Бо мусоидати консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Ятимшо Давлатхуҷа барои вохӯрӣ бо ҳамватанони дар Иркутск будаамон раҳсипор гардидем. Иркутск шаҳри зебои рӯ ба тараққии соҳили дарёи бузурги Ангара ва наздикии кӯли калонтарин ва тозатарини ҷаҳон - Байкал мебошад.
Дар ин шаҳр тоҷикон мавқеи шоиста касб кардаанд. Дар ширкатҳои гуногуни сохтмонӣ ҳамчун коргару мутахассис, дар дигар бахшҳо чун духтур, ҳуқуқшинос, корманди ҳарбӣ, варзишгарони маъруф, соҳибкору иқтисодчӣ фаъолият доранд. Бояд тазаккур дод, ки ростӣ ман аввалин бор дар ФР ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони Тоҷикистон» - ро бо сарварии бонуи фарҳангиву ватандӯст Лола Павловна Белоусова чун як ташкилоти фаъолу сарҷамъу фарҳангиву ташаббускор дар Иркутск вохӯрдам. Дар дигар шаҳрҳо ҳастанд бонувони фаъоли тоҷик, вале як командаи мустаҳкаму пешқадаму ҳамеша фаъолро, ки дар гармию сардии рӯзгор, дар ҳама чорабиниҳо якдилона ширкат кардаву дасти якдигарро гирифтанро, аз як гиребон сар бароварданро дар бонувони тоҷики Иркутск дидам. Хуллас, ман бо навбат бо ҳамаи бонувон шинос шуданро оғоз кардам.
Нахуст Лола Павловна, Саодат Қосимова, Фотимаапа пешниҳод карданд ба хонадони Маҳмадюсуф Усмонов, ки дар шаҳрчаи ҳарбӣ, тахминан 50 ё 60 км дуртар аз Иркутск зиндагӣ мекунанд, равем. Зеро зану шавҳар дар соҳаи авиатсияи ҳарбӣ кор мекардаанд. Чун одати хуби тоҷикон, дастархони пур аз нозу неъмату як хона ҳамватанон - зану мард моро интизор буданд. Тамоми ороиши хон бо дастони меҳрофари бонуи хонадон Гулнисо омода шуда, хӯришҳои сабзавотӣ, нонҳои тоҷикӣ назар мерабуданд. Аввал бароямон кашк оварданд. Суҳбат ва базми шеъру суруди тоҷикона дар як гӯшаи шаҳри дури соҳили Байкали зебо ба авҷи само мерасид. Ростӣ, ҷои ҳайрат ҳам буд, ки кам бонувони тоҷикро дар Россия фаъолу ҳамнишин сари як хони неъмат бо шавҳару меҳмонон мебинам. Вале бонувони тоҷики Иркутск тасаввуротамро дигар карданд. Ифтихор кардам, ки бонуи тоҷик имрӯз дар дуриҳо ҳам соҳибмақому соҳибэҳтирому соҳибунвону соҳибхон ҳастанд. Муҳаммадюсуф Усмонов такягоҳи беҳтарин барои ҳамсари зебову бовафояш ҳаст.
Онҳо соҳиби се писару як гулдухтаранд. Фарзандон низ аз паи роҳи падару модар гом мениҳанд. Ёқубҷон дар Донишгоҳи авиатсионии Воронеж таҳсил мекунад. Духтарашон корманди ҳарбӣ. Писари дуюм дар синфи 9 бо баҳои аъло мехонад. Писарчаи хурдиашон ҳам корманди ҳарбӣ шуданист.
Муҳаммадюсуф думбраро хуб менавозаду Гулнисо дойра ба даст суруди зебоеро дар васфи муҳаббати поки Модар - Ватан ба самъи меҳмонон мерасонад. Ба сурудхонии Гулнисо шавҳараш, Фотимаапа, Зарафшон, Саодат ҳама ҷӯр мешаванд. Ҳама якҷоя суруд мехонанд. Фазои пур аз муҳаббат сафои тоҷикона, лаҳни тоҷикона дар ҳавои сард дилҳоро гарму рӯшан месозанд.
Гулнисо аз канори падару модар дур омад, вале меҳру муҳаббату тамоми оини рӯзгордориро аз модараш омӯхта, дар канори шавҳару фарзандон амалӣ карда истодааст. Кулли ҳамватанон хонаводаи Усмоновҳоро чун оилаи намунавию фарҳангиву бо пешниҳоди ғизоҳои милливу оинҳои миллӣ мешиносанду арҷ мегузоранд. Нафақат ҳамватанон, балки мардумону халқиятҳои маскуни Иркутск ва шаҳрчаи ҳарбӣ дӯсташон медоранду дар ҳаққашон суханони нек мегӯянд.
Садбарг БОҚӣ,
шаҳриИркутск, ФР