СОҲИБДИЛ
Дар маркази будубоши рӯзона барои ашхоси калонсоли имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рӯшон 25 нафар ба касбомӯзӣ ва шуғл фаро гирифта шудааст. Марказ бо ташаббуси бонуи кордону меҳрубон Чилла Мирзомамадова таъсис ёфта, бошандагони даргоҳ ҳама ӯро модар ном мебаранд.
Бонувони марказ нозукиҳои касби бофандагӣ ва дӯзандагиро меомӯзанду ҳунарашонро сайқал медиҳанд ва маҳсулоти гуногуни хушнамуди гулдӯзиашонро пешкаши муштариён мегардонанд. Мардон аз ҳисоби дӯхтану таъмири пойафзол суд ба даст меоранду фармоишгарон зиёданд. Роҳбари марказ тасмим дорад, ки намудҳои хизматрасониро ба мардум аз ҳисоби чунин шуғлҳо, ба мисли муҳра, қолин ва адрасу атласбофӣ, кандакорӣ, таъмири асбобҳои электронӣ ва техникаи санитарӣ густариш диҳад, то шароити иҷтимоии бошандагони марказ боз ҳам беҳбудӣ ёбад.
Гулнамо ва Асалбек, яке маъюби гурӯҳи як ва дигаре дувум на танҳо соҳиби шуғл гардиданд, балки бахташонро ёфтанд. Меҳнати ҳамҷоя онҳоро бо ҳам қарин сохту ҳунар ва хислатҳои инсонии ҳамдигарро писандиданд. Онҳо бовар доштанд, ки метавонанд мисли дигарон оила барпо намоянду хушбахт бошанд ва бо заҳмати худашон мустақилона зиндагӣ ба сар баранд. Вале, вақте масъалаи издивоҷ ба миён омад, хонаводаи ҳар ду тараф зид баромад. Ба ин далел, ки ашхоси имконияташон маҳдуд наметавонанд бори вазнини оиладорӣ ва рӯзгорро бардоранд. Писару духтар ба шахси барояшон анису азиз Чилла рози дил намуданду ӯ ба миён даромад ва волидонро муътақид сохт, ки фарзандонашон, агарчи ба кумак ниёз доранд, вале ба зиндагӣ хушбину дилгарм ва соҳибҳунар ҳастанд. Ба хотири хушбахт будани онҳо азми қавиашонро дар мавриди барпо намудани оила бояд дастгирӣ намоянд. Масъулият барои тақдири ояндаи фарзандон ва хотиру иззати мураббие, ки дар баробари волидон ба онҳо ҳаққи модарӣ дорад, боло гирифту ҳар ду тараф ризоят доданд ва пас аз чанде тӯйи арӯсу домодӣ баргузор гардид.
Чанде қабл ин оилаи ҷавон аз фароғатгоҳ барои шахсони имконияташон маҳдуди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ баргашт. Ин сафар ва фароғат дар маркази ҷумҳуриявӣ барои маъюбон ба афкори оилаи ҷавон таассуроти наҷиби якумра боқӣ гузоштанд. Дар фароғатгоҳ зану шавҳар дӯстони нав пайдо намуданду олами нав барояшон боз шуд. Диданд, ки чӣ тавр афроди имконияташон маҳдуди ҷисмонӣ барои ҳаёт ва хушбахтӣ мубориза мебаранду дар касбу кори гуногун ва ҳатто варзиш ба натиҷаҳои ҳайратовар ноил мегарданд. Гулнамо бо илҳом аз таассуроти хеш аз дидаҳо ва ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи ашхоси ниёзманд қалам ба даст гирифт. Ба дафтари ашъораш шеърҳо дар васфи Ватан, дӯстӣ ва шаҳри дилрабои Душанбе афзуда шуданд.
Чилла аз тақдири ин духтари закӣ ва бофаросату босалиқа ёдовар шуд. Гулнаморо ба литсейи касбии махсус барои маъюбон аз деҳаи дурдасти Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон оварданд. Духтараки камгап аз одамон худро дур мегирифту ҳисси ғаму андуҳ ҳамеша ба чеҳрааш соя меандохт. Ғамхорӣ ва меҳрубонии пайвастаи роҳбар ва мураббиёни литсей, ки ба ҳар тарбиятгар муносибати фардӣ талаб мекунад, ба кушодани истеъдоди духтарак мадад намуду пас аз муддате ӯ яке аз тарбиятгирандагони фаъоли литсей гардид.
