Лўлиҳо ё ба қавле ҷўгиҳо, аз халқиятҳои кўчманчӣ ба шумор мераванд, ки дар асрҳои гуногун аз Ҳиндустон тариқи Балуҷистон ва ЭронуАфғонистон ба Юнону Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо ҳиҷрат намуда, дар ақсои олам сукунат ихтиёр кардаанд. Лўлиҳои қаблан дар шаҳрҳо муқимишуда, асосан ба ҳунармандӣ машғул буданд, аммо қабилаҳои кўчманчии онҳо гадоӣ, фолбинӣ ва дигар кирдорҳои хилофи урфу арзишҳои фарҳангии мардумони Машриқзаминро анҷом медиҳанд. Ҳанӯз аз аҳди шӯравӣ қавмҳои лўлиён худро аз фаъолияти ҷамъиятӣ канор гирифта, дар маҳаллаҳои дигар халқу миллатҳо зиндагӣии алоњидаро ихтиёр кардаанд.
Давоми сӣ соли охир лўлиҳои муқими ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои Аврупо роҳ ёфта, дар ин мамолик талбандагӣ ва дигар расму одатҳои худро идома дода истодаанд. Мутаассифона, ҷомеаи Россияву Аврупо гадову фолбинҳои дар бозору хиёбонҳои шаҳрҳояшон пайдошударо намояндагони кишварҳои миллии Осиё мешуморанд.
Солҳои пеш лўлиёни сокини Тоҷикистон ба фолбинию гадої ва хонагардӣ қаноат карда, аҳён - аҳён дар кӯчаву бозорҳои марказҳои маъмурӣ низ мушоҳида мешуданд. Валекин, тӯли чанд соли охир онҳо шуғлҳои гуногуни нақдмуздро низ ривоҷ дода, дар баробарӣ гадоию хонагардӣ ба тиҷорати молу коло, хариду фурӯши мӯйи занон ва нодираҳои аз металҳои ранга низ машғуланд.
Солҳои охир дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар сафи талбандаҳо аз ҳисоби лўлиҳо афзуда истодааст. Бешак, чӣ дар растаҳои бозору роҳравҳо ва даромадгоҳи мағозаву дорухонаҳо, чӣ назди терминалу банкоматҳо, ҳар куҷое даст сӯи кисса бурданӣ шавӣ, ҳамоно дасти талабе пеши нигоҳатро баста, доду нидо мезанад: «Ҳоҷӣ, хайри ҷон кун! Садақа дар роҳи Худо».
Шояд ба далели ба маротиб зиёд шудани шумораи талбандаҳо ва руҷуи бештари лўлиҳо ба маркази вилояти Хатлон миёни гадоён рақобати сахт меравад, ки солҳои охир талбандаҳо дигар аз раҳгузарон зорию бечоранолӣ накарда, баръакс, «хайр диҳед»,- гуфта, бебокона пеши роҳи одамонро мегиранд. Ба ин рӯзҳо ҳам расидем, ки гадоёни кӯчагӣ «садақа»- гӯён даст аз гиребони нафаре мегиранд, ки ба хотири хариди лавозиме назди дуконе ист мекунад. Ҳамакнун, раҳгузарони атрофи бозору мавзеҳои пуродам шаҳри Бохтар бо дидани кӯдакони дар роҳравҳо мунтазир маҷбуранд, ки роҳи худро дигар кунанд, вагарна гадобачаҳои «корозмуда» то як сомонӣ наситонанд, домани онҳоро раҳо нахоҳанд кард.
Кор ба ҳадде рафтааст, ки талбандаҳо дар ошхонаву чойхонаҳо бемамониат ворид шуда, то маблағ ва ё нону ғизои назди нишастагонро набардоранд, онҳоро роҳат намегузоранд. Мардум ҳам аз раҳмдилии содалавҳона ва ё эҳсоси дигаре бошад, ки ба зудӣ хоҳиши талбандаҳои густохро иҷро мекунанд. Ин гуна мисолҳо нишони бетафовутии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва беназоратии тартиботу интизом дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аст, ки донишҷӯи деҳотие ба хотири раҳоӣ аз ҳолати барояш ногувор пораи нонашро ба талбандаи шаттоҳ дода, худ шурборо бе нон тановул мекунад. Ё худ, мабодо дар кӯчаҳои шаҳр шиносеро рӯ ба рӯ омада, ҳанӯз якдигарро ҳолпурсӣ накардаед, ки “Садақа раъди бало” – гўён, даъвогаре миёни шумо ҳозир мешавад. Дигар дар истгоҳҳҳо ва лаҳзаҳои интизорӣ дар ростои чароѓакњо ва ё даромадгоҳҳои дорухонаву мағозаҳо аз дасти лўлиҳо халосӣ нест.
Ҳамин тавр, ба чанде, ки мардуми Осиё аз қавму қабилаҳои лўлиҳо худро дар канор мегиранд, вале лўлизанону кӯдакони онҳо ончунон аз ҳад гузаштаанд, ки ҳамакнун дасти талаби эшон торафт ба ҷайбу хону мони мо наздиктар мешавад. Ҳолатҳое ҳам рух додаанд, ки дар набудани соҳибхонаҳо молу маҳсулоти хонаводаро лўлизанони дарбадар ба яғмо бурдаанд.
Хулоса, афкори қолабие, ки таъмини рӯзгори хонаводаҳои лўлиёнро занону кӯдаконашон аз тариқи гадоӣ бояд таъмин намоянд, на расму русуми аҷдодии ину он қавм, балки як “ҳукм”-и золимонаву хилофи ҳама қавонину арзишҳои инсонӣ аст, ки аз кадом асру замоне дар қабилаҳои дур аз ҷомеаи маданӣ боқӣ мондааст. Вале боз ҳам, мардуме, ки бо заҳмату ҳалолу обилаи каф рӯзгори худро пеш мебаранд, бенаво намондани дасти сӯяшон дарозкардаи талбандаҳои “касбӣ”- ро барои худ фарзу ҳам қарз медонанд. Ҳамин тавр, бетафовутии ҷомеа аз зиёдаравиҳои лўлиҳо дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ оқибат ин қавмро ончунон шерак кардааст, ки на тартиботи ҷамъиятиро риоя мекунанду на қавонини мавҷударо. Ва бидуни эҳсоси масъулиятҳои шаҳрвандӣ ҳар гунае, ки бихоҳанд зиндагӣ ба сар мебаранд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
«Хатлон»