Фотима Амриддинова зодаи як гӯшаи зебоманзару биҳиштосои диёри Муъминобод буда, 15 соли умри хешро дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас масраф намуда, то ҳол дар касби хеш содиқ аст. Кас, агар ҳамсуҳбати ин бонуи соҳибтаҷриба гардад, аз суҳбатҳояш лаззат мебарад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ихтисоси омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик аст. Ҳувияти миллии баландеро соҳиб аст, ин аз он ҷо бармеояд, ки ҷумлае бе ифодаи шеъре ё мақоле нагуфта.
Алҳол Фотимабону иҷрокунандаи вазифаи муовини директор оид ба таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 аст. Имрӯз шогирдони зиёдаш дар тамоми соҳаҳо фаъолият доранд.
Ӯ нахуст корро дар яке аз макотиби зодгоҳ оғоз намуда, баъди панҷ соли фаъолият бино бар сабаби иваз намудани макони зист, дар мактаб - интернати №1 шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт се сол кор кард. Муомилаи хубу дарки баланди касбӣ, маҳорати хуби кордонияш аз мадди назари роҳбарияти мактаб дур намонд. Чанде пас Фотима Амриддиноваро муовини директор оид ба қисми таълим таъйин намуданд.
- Вақте ба мактаб - интернат омадам, кор бароям сахт мушкил буд. Зеро бачаҳои мактаб - интернат аз бачаҳои дигар мактабҳо тафовут доштанд. Мактаб - интернат масъулияти сахтро талаб мекард, чунки аксар хонандаҳо ятим буданд. Мо на танҳо омӯзгор, балки мураббӣ ҳам будем. Бачаҳои душвортарбияро ба ҳама кирдорҳои хубу нохубашон ҷавобгар будем. Ба тадриҷ бо бачаҳо одат намудам. Модарвор сарашонро сила мекардам.Чун онҳо аз меҳрубониву навозишҳои гарми волидон маҳрум буданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ятимон ҳам барои таҳсил ва ҳам барои хобгоҳашон тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд. Аз чунин роҳбари мушфиқ меболем. Ҳангоми фаъолият дар мактаб - интернат бачаҳои болаёқаду бозаковат зиёд буданд. Онҳо пайваста дар ҳама гуна озмунҳо ширкат варзида то даври ҷумҳуриявӣ расида бо медалу ифтихорномаҳо бармегаштанд.
Шурӯъ аз соли 2019 муаллимаро ба сифати муовини директор оид ба таълими МТМУ №99 ба кор даъват намуданд.
- Ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ мавқеи зан дар ҷомеа баланд бардошта шуд, - мегӯяд мусоҳибам. - Аз чунин дастгириҳо сари мо ба осмон расид. Мо имрӯз метавонем дар қатори мардон дар ҳама сохторҳои қудратӣ фаъолият намоем. Ва зиёд мебинам занҳоро, ки дар ин ё он коргоҳу муассисаҳо фаъолона бо сари баланд ифои вазифа доранд, ростӣ зиёд шод мешавам. Ҳама ин озодиву шароити хубро баҳри халқаш фарзонамарди диёр, Роҳбари ғамхор фароҳам овард, то мо - занон низ баҳри ободиву пешравии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Дар тамоми касбу кор касро устод мебояд. Албатта, бо ҳидояти устод кас дар дилхоҳ ҷода ба мақсад мерасад. Аслан омӯзгори хуб будану шудан ниҳоят заҳмати зиёдеро тақозо мекунад. Омӯзгор бояд барои такмили ихтисос пайваста кор кунад. Бурди дигари омӯзгор ин иртибот бо волидон аст. Танҳо бо кӯшишу заҳмати тарафайн метавон ба мақсад расид.
Фотима Амриддинова омӯзгори меҳрубону серталаб аст. Бо лаҳни ширину самимияти хос ба шогирдон сабақ меомӯзад. Муаллима методи хуби дарсгӯӣ дорад, ки ҳамеша бо самимияти хосса ба шогирдон дарс мегӯяд. Маҳз меҳнату талоши хуби ӯ буд, ки соли 2016 дар озмуни «Муаллими сол» ғолибиятро ба даст овард. Талоши омӯзгори асил аз назари Вазорати маориф ва илм дур намонд, соли 2017 унвони баланди «Аълочии маориф ва илм» - ро сазовор гашт. Бешак, имрӯз Фотима Амриддинова омӯзгори таҷрибадор, меҳрубону ғамхор, дар ҷомеа соҳиби ҳурмату эҳтироми умум гардидааст.
Мустафои РАҶАБЗОД