирифтаанд.
- Пас аз хатми донишгоҳ дугонаҳои ҳамкурсам дар ташкилоту муассисаҳои гуногун «кори кабинетӣ» ихтиёр намуданд. Аз байнашон танҳо ман корро бевосита дар сохтмон интихоб намудам. Замони фаъолият дар Ангола бо намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ якҷо кор мекардем. Албатта, мутахассисони рус афзалиятро ташкил медоданд. Онҳо дар ҳар фурсати муносиб лофи муҳандисону сохтмончиёни худро мезаданд. Гӯё ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро танҳо русҳо ободу хуррам гардондаанду мардуми таҳҷоӣ сарфаҳми кор дар сохтмонро надоранд. Маҳз гуфтаи онҳо сабаб гашту ман худро пурра ба сохтмон бахшидам то исбот намоям, ки тоҷикзане ҳам метавонад муҳандису мутахассиси хуби соҳаи сохтмон бошад, - мегӯяд Робиябону.
Даврони нооромиҳо дар кишвар Робия бо сохтану афрохтани роҳу пулҳо бар зидди харобкорону хоинони миллат дар набард буд. Сияҳкорон роҳу пул месӯхтанду меканданд, аммо вай алорағми онҳо месохту мепайваст. Ронандаҳо аз бими ҷон конструксияҳои колонҳаҷми оҳану бетонӣ, сӯзишвориву шоҳтиру пояҳои барои сохтмони пулҳо пешбинишударо аз пойтахт ба минтақаи даргир бурдан намехостанд. Хатар сари ҳар гардиш таҳдид мекард. Мошинҳоро таъқиб мекарданду мардумро азият медоданд. Вале бе масолеҳ барқарор намудани пулҳои харобгашта ғайриимкон буд. Робия мардонавор корвони мошинҳои боркашро аз Душанбе то Ғарм, ки 20 – 25 соат роҳ мерафтанд, ҳамроҳӣ мекард то маҳсулот ба пулсозон дастрас гардад.
Барои барқарорсозии пулҳо мутахассис намерасид. Бештари онҳо рӯ ба фирор оварда буданд. Робия аз пойтахт мутахассисони русро мебурд ва пулҳои харобгаштаро таъмир мекард.
- Аз соли 1995 корро дар пойтахт дар трест идома додам. Дар трест кору масъулият бештар гардид. Тибқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Барқарорсозии оқибатҳои баъд аз низоъ» давоми солҳои 1998 – 2000 дар минтақаи Рашт зиёда аз 20 пулҳои пурра ва қисман харобгаштаро барқарор намудем, - мегӯяд ӯ.
Барои корҳои лоиҳавиро оғоз намудан аз ҷониби трест касе ба Рашт рафтанро ба дӯш намегирифт. Робия ихтиёрии ягона буд. Роҳбарият зидди рафтани ӯ буданд. Зеро вазъ ҳамоно ноорому гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳукм меронданд. Аммо таҷрибаи корӣ дар минтақа, кордонӣ, шакли корбарӣ ва эҳтироми Робиябону дар байни мардум боис гардид, ки ӯ боз корро дар ин минтақа идома бахшад.
Пули мошингузари мавзеи Оби Лурди ноҳияи Нурободро давоми солҳои 1986 - 2001 зиёда аз 20 маротиба сел бурда буд. Соли 2001 Вазорати нақлиёт дар ин мавзеъ нақшаи сохтани пули навро тасдиқ намуд ва иҷрои ин кори басо душворро ба зиммаи Робиябону вогузошт.
Пул яке аз қадимтарин ихтирооти башарият аст ва сохтмони он нозукиҳои худро дорад. Тибқи лоиҳаи трест дар болои мавзеи селроҳа бояд пули 60 - метра сохта мешуд. Муҳандисбону мавзеи сохтмонро аз назар гузаронд. Хулоса баровард, ки дар ҳолати 60 метр будани пул, пояҳои он дар селроҳа рост меоянд. Ӯ мавзеи бехатареро пешниҳод намуд ва тариқи лоиҳаи нав ба дарозии 64 метр пул сохта шуд. Тавре Робия мегӯяд, дар тӯли фаъолияти хеш онҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 50 пул сохтаанд.
Дар ин давом бонуи муҳандис дар сохтмонҳои азим, роҳи оҳани паҳнбари Душанбе - Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб (фатҳи Девдара), сохтмон ва барқарорсозии пули роҳи оҳани Ишмасой (Ёвон), пулҳои мошингузари ноҳияҳои Нуробод, Ванҷ, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, шаҳри Турсунзода ва ҷойҳои дигар саҳми худро гузоштааст.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ситодҳои сохтмонӣ Робия ба мукофоти давлатӣ пешбарӣ мегардад. Барои ӯ боиси ифтихор аст, ки бо ордени «Дӯстӣ» қадр намуданд.
Солҳои 2000 - 2004 Робия калонтарин корхонаи пулсозии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ «Идораи сохтмони роҳҳои автомобилгард ва пулсозӣ» - ро роҳбарӣ кард. Солҳои 2004 - 2007 сардори департаменти хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт буд. Аз соли 2007 то соли 2013 дар вазифаи муовини сардори шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ҳарчанд Робиябону имрӯз дар нафақа бошад ҳам, ҳамоно фаъолияташ дар соҳаи пулсозӣ идома дорад. Алҳол ӯ муассис ва роҳбари ҶДММ «Кӯпруксозии Пайванд» аст. Коргоҳи мазкур ба сохтмони роҳу пулҳо, мактабу беморхона ва дигар иншооти хурду бузург машғул аст.
Робиябону ва акои Мирзо соҳиби 2 писару 3 духтар ва 17 набераанд. Онҳо имрӯз дар ҳалқаи меҳру муҳаббати якдигар умр ба сар мебаранд.
Робия Завқиева «Роҳсози фахрии Тоҷикистон», «Роҳсозии фахрии ИДМ» буда, дар сохтану бунёди даҳҳо роҳу пулҳои хурду бузург дар саросари кишвар фаъолона ширкат варзида, саҳми арзандаи худро гузоштааст. Дар ҳама вазифаҳо бо ҳисси баланди масъулият, ифтихори милливу ватандорӣ фаъолият намуд ва ба иззату эҳтироми ҳамкорон соҳиб гардид.
Далер САФАР