Шаҳло Неъматзода мураббии муассисаи томактабии № 152 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст. То ин муддат се сол ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар деҳоти ба номи Миралї Маҳмадалии ноҳияи Восеъ фаъолият бурдааст. Ӯ хатмкардаи коллељи тиббии шаҳри Кӯлоб буда, баъди бунёди оила ба пойтахт кӯч баст ва ду писарчаи хурдсолашро ба кӯдакистон раҳнамої намуд. Дар чорабиниҳо, љаласаҳои гурӯҳї ва дарсҳои кушоди кӯдакистон ширкати фаъолона варзида, ба ин маъво дил баст.
Мехост ба дунёи поку рангини тифлакон раҳ ёбаду бо меҳру муҳаббат ва тинати созандааш онро таровати тоза бахшад. Бо ин мақсад соли 2014 ба факултаи педагогика ва психологияи томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ шомил шуду ҳамзамон фаъолиятро дар кӯдакистони мазкур ба роҳ монд. Соли 2017 донишгоҳро поён бурд ва бо дониши тахассусӣ маҳорати худро сайқал дод.
Моҳи октябри соли 2020 даври ноҳиявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон - 2020» доир шуд. Шаҳло, ки гурӯҳи омодагӣ ба мактабро дошт, дар он ширкат варзида, дар машғулияти омодагӣ ба таълиму савод дар мавзӯи «Аз калима ҷудо кардани ҳарфи «Ш» нахуст бозиро ба роҳ монд. Қартаҳоро бо сабти садонокҳои забони тоҷикӣ рӯи замин парӯ гузошт. Кӯдакон баъди интихоби қартаҳо мутобиқи ҳамон садонок шеърҳо қироат намуданду надонистаҳо арғушт рафтанд. Баъдан, мураббӣ дар мавриди дар алифбои забони тоҷикӣ чанд ҳарфу чанд овоз будан ва гурӯҳҳои он бо бачагон муколама оросту ҷавобҳои дақиқ шунид.
Шаҳло шеъреро бо оҳанги махсус қироат намуда, калимаҳои дорои ҳарфи «ш»-ро бо ташдид зикр намуд, то кӯдакон онро ба хотир бигиранд. Бозии калимаёбӣ бо ин ҳарф низ ҷолиб буд - ҳар кӯдаке, ки бисёртар калимаҳои «ш»-дор мегуфт, соҳиби ситорача мешуд. Мураббӣ тоҷи дастӣ оростаи худро ба сари он кӯдаке ниҳод, ки бештари ситорачаҳоро ба даст оварда буд. Сипас, барои ғанӣ гардондани захираи луғавии кӯдакон бозии «Занҷири калимаҳо»-ро ба роҳ монда, тӯбро бо зикри калимаи дорои ҳарфи «ш» сӯи кӯдаке ҳаво дод, ки ҳалқаи кӯдакон бо шавқ ба калимаёбӣ пардохтанд. Ҳайати комиссия аз шуъбаи маорифи ноҳияи Синои пойтахт аз усулҳои корбарии мураббӣ қаноатманд гашт. Ба ин тариқ, Шаҳло Неъматзода дар ин давр пирӯзиро ба даст овард.
Дар даври шаҳрии озмун Шаҳло мебоист, тибқи ҷадвали машғулиятҳо шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, тартибдиҳӣ ва тарбияи ҷисмониро ба роҳ монад. Машғулиятро ба таври маҷмӯӣ тартиб дода, дар оғоз бо кӯдакон бозӣ орост. Барои ба ёд овардани афсонаҳо бозии аҷибе мураттаб сохт. Суфраи бузургеро бо ҳошияҳои сурх ба катакҳо ҷудо карда, 10 афсонаро, ки дар рӯи давраҳои картонӣ тасвир шуда буд, рӯи суфра парӯ гузошт. Чор кӯдак болои суфра баромада, доираҳоро интихоб ва дар бораи афсонаи тасвиршуда нақл намуданд. Баъдан, бозии «Хотамкорӣ» (мозаика) доир гардид, ки кӯдакон лифофаҳоро интихоб карда, расми афсонаҳои ба қисмҳо ҷудошударо муддати як дақиқа ба ҳамдигар пайваст ва қаҳрамонҳоро номбар карданд. Сипас, мураббӣ афсонаи «Донак»-ро ҷаззобу дилчасп қисса намуда, тариқи тахтаи электронӣ тасвирҳои афсонаро мисли филми тасвирӣ намоиш дод, ки ҳам хурдсолон ва ҳам аъзои ҳакамон бо завқ тамошо намуданд.