Ч. Мирзомамадова аз рӯзи таъсиси литсей то ба синни бознишаст расидан ин муассисаро роҳбарӣ намуд.Тақдири Гулнамо барин ашхоси имконияташон маҳдуд, ки дар литсей соҳиби хату савод ва касб мегарданду аксарашон чун ашхоси наҷиб, закӣ ва соҳибҳунар мебошанд ва хоҳиши самимонаи ёрӣ ба чунин афрод дар корёб шудану интихобашон дар зиндагии минбаъдаи мустақилона боис шуданд. Аз ин хотир, вай ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхор» ва дар заминаи он маркази будубоши рӯзона барои ашхоси калонсоли имконияташон маҳдуд таъсис дод. Ҳадафи ниҳоӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани бошандагони марказ мебошаду дар ин самт гомҳои нахустин ва ҷиддӣ гузошта шуданд. Мақомоти маҳаллӣ ташаббуси Ч. Мирзомамадоваро дастгирӣ намуда, барои марказ дар зудтарин фурсат бино ҷудо кард. Зеро ғамхорӣ дар ҳаққи ниёзмандон аз авлавияти фаъолияти давлат арзёбӣ мешавад.
Соҳибкорони саховатпеша, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳатто донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, аз кумакрасонҳои фаъол ва доимии марказ мебошанд. Марказ бо ташкилотҳои байналмилалӣ низ ҳамкории зичу самарабахш ба роҳ мондааст. Бо маблағи воридшудаи хайриявӣ таҷҳизоти бофандагӣ, ресандагӣ, дӯзандагӣ ва ҳатто созҳои мусиқӣ харид шуданд. Аъзои он имкон доранд, дар баробари тавлиди маҳсулоти дастӣ, дар толори марказ барномаҳои ҳунарӣ омода намоянд. Ду нафар бошанда дар форуми байналмилалӣ оид ба масъалаи маъюбон, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, дар номинаи рақс ва бофандагӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид.
Чанд сол қабл, ҳангоме ки дар ноҳияи Рӯшон мактаби касбии махсус барои маъюбон таъсис ёфт, интихоби Ч. Мирзомамадова ба ҳайси роҳбар амри тасодуфӣ набуд. Он вақт бо супориши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия сохтмони бинои мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои 640 тарбиятгиранда оғоз ёфту масъалаи чӣ тавр дар оянда истифода намудани бинои куҳнаи интернат ба миён омад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ таъсиси литсейи касбии махсус барои кӯдакони синни мактабиро дар вилоят зарур донист. Ҳамин тавр, дар муддати кӯтоҳ мактаб - интернат ва литсейи касбии махсус бо тамоми шароитҳои замонавии таҳсил ва касбомӯзӣ дар ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар рӯйи ятимону ниёзмандон кушоданд.
Бону Мирзомамадова, ки то ин дам 12 сол боз дар раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба сифати сармутахассис фаъолият дошту таҷрибаи кор бо табақаҳои гуногуни иҷтимоиро доро буд, роҳбари литсей таъйин гардид. Дар тӯли 10 соли роҳбарӣ дар литсей ва заҳмати шабонарӯзии мураббиён духтарону писарони зиёди имконияташон маҳдуд дар ин ҷо омӯзиш дида соҳибҳунар гаштанд. Меҳнати мустақилона ва талош барои зиндагӣ шиорашон гардид. Нафароне аз дастпарварони литсей имкон пайдо намуданд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсилашонро идома диҳанд.
Афроди имконияташон маҳдуд гурӯҳи иҷтимоии хеле ҳассос ҳастанду дар омӯзишу парваришашон муносибати рӯякиро намеписанданд. Танҳо вақте бо самимият тамоми тавон, неру ва қалбатро ба онҳо нисор мекунӣ, туро қадр мекунанд. Чилла Мирзомамадова аз он меболад, ки ба дунёи меҳри ин гурӯҳи иҷтимоӣ ва ниёзманд роҳ ёфтаасту тарбиятгирандагон ӯро дар баробари фарзандони ба камол расондааш бо дили пур аз меҳр модар унвон мегиранд.
М. ШОҶАМОЛ,
ноҳияи Рӯшон