Бо соя бирав,
бо соя биё, қанд бихӯр
Назокат Исмонова дар шаҳраки Тавилдара, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1990, пас аз хатми мактаби миёна, дар нозироти андози ноҲия ба Ҳайси коргузор ба фаъолият пардохт. СолҲои 1997 - 2007 дар маќомоти иљроияи маҲаллии Ҳокимияти давлатии ноҲия дар бахши назоратӣ, шуъбаи умумӣ ва муовини сардори бахши кор бо љавонон ва 10 сол мудири кӯдакистон буд. Сипас, корро дар шуъбаи умумии дастгоҲи раиси ноҲия ва чун котиби раиси Љамоати шаҲраки Тавилдара идома дод. Соли дуюм аст, ки бахш оид ба корҲои дин, танзими анъана ва љашну маросимҲои миллии маќомоти иљроияи маҲаллии Ҳокимияти давлатии ноҲияи Сангворро роҲбарӣ мекунад.
- Дар оила 8 духтару 1 писар ба воя расидаем. Ҳама дорои таҲсилоти олӣ ва касбием. Падарам мутахассиси соҲаи алоќа, модарам дар беморхона Ҳамшираи тиббӣ буданд, - мегӯяд ӯ.
Ҳамсари Назокат солҲои љанги таҲмилии шаҲрвандӣ аз тири нохалафе ба шаҲодат расид. Ҳарчанд дар нимароҲи зиндагӣ танҲо монд, фарзандонашро ба камол расонду соҲибмаълумот кард. Ӯ ду љигарбанди хонаободу 4 набераи дӯстрӯяк дорад. Духтараш Замира коллељи тиббии ноҲияро хатм намуда, дар кӯдакистони шаҲраки Тавилдара кор мекунад. Писараш Далер, хатмкардаи ДонишгоҲи миллии Тољикистон, муовини раиси бахши кор бо љавонон ва варзиши ноҲияи Сангвор аст.
МаҲз бо талошҲои Назокатбону дар маркази ноҲия кӯдакистон ба фаъолият пардохт. Барои амалӣ намудани тасмими худ ӯ ба ноҲияҲои Ҳамсоя сафар карда кори кӯдакистонҲо, тарзи Ҳуљљатгузорӣ, оиннома, низомнома ва тартибу равиши кори муассисаҲои томактабиро омӯхт. Пас аз даводави чандмоҲа аз Сангвор ба пойтахт оќибат орзуяш амалӣ гашта соли 2007 нахустин кӯдакистон дари худро ба пешвози тарбиятгирандагон боз намуд.
Соли 2006 Назокатбону ДонишгоҲи давлатии омӯзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намуда, дорои ихтисоси омӯзгори фанни география шуд.
- Замони нооромӣ ду - се нафар бону дар маќомоти иљроия кор мекардему халос. ЗанҲо Ҳатто ба кӯча намебаромаданд, зеро вазъ бағоят хатарнок буд. Он ваќт дар идораҲои давлатӣ умуман бонувон кор намекарданд. Ҳоло Ҳазорон маротиба шукрона мекунем, ки бо сиёсати сулҲхоҲона ва хирадмандонаи Сарвари давлат муҲтарам Эмомалӣ РаҲмон ба саодату оромӣ, рушду пешравиҲои нав ба нав расидаем. Садои бонувон дар љомеа љойгоҲи худро дораду маќому мартабаи зан бисёр баланд гашта аст.
Ба хусус бонувон бо ятимони бесаробонмонда аз дастгирӣ ва ғамхориҲои пайвастаи давлату Ҳукумат ва шахсан Президенти Тољикистон муҲтарам Эмомалӣ РаҲмон бархӯрдор будем ва Ҳастем. МаҲз Ҳамин ғамхориҲо боис гашта модарони танҲо фарзандони худро ба воя расонда соҲибмаълумот намудем, - изҲор медорад Назокатбону.
Сарфи назар аз фишору таҲдидҲои сияҲкорон ва хатари марг бонувони Сангвор ќатори мардон дар сангари ободониву ободкорӣ алорағми душманон бо шуљоат ва далерӣ ќадам мезаданду ба ояндаи неки кишвар эътимод доштанд. Ҳар як барномаи радиоиро бо умедҲои зиёд интизорӣ мекашиданд. Зеро танҲо тавассути ин таљҲизоти иттилоотӣ аз раванди сулҲи тољикон огаҲӣ меёфтанд.
- СолҲои пеш дар ноҲия ду нафар бону Давлатбӣ Олимова ва Силсила Урфонова дорои маълумоти олӣ буданд. МаҲз муаллима Давлатбӣ пас аз марги шавҲарам мани маъюсро рӯҲбаланду дилбардорӣ намуда, ба кор овард. Сипосгузорам, ки ӯ дар рӯзҲои сахту сангин паҲлуи ман буд, - бо шукргузорӣ мегӯяд муаллима.
Имрӯз дар маќомоти маҲаллӣ, ташкилоту идораҲои ноҲиявӣ ва маќомотҲои ќудратии ноҲия духтарону занони соҲибмаълумот кор мекунанд. Тибќи Квотаи президентӣ духтарони кӯҲистон соҲиби таҲсилоти олӣ гардиданд.
Раиси ноҲия Давлатзода МаҲмадшоҲ Ғайрат низ аз рӯзҲои аввали кор барои љалби бештари љавондухтарону занон ба кори давлатӣ ва вазифаҲои роҲбарӣ дастуру супоришҲо дод. Ҳамин дастгириҲо буданд, ки шумораи бонувон дар ташкилоту муассисаҲо афзуд. Шумораи бонувон дар хизмати давлатӣ аз 3 ба 10 нафар расид.
СолҲои пеш духтарон баъди хатми мактаби миёна таҲсилро идома намедоданд. ОнҲое, ки таҲсил кардан мехостанд, ба монеаҲо дучор мегаштанд. АлҲол аксари духтарон таҲсили худро дар донишгоҲу донишкада ё коллељу омӯзишгоҲҲо идома медиҲанд. Ба шарофати дастгириҲои Ҳукумати љумҲурӣ дар замони соҲибистиќлолии кишвар зиёда аз 300 нафар духтари ноҲияи Сангвор соҲиби маълумоти олӣ гардид.
Дар муассисаҲои таълимии ноҲия, аз љумлаи умумии хонандагон 2394 нафарро духтарон ташкил медиҲанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 84 нафар бону дорои таҲсилоти олист. Аз соли 1997 инљониб 275 нафар духтар тибќи Квотаи президентӣ ба таҲсил дар донишгоҲу доникадаҲои кишвар ба таҲсил фаро гирифта шуд.
АлҲол