Дар дақиқаҳои тартибдиҳӣ мураббӣ аз коғази ранга давра бурида, даруни он дона гузошт ва коғази дигарро ширеш молида, болои он маҳкам намуду баргаке сохта аз паҳлуи он насб намуд. Ин намоиши ҷойгиршавии дона даруни мева буд. Аз кӯдакон пурсид, ки навъҳои меваҳои донакдор ва бедонакро ном бигиранд. Посухи бачаҳо ҳамагонро ба ҳайрат овард: ҳамаи меваҳо қариб донак доранд, то минбаъд низ нашъунамо ёбанду аз рӯидан намонанд. Дар 17–18 дақиқаи машғулият лаҳзаи дамгириро бо тарбияи ҷисмонӣ омезиш доду бозии «Сайругашт дар боғ»-ро доир намуд. Кӯдакон ҳамроҳ бо мураббӣ хаёлан дар боғ саёҳат намуда, донак меёбанд ва онро ба замин мешинонанд, то дарахте дар боғ зиёд гардад. Бо ишораву ҳаракатҳо бачагон ба вазиши бод, ба ҷамъоварии ҳосил тақлид намуда, хушҳолу болидахотир гаштанд.
Баъди се рӯз Шаҳлоро ба маркази инкишофи кӯдакон даъват намуданд. Ба 10 суоли саволнома ҷавоб гардонда, аз рӯи вазифаи дувум дар компютер ҷадвали рӯйхати кӯдакон ва суроғаи онҳоро тартиб дод. Дар навишти ариза ва маълумотнома низ муваффақ шуд. Ин буд, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун раҳ ёфта, дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббӣ дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузарондани машғулияти таълимӣ, мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия дастболо шуд. Бахусус, гузарондани машғулият дар гурӯҳи кӯдаконе, ки барояш ношинос буду ҳам гурӯҳи дуюми хурдсол (3 - 4 – сола) басо ҷолиб буд. Аёният, бозиҳои интерактивӣ, тартибдиҳӣ, суробсозӣ ва ба гурӯҳҳои хурди корӣ тақсим намудани кӯдакон доваронро хуш омад. Ин буд, ки бо маҳорати баланди педагогӣ, донишу ҷаҳонбинии васеъ ва нутқи фасеҳу равон Шаҳло Неъматзода ғолиби озмун, соҳиби гувоҳнома, ҷоми озмун, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои арзишманд гардид. Дар баробари ӯ Таҳмина Ҳоҷибоева, мураббӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар озмун мақом ёфт.
Шаҳлобону бо ҳамсари мушфиқаш чор фарзандро дар масири некахлоқӣ ва донишандӯзӣ тарбия ва обутоб дода, худро ҳамсари хушбахт медонад.
- Вақте кас дар оиладорӣ муваффақ мегардад, мехоҳад таҷрибаи ғании хешро ба ҷамъият расонаду барои дигарон судманд гардад. Хушбахтам, ки заҳмати ман қадр шуд. Туҳфа, агарчи касро рӯҳбаланд месозад, ширкат дар озмун муҳимтар буд, бароям мактаби бузурги таҷрибаро мемонд. Инак, бо масъулияти дучанд мехоҳам равони кӯдаконро ҳамеша сӯи равшанӣ раҳ созаму гавҳари қалби кӯдаконро суфтаву пурҷило гардонам, - иброз дошт Шаҳло Неъматзода.
Омина ХОҶАЕВА