Бозгашт ба хонаи худ
Шукуфањои хандони гули дарахти себи рўи њавлї бехабар аз зарбањои ногањонии таќдир он шаби бањорї зери барф монданд.
Нидои вопасини онҳо магар бо нафаси соҳибманзилон даромехт, ки марг дари ин манзил кӯфт.
Зубайдаи 6-соларо фарёди ҷонгудози чанд тан бедор кард. Аммо хоби гарон ба сони оҳанрабо ӯро аз худ намехост раҳо созаду аз ғафлат берун орад. Кӯрпаро маҳкам болои сар кашиду хост аз кӯи хоби даҳшатбори воқеънамо сӯи кишвари фасонаҳои чун ангубин ширин гом ниҳад. Ҳаёт рухи ғамангезу сиришки сӯзони хешро рӯи ин тифлакон рехт, ки побараҳна давон диданд, ки ҷисми беҷони падарро чанд тан рӯи ҳавлӣ берун оварданд. Модар рӯи фарши сарди гармоба мехобид. Дуди ангиштсанг бо панҷаи сияҳсон кори худро карда буд.
Ин воқеаи ғамангез баҳори соли 1982 дар кӯчаи Чехов (ҳоло Нисор Муҳаммад) – и Душанбе рух дод, ки таҳаммул кардани чунин андуҳи бузург духтаракро гарон уфтод. Зубайда кушоду пинҳонӣ талх гирист. Ҳар куҷо зани тануманди абрӯсиёҳ медид, модари ормониашро пеши рӯ меоварду шабонгоҳон оғӯши гарми ӯро мекофт. Холааш Химчагул, агарчи ба модар монанд буд, ҷисми лоғар дошту ба ӯ ҳич унс нагирифт. Ҳар куҷо зани нуронӣ медид, шабҳоро паҳлуи ӯ рӯз кардан мехост. Аммааш, зани болобаланди тануманд, шохчаи райҳон бари гӯш, аранге модарро ба хотир меовард, ки зуд ба дилаш маъво ёфт. Аз амма хумори модар шикастан зиёд тӯл накашид. Бародараш ба хизмати аскарӣ, ба Муғулистон рафту айёми мактабравии духтарак омад. Ӯро ба мактаб-интернати ятимони шаҳри Ҳисор супурданд. «Хонда мактабро тамом кун, туро ҳамроҳ ба фабрикаи ҷӯроббофӣ ба кор мебарам», - гуфт амма. Зарбаи дувуми тақдир захмҳои дили кӯчакро во намуд. Лаби остинро аз ашк тар мекарду чанд муддат аз калофи тақдир ба худ мепечид. Аз ҳақиқати талх канор меҷуст. Марҳами дарди бедавояш китобхона буду соатҳои тӯлонӣ рӯи афсонаи «Гулмоҳиҷон, гулмоҳӣ» чашм давондану ба дунёи тасвирҳои он ғарқа гаштан.
Чанде пас ба низоми ятимхона омӯхт шуд. Субҳгоҳон лаби ҷӯйбори боғи калони мактаб рӯй мешуст, пудинаҳои лаби обро меканду мебӯид, бо дигар бачагон машқи пагоҳирӯзӣ мекард, аз баргҳои гули ёқути боғ ба рухсораҳо хол мемонд. Навбатдор мешуду поккорӣ мекард, тағорачаҳои оҳанӣ пеши рӯ бо духтаракон мӯй мешуст. Билохира, мактаб барояш маконе шуд, ки баъди чанд муддат ӯро қадре ором сохт. Агарчи хурд буд, зеҳну ақли расову гиро дошт. Ӯ худро барвақт шинохт, барвақт бузург шуд ва дарёфт, ки пуштибоне пайдо несту ҷаҳду талош мебояд, то бинои ҳастии худ биорояд. Каломи ҷонбахши муаллим Ёралиев, ки гирдогирди мизҳои мактабӣ ғазалхонон қадам мениҳод, чун навозиши нарми модар ба ҷону равони духтарак оромиш овард ва яқин донист, ки пешаи омӯзгорӣ барои ӯст.
Баъди хатми мактаб - интернат Зубайда Шарифова донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло С.Айнӣ) шуду соли 1996 онро поён бурд. Ситораи толеи худро бо ҷавоне аз деҳаи Лучоби Болои ноҳияи Варзоб пайвасту оила бунёд намуд. «Келин, дар танӯр нон пухта метавонӣ?» -гуфтанҳои хушдоманро шуниду бо шарм сарро поин ва сукут кард, ӯ ҳаргиз «на» намегуфт. «Наметавонам» ва «намедонам» барояш бегона буд, чун эркатулфори модар набуд. Зани бародари шавҳараш сабук ба танӯр нон мечаспонд. Ба хоҳиши нонбандии Зубайда «рухсораҳоят месӯзанд» гуфт. «Бигзор сӯзам, аммо бояд ёд гирам», - посух дод Зубайда. Аз ноуҳдабароии худ бедареғ сиришк ҳам рехт. Ҳамин тавр, батамом шеваи рӯзгордорӣ омӯхт. Ҳамзамон, шурӯъ аз ҳамон сол дар мактаби № 55-и деҳа ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият бурд. Эҳсонкориву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба чашми сар дид, ки калиди хонаи дуҳуҷрагиро ба онҳо тақдим намуданд.
Соли 2005 Зубайда бо ҳама биноиву доноияш муваззаф шуд, ки симати муовини директор оид ба тарбияро дар МТМУ № 65-и пойтахт ба уҳда гирад ва дар масири некахлоқӣ бачагонро тарбия диҳад. Соли 2017 бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директори мактаб-интернати № 3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе ба кор таъйин гардид.
Моҳи август буду кӯдакон дар таътили мавсимӣ. Вақте аз дарвозаи мактаб-интернат ворид шуд, ба атроф нигоҳи дардолуде карду гуфт: «Ба хонаи худ омадам». Аввалин чизе ки ба назар расид, нишастгоҳи саҳни ҳавлӣ буд. Нишасту чӯбҳои онро мисле ки худро навозиш мекард, молид. Вақти шиносоӣ ба чашми ҳар як корманд назар афканда, мехост чизе омӯзад, он чизеро, ки онҳо дидаанд, бубинад.
Рӯзи аввали таҳсил гулдастаҳои кӯдаконро нагирифт ва аз онҳо хоҳиш намуд, ки онҳоро ба модарони худ ҳадия намоянд. Баландгӯякро як сӯ гузошту ба ҳар як кӯдаки маъюб наздик шуд. Буғзи гиря дар гулу ҳарф зад ва дар чашми модарон маҳзунӣ ва ашки пинҳонӣ дид. «Табассуми модарон беҳтарин туҳфа баҳри мост»,- нидо андохт.
Сад нафар тарбиятгирандаи мактабро, ки 37 нафараш духтаронанд, модарвор ба оғӯш гирифт. Ин кӯдакон аз оилаҳои ниёзманданду бо бемориҳои камақлии дараҷаи миёна, сабук ва вазнин, ноинкишофии нутқ дар сатҳи миёна ва сабук ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Имрӯзҳо дар муассиса 74 нафар тарбиятгиранда дар 6 хобгоҳ бо кати хоб таъмин, хӯроки субҳ, чошти пешин, хӯроки нисфирӯзӣ ва шом тановул менамоянд. Будубоши хонандагон аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Аз 37 духтар 22 нафараш бо аломати бемории дауна (онҳоро кӯдакони офтобӣ низ мегӯянд, ки ба ҳамдигар монанданд) ва 6 нафар бо ноинкишофии нутқи дараҷаи миёна ва сабук. Боқӣ бо камақлии дараҷаи миёна ва вазнинанду ба нигоҳубини махсус ниёз дорад. Ду корманди тибби миёна ба ин кӯдакон кумаки аввалияи тиббӣ мерасонад. Ғайр аз ин, бо кӯдакон 9 мураббия, ду дояи шаб ва ду равоншинос кор мебаранд. 17 нафар омӯзгор дорои тахассусҳои логопед, олигофренопедагог, сурдопедагог, педагог-психолог ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ мебошад.
Бо барномаи махсуси таълимӣ хонандагон ба машғулиятҳои инфиродӣ, корҳои коррексионӣ ва ғайра ҷалб мегарданд. Дарсҳои мавзуният, варзиши табобатӣ, ҳамчунин истифодаи мусиқӣ, ки ба рӯҳияи онҳо таъсири мусбат мерасонад, ба роҳ монда шудааст. Кормандон марҳила ба марҳила аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, аз мураббиёни варзидаи дигар кишварҳо, аз ҷумла аз шаҳри Санкт-Петербург сабақ мегиранд.
Хушбахтии ӯро ҳадду канор набуд, вақте ки хонандаи синфи 4 Баҳора Одилова барномаи махсуси муассисаро аз худ карда, дар яке аз мактабҳои пойтахт дар баробари бачаҳои солим таҳсилро идома дод. Дастаи варзишгарони муассиса дар тамоми чорабиниҳои миёни бачагони маъюбиятдоштаи ҷумҳурӣ ширкат варзида, бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардидаанд. Аз намуди тенниси рӯи миз духтаре бо бемории дауна ва камақлии дараҷаи сабук чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурист, ки муаллима бо ифтихор аз он зикр менамояд.
Рӯзҳои навбатдорӣ, ки ба коргузорӣ, мутолиаи китоб ва қонуну санадҳо машғул мегардад, дар танҳоӣ гоҳо андешае ӯро думбол мегирад, ки агар волидон, дар ҳаёт мебуданд, аз камбудиҳояш гӯш мекарданд, аз муваффақияташ мефахриданд.
Ин гуфтаҳоро муаллима Зубайда Шарифова бо ҳаяҷону ҳалқаи ашк дар гӯшаи чашмон ба забон овард:
- Дар зиндагӣ кӯҳи баландеро медидам ва зиёд мехостам онро фатҳ намоям. Лек аз он кӯҳи гардунсо ба қаъри сиёҳи баҳр сарозер гаштам, аммо нест нашудам. Зеро Ватану давлатам буд, ки маро маҳв шудан намонд. Шукр мегӯям, ки аз як сӯ ба маҳрумиҳо дучор шуда бошам ҳам, аз дигар сӯ дасти навозиши падаронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дили бузурги ятимпарварона доранд, ба кӯи умедворони дилшикаста расид. Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба куҷое ки сафар накунанд, аввалтар аз ҳамин гурӯҳи осебпазир дидан менамоянд ва вақте шахс лаёқат ва ҳаракат дорад, дастгириҳои зиёд менамоянд. Ифтихор дорам, ки модари тоҷик чунин бузургфарзандеро бо талиаи некрӯиву дардошноӣ ба бахти миллати мо офарид, ки имрӯз муттакои ятимону маъюбонанд.
Омина ХОҷаева