Заррагул чун ҳаррӯза ба кор барвақт омад. Ҳама ҷо тозаву озода. Шуои форами офтоби баҳор ба атроф гармӣ эҳдо менамуд. Насими саҳарӣ рӯҳ мебахшид, бӯи хуши гулҳои рангоранг ба машом мерасид. Ба гулзори саҳни ҳавлӣ нигаристу чашмаш ба қаламчаҳои сабзшудаи гули садбарг афтод. Ин ҳамон қаламчаҳое, ки кӯдакон ҳамроҳи мураббияашон Нисо шинонда буданд. Аз дидани он дар лабонаш табассум дамид. Чеҳраи зебо ва чашмакони кунҷкоби кӯдакакони кӯдакистон якояк пеши назараш ҷилвагар шуданд. Лаҳзае ба худ андешид, ки чи қадар кӯдаконро дӯст медорад. Маҳз ҳамин меҳр нисбат ба атфол водораш сохт, ки ба фаъолияташ дар мақомоти қудратӣ, ки он ҷо то рутбаи командирӣ расида буд, хотима бахшида, ба кӯдакистон биёяд. Он лаҳзаҳоро хуб дар хотир дорад. Фаъолияташ ба ҳайси сармураббӣ соли 2013 дар муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ – кӯдакистони № 76 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Соли 2017 Заррагул Боякзода мудири муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ – кӯдакистони № 135 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - «Офтобак «таъйин гардид.
Аз рӯзҳои нахуст дар ширхоргоҳ - кӯдакистон муаллимаи ҳалиму ғамхор ва серғайрату серталаб баҳри ободу зебо гардондани муассиса камари ҳиммат баст ва бо ҳамин васила кӯшиш ба харҷ дод, то баҳри ҳамкорону муҳассилон шароити хуби кориву будубош фароҳам созад.
Заррагул Боякзода:
«Дар ширхоргоҳ - кӯдакистони «Офтобак» кӯдакони аз синни 1,6 то 6 - сола қабул карда мешаванд. Алҳол 300 кӯдак дар 12 гурӯҳ бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Гурӯҳҳо мувофиқи синну соли кӯдакон тақсимбандӣ гардидаанд. Дар «Офтобак» 41 коргар фаъолият дорад, ки аз инҳо 36 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.»
Бинои кӯдакистон дуошёна буда, дар дохилаш синфхонаҳои методиву таълимӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, толори мусиқиву варзиш ҷой гирифтаанд. Ҳама ҳуҷраву синфхонаҳо бо ҷиҳозу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд.
Дар саҳни кӯдакистон 12 айвончаи тобистона барои бозии кӯдакон мавҷуд аст, ки ҳар кадом ободу зебост. Дар фаслҳои баҳору тобистон ва оғози тирамоҳ кӯдакон вақти зиёдро рӯи айвонча дар ҳавои софу тоза мегузаронанд, ки барои саломатиашон муфид аст.
Заррагул Боякзода:
«Дар пешравӣ ва инкишофи кӯдакон кӯдакистон нақши бағоят зиёд дорад. Реҷаи машқу истироҳат ва истеъмоли ғизое, ки барои муассисаҳои томактабӣ пешбинӣ шудаанд, ҳама баҳри беҳбудии вазъи саломатӣ ва афзоиши ҳаматарафаи кӯдакон мебошад.
Зимни суҳбат бо волидон дармеёбам, ки каме аз онҳо бо фарзандонашон машқи пагоҳирӯзӣ мегузаронанд. Дар «Офтобак» бошад, кӯдакон субҳи худро аз машқ ва обутоби бадан оғоз мекунанд.»
Машғулиятҳо дар кӯдакистон мувофиқи ҷадвали шӯрои педагогӣ, ки моҳи август тасдиқ мегардад, амалӣ мешаванд. Барои кӯдакони хурдсол машғулияти васеъкунии тасаввурот дар бораи олами атроф, инкишофи нутқ, тарбияи сенсорӣ ва заминаҳои ташаккули тарбияи одитарини математикӣ, тарбияи ҷисмонӣ, расмкашӣ, мусиқӣ, бозӣ бо ашёҳои сохтмонӣ гузаронда мешавад. Дар гурӯҳи кӯдакони калонтар ҷадвали машғулиятҳо васеъ шуда, ба он шиносоӣ бо муҳит, экология, адабиёти бадеӣ, хештаншиносӣ ва забони русӣ илова мегарданд.
Заррагул Боякзода:
«Кӯдакон ҳангоми бори аввал ба муассиса омадан худро нороҳат эҳсос мекунанд. Оҳиста – оҳиста муносибату муошират дар ҷамъиятро меомӯзанд. Пас аз якчанд рӯз аллакай бачаҳо озодона дасти росташонро рӯи сина гузошта, ба кормандони кӯдакистон бурро ва бо овози баланд:«Ассалому алейкум» мегӯянд.»
Мураббиёни ширхоргоҳ – кӯдакистони «Офтобак» ҳама дорои маълумоти олӣ буда, таҷрибаандӯхтаанд ва дар таълиму тарбияи таҳсилгирандагони муассиса кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Заррагул Боякзода:
«Мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир шуд, ки дар он таълимгирандагони ширхоргоҳ – кӯдакистони мо аз рӯи номинаи «Афсона гуфтан ва хондани шеърҳои бачагона» ширкат варзида, пирӯзӣ ба даст оварданд. Ба ғайр аз ин дар озмунҳои зиёде, ки байни кӯдакон баргузор мешаванд фаъолона иштирок карда номи кӯдакистонро борҳо боло бардоштаанд.»
Маъмурияти «Офтобак» барои боз ҳам беҳтару босифат намудани раванди таълиму тарбия дар муассиса ҳамкориҳои зичро бо волидони кӯдакон ба роҳ мондаанд. Тибқи ин ҳамкорӣ ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе падару модарон метавонанд дар машғулиятҳои фарзандашон иштирок карда, бо сатҳи тамоми хизматрасонии ин ҷо аз наздик ошно шаванд.
Заррагул Боякзода:
«Рӯзи дарҳои кушода» ба маъмурияти ширхоргоҳ – кӯдакистон имконият дод, то аз наздик бо волидон ва шароити зиндагии онҳо воқиф гардем. Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо 17 кӯдаки ятим мувофиқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз супурдани маблағи ширхоргоҳ – кӯдакистон озод карда шуд.»
Дар «Офтобак» чун дигар муассисаҳои таълимии томактабии буҷетӣ кӯдакон дар як рӯз 4 маротиба ғизо истеъмол мекунанд. Хӯрокҳои гуногун, аз қабили ширбиринҷ, кочи ярмаи дили гандум (манная каша), кочи арзанӣ, оши палав, нахӯдшӯрбо, мастоба мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоида ва меъёрҳои санитарӣ, талаботи гигиенӣ дар муассисаҳои томактабӣ» омода ва тақсим мегарданд. Инчунин, ҳамроҳи таом рӯзе ду маротиба нӯшокиву хӯришҳои аз меваю сабзавоти тару тоза омодашуда пешкаш мегарданд.
«Масоили хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон, дар оянда ҳамчун шахси худогоҳу комил ва ватандӯст ба воя расидани онҳо ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро тарбияву таълими дурусти кӯдакон ба тараққиёти ҷомеа иртибот дорад. Ин нуктаро ба назар гирифта, кормандони «Офтобак» аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки кӯдакон зери нурҳои гарми офтоб чун номбардорони арзандаи миллату давлат ба воя расанд,» – гуфт бону Заррагул.
ШАҲНОЗ