Сабоҳат ҳафтод сол пеш, дар оғози фасли баҳор дар ноҳияи Ашт чашм ба олами ҳастӣ кушода аст. Фасле, ки ба қавли устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ «бо сад ҳазор нуҳзату ороиши аҷиб» деҳаи кӯҳистониро ба оғӯши гарми худ гирифта, навозиш мекард. Тифли хушпай ҳам монанди навбаҳоре буд, ки ба дили волидон шодию сурур овард. Ва шояд дар ҳамин фасли хуҷаста ба дунё омадан сабаб гардид, ки омӯзгори биология шуд.
ОМӯЗГОР
Он солҳо духтарони деҳ баъди хатми мактаби миёна наметавонистанд таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳо идома бахшанд. Бо азми волидон ба шавҳар мебаромаданд. Сабоҳатро ҳам чунин қисмат интизор буд, агар азмаш қавию иродааш устувор намебуд. ӯ ба бахши биологияи Институти педагогии ба номи Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил гашт. Баъди гирифтани маълумоти олӣ ба деҳа баргашт ва дар мактаби миёнаи №1 омӯзгор шуд.
Аз хурдӣ дӯстдори табиат буду манзараҳои зебои диёр варо шефтаю шайдо месохтанд. Аз ин рӯ, дар бораи ҳар гулу бутта ва хору хаси деҳа маълумот меандӯхт. Аз нахустин дарсҳо мекӯшид, то хонандагон ба табиат, мавҷудоти зинда, манзараҳо меҳру муҳаббат дошта бошанд. Дар гармхонаи мактаб ҳамроҳи хонандагон райҳон, кашнич, шибит ва дигар сабзавотро мепарварид.
Муаллима шогирдони зиёдеро ба воя расондааст, ки имрӯз ҳар яки онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ адои вазифа доранд. Заҳмати чандинсолаи муаллима бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадр шудааст.
МУОВИНИ РАИСИ ҶАМОАТ
Соли 2000 дар ҳаёти ӯ дигаргунии куллӣ рух дод. Муовини раиси деҳоти Ашт интихоб намуданд ва тӯли даҳ сол адои вазифа кард. Ба дили мардум роҳ ёфт. Бо нафарони аз худ хурд мисли модар, ҳамсол бошад, хоҳарвор муносибат мекард. Меҳнатдӯстӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва ҳам фурӯтаниаш буд, ки имрӯз дар ҷомеа мавқеъ ва манзалати худро пайдо намудааст.
Баъди нафақа ду сол директор ва омӯзгори мактаб буд. Тасмим гирифт, ки акнун хонашин мешаваду боқии умрро дар сояи давлати фарзандон, 20 набераю 3 абера ба сар мебарад. Аммо қариб ҳар рӯз ба хонааш корафтодагон меомаданд, гӯё ҳанӯз ҳам корманди ҷамоат бошад. Раиси ҷамоат пешниҳод кард, ки мутахассиси шӯрои занони деҳот шавад, рад карда натавонист…
ҲАМСАФАР
Рӯзе ҳамроҳи муаллима дар хатсайри Дӯстӣ - Ашт ҳамсафар будем. Ҷавонзани кушодачеҳрае бо Сабоҳатапа самимона вохӯрд. Ва ба нею нестонашон нигоҳ накарда, роҳкирои апаро низ пардохт.
Вақте аз ҳамроҳам пурсон шудам, ки ин зан кист, табассумомез посухам дод: «Ба ростӣ, нашинохтам. Чунин ҳодисаҳо тез –тез рух медиҳанд».
Ҳисси таваҷҷуҳам боло гирифту аз ҷавонзан пурсидам. Бо табассуми малеҳе посух дод: «Муаллима маро нашинохтанд, аммо некии он касро фаромӯш намекунам. Маҳз бо кӯшиши муаллима ман бо ҳамсарам созиш кардам. Ва имрӯз соҳиби хонаву дари обод ҳастам. Мисли ман ҷавонзаноне, ки аз марҳамату шарофати Сабоҳатапа имрӯз хонаашон обод гардидаасту дуои ҷонашонро мекунанд, зиёданд.»
МИЁНРАВ
Саҳарии солеҳон занги телефон ӯро аз хоб бедор кард. Гӯширо бардошт. Аз он сӯ овози духтараке ба гӯшаш расид, мегирист:
- Муаллима хабардор шудам, ки ба нафақа баромадед. Акнун аҳволи ман чӣ мешавад? Тамоми умедам ба Шумо буд, ки баъди аз Россия баргаштани ҳамсарам, моро созиш медиҳед.
Сабоҳатбону ба хаёл рафт. ӯ чунин ранг гирифтани корро интизор набуд ва чӣ гуфтанашро надонист. Ному насаб, нишонӣ ва духтари кӣ буданашро пурсид. Духтар фаҳмонд, ки аз деҳаи Пискокат мешаваду дирӯз хабар ёфтааст, ки Сабоҳатапа аз вазифаи муовини раиси ҷамоат ба нафақа баромадаанд.
- Муаллима, - мегуфт гиряомез наварӯс, - тамоми умедам ба Шумо. Дигар муноқиша шавад ҳам, хонаи шавҳарамро тарк намекунам, фақат ин дафъа барои оштӣ ёрии Шумо зарур…
Духтарро тасаллӣ дода гуфт, ки вақте шавҳарат аз Россия баргашт, занг зан, ҳатман ба назди хушдоманат меравам ва кӯшиш мекунам, ки шумоёнро оштӣ диҳам…
НОСЕҲ НАМУНА БОШАД
Сабоҳат Эргашева дар оиладорӣ ҳам намунаи ибрат аст. Ҳамроҳи ҳамсараш Алиҷон Пӯлодов хушу хурсандона зиндагӣ доранд. Дар боғи умеди онҳо навниҳолоне ба воя расидаанд, ки имрӯз таҷассумгари волидони хешанд. Шарифҷон корманди милитсия асту баҳри оромиву субот дар минтақаҳои гуногуни кишвар фаъолият менамояд. Садоқатхону Назокатхон, Назоратхон омӯзгор, давомдиҳандаи кори волидонанд. Рухшед ва Хушнуд дар корҳои гуногуни муфид машғуланд. Арӯси калонии хонадон Зулфира хатмкардаи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Гулбар ҳуқуқшинос аст, дар суди вилоят фаъолият дорад. Арӯси хурдии хонадон Сабрина омӯзгор асту дар литсеи №7 - и деҳаи Ашт ба таълиму тадриси насли наврас шуғл меварзад.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
ноҳияи Ашт