Сокинони деҳаи Чептураи ноҳияи Шаҳринав Зарифа Мирзобекова ва Моҳшариф Аюбова тавонистанд, ки тавассути Маркази захиравии минтақавӣ ва Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон соҳиби касб гарданду ба ин васила пайи дарёфти ризқу рӯзӣ шаванд.
Зарифа Мирзобековаро имрӯзҳо ҳамчун челонгари мошин мешиносанду Моҳшариф Аюбоваро чун кафшергари барқӣ.
Тибқи барнома занону духтарон аз оилаҳои камбизоат дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ таҳсил намуда, ҳамзамон ҳар моҳ ба маблағи 283 сомонӣ стипендия ба даст оварданд. Тавре Зарифа ва Моҳшариф мегӯянд, хурсанд аз онанд, ки ҳам соҳиби касб гашта, дар баробари ин стипендия ҳам гирифтаанд.
Ин бонувон аз рӯи лоиҳаи мазкур муддати се моҳ дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шаҳринав ба касбомӯзӣ пардохта, баъдан муддати се моҳи дигар ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
- Қаблан барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия рӯ овардам. Боду ҳавои он ҷо ниҳоят сард буд ва ин боиси он гардид, ки ба бемориҳо дучор шавам. Ба Ватан баргашта, муддате бекор будам. Як писар дорам, ки ӯро танҳо ба воя мерасонам. Бо оғоз гаштани курсҳои омӯзишӣ тасмим гирифтам, ки соҳиби касбе шаваму дар зодгоҳам, фаъолият намуда, дар тарбияи фарзандам бевосита саҳмгузор бошам. Шукр, ки алҳол дар нуқтаи таъмири автомобилҳо ҳамчун шогирд кор карда, ҳамарӯза маблағ ба даст меорам ва аз ин қаноматмандам, - мегӯяд Зарифабону.
Моҳшариф Аюбова, ки соҳиби шаш фарзанд аст, пешаи кафшергари барқиро интихоб карда, пас аз таҳсил давраи таҷрибаомӯзӣ гузашта, алҳол барои сохтани гулмонак, хокистаргирак, оташдон, белча ва ғайра аз мизоҷон фармоиш ҳам мегирад. Ҳамзамон дар литсейи мазкур ба ҳайси кафшергари барқӣ фаъолият бурда, ба толибилмон нозукиҳои ҳунар меомӯзонад.
- Муддати 9 сол дар Федератсияи Россия ба шуғлҳои гуногун сару кор доштам ва баъди бозгашт ба Ватан дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳия ба ҳайси тозанигор ба фаъолият шурӯъ кардам. Баъди аз худ кардани касби кафшергарӣ аз ин ҳисоб низ даромад ба даст меорам. Бо хонандагони литсей панҷараҳои атрофи биноро кафшер намудем ва роҳгузарон, бахусус барои мардон аҷиб менамуд, ки бонуе бо рӯйпӯши муҳофизатӣ ба кафшергарӣ машғул асту ба хонандагон низ роҳи дурусти кор меомӯзонад, - мегӯяд Моҳшариф.
Писари Моҳшариф, ки барои адои хизмат дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардидааст, низ касби кафшергари барқиро дар қисми ҳарбӣ омӯхта, мисли модар моҳирона кафшергарӣ менамояд.
- Дар вақти кор ҳатман рӯйпӯши махсуси муҳофизатиро пӯшидан муҳим аст, зеро шарораҳои оташ метавонанд ба чашмон зарар расонда, қувваи биноиро коста гардонанд. Аз ин рӯ, ҳангоме, ки ба аёдати писарам меравам ё бо ӯ телефонӣ тамос мегирам, борҳо таъкид месозам, ки бе рӯйпӯши муҳофизатӣ кафшер накунад ва саломатии хешро эҳтиёт созад.
Умуман, ман аз касби интихобкардаи хеш қаноатмандам ва шукр мегӯям, ки дар Ватани худ ба тариқи ройгон мо метавонем соҳиби касбу кор шуда, ҳам ба мардум манфиат орем ва ҳам соҳиби ризқу рӯзӣ гардем, - иброз дошт М. Аюбова.
Маврид ба ёдоварист, ки лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мегардад, ки ҳадафи асосии он омода намудани мутахассисони барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ мебошад. Он ҳамчунин ба мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ - техникӣ ва барқарорсозии инфрасохтори литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолон, дастрасии баробар ба барномаҳои таълимӣ ва тақвияти идоракунию роҳбарӣ дар системаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