Зи кори баста наандешидану бо хушназарӣ ба оянда дида дӯхтан ва гиреҳи мушкилиҳо кушодан аз сириштаҳои ин бонуст, ки бо қалбе чу гавҳари боҷило ва ҳушмандӣ зинаҳои зиёди касбиро паймудаасту дар танӯри таҷрибаҳо гудохта, пухтаву суфта гаштааст.
То ба маснаде расидан Шаҳзода Қаюмова ба камолоти зеҳнии хеш зиёд таваҷҷуҳ дод ва се дипломи олиро ба даст овард. Аввал Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро соли 1998 хатм карду тамоми зинаҳои омӯзгориро паймуд – раиси созмони талабагӣ, омӯзгори фанни математика, муовини директор дар дабистонҳои шаҳри Кӯлоб буд. Соли 2008 Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси умури гумрук поён бурд. Таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ, чунин аст ихтисоси сеюми Шаҳзодабону, ки соли 2017 дар Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон ба даст овардааст.
Аз олами эъҷозу маърифаташ бовар гирифтанд, ки мудирии бахши саноат, нақлиёт ва алоқаро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба зиммаи ӯ гузоштанд ва Шаҳзода қариб 7 сол дар ин ришта фаъолият бурду дар ин мактаби сиёсат обутоб ёфт. Соли 2012 фаъолияташро ба ҳайси сармутахассис ва баъдан сардори раёсати муассисаҳои таълимии Вазорати энергетика ва саноати кишвар ба роҳ монд. Баъди ду сол сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба кор таъйин гардид.
То моҳи апрели соли 2020 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сардори раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ фаъолиятро идома бахшид. Заҳматҳои ӯ сазовори тасдиқу таҳсин буд, ки моҳи апрели соли 2020 масъулияти нав - директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» - ро ба дӯшаш гузоштанд.
Шукргузор аз чунин эътимоду боварӣ гоҳе, ки нахустин бор сӯи коллеҷ, ки дар канори шаҳр воқеъ аст, раҳ гирифт, назари шарорарезаш ба манзараҳои ҳаёти рустоӣ печ хӯрд. Шаҳзодабонуро изтироб печид, ки миёни мардуми бумии ин мавзеъ масъулияти бузурги роҳбарии муассисаро метавонад, ки сарбаландона ифо намояд?
Шаҳзодабону бо дасту дили гарм остин барпечид. Баҳри самаранокии кор дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми кишвар сохтори коллеҷ аз нав таҳия гардид.
- Дар баробари омӯзгорони ботаҷриба мутахассисони ҷавони лаёқатмандро ба кор даъват намудем ва имсол шумораи омӯзгорони мард қариб ба 30 дарсад расид. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар соли таҳсили нав тариқи озмун донишҷӯёнро ба коллеҷ қабул кардем, ки 96 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Қаблан ҷавонон ба соҳаи омӯзгорӣ кам таваҷҷуҳ доштанд ва мекӯшиданд, ки ба ихтисосҳои соҳаи саноат, нақлиёт ва роҳ, энергетика, бонкдорӣ ва ғайра рӯ оранд, - иброз дошт муаллима.
Мушкилоти асосӣ дар коллеҷ норасоии синфхонаҳо ва ошхона маҳсуб меёфт. Тамоми омӯзгорону донишҷӯён барои тановули хӯроки нисфирӯзӣ ба маркази шаҳр рафта, қариб ду соати хешро масраф менамуданд. Муаллима Қаюмова сари ин масъала чораҷӯӣ намуд ва ахиран дар саҳни ҳавлии коллеҷ ошхонаи нав бо 48 ҷойи нишаст бунёд ёфт.
- Дар заминҳои наздиҳавлии коллеҷ картошка, карам, лӯбиё ва ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ кошта, ҳосили онро захира намудем. Аз ин ҳисоб барои омӯзгорон ва донишҷӯён аз 5 то 10 сомонӣ ғизои нисфирӯзӣ ташкил кардем. 10 нафар корманди хоҷагии муассиса ҳамарӯза бо хӯроки ройгон таъмин аст. Ҳамчунин, 49 нафар донишҷӯи нимятим, чор ятими кулл ва ду нафар духтараки маъюб дар коллеҷ таҳсил менамоянд, ки аз дастгириву имтиёзҳо бархӯрдоранд, - афзудШаҳзодабону.
Мушкилоти дувуми коллеҷ норасоии синфхонаҳо буд. Дар шафати коллеҷ ташкилоти ҷамъиятии мудофиавӣ барои омӯзиши касбҳои ронандагӣ мавҷуд аст, ки то ҳол дар ду синфхонаи он донишҷӯёни коллеҷ сабақ мегиранд. Ш. Қаюмова тасмим гирифт, ки ба тариқи ҳашар дар ҳавлии коллеҷ ду синфхонаи иловагӣ бунёд намояд. Вақте ки сохтмон шурӯъ шуд, азбаски замин васеъ буд, ахиран бунёди чор синфхона ба роҳ монда шуд, ки яке китобхонаи электронӣ ва дигаре ҳамчун маркази тестӣ пешбинӣ гардидааст. Дар нақша аст, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ онро ба истифода диҳанд.
То оғози соли таҳсили 2020 - 2021 тамоми синфхонаҳои таълимӣ, толорҳо ва гирду атрофи коллеҷ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар ин кор саҳми донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони муассиса назаррас аст. Насб намудани дарвозаи оҳанин дар даромадгоҳи бино, шинондани беш аз 20 ниҳоли арча, тозаву озода намудани роҳраву ҷӯйборҳо, гузаштан ба либоси ягона ҳам барои донишҷӯёну ҳам омӯзгорон аз иқдоми хуби дигаре гардид.
Мақсади дигари роҳбари коллеҷ - эътибору эътироф пайдо намудани мутахассисони ин даргоҳ аст. Алҳол дар ин самт ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши онҳо курсҳои такмили ихтисос, гузариш ба усулҳои салоҳиятнокии таълим, истифода аз технологияҳои муосир васеъ ба роҳ монда мешаванд.
Барои бартараф намудани мушкилоти забонӣ дар коллеҷ, ки аксарияти донишҷӯён ӯзбекзабонанд, роҳбарият ҳар як донишҷӯро муваззаф намуд, ки на кам аз 100 мисраъ шеърро ба забони давлатӣ аз бар намоянду ба ин тариқ, омӯзиши забони тоҷикиро густариш диҳанд.
Шаҳзода Қаюмова барандаи нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (2007) буда, худи ҳамон сол дар ҷумҳурӣ ҳамчун омӯзгори сол эътироф гардид. Соли 2018 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ» ҳимоя намуд. Оилаи ободе созмон дод ва ду меваи ширини умрашро тарбия ва таҳсилдида кард.
Аз таҳсил, рӯзгордорӣ, фаъолият дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ сабақи фаровон бардошту бо лаҳни дилбанду ширин дилписанди ҳама гардид ва қанди зиндагиро аз панди зиндагӣ дарёфт…
К. ФАЙЗИЕВ,
шаҳри Турсунзода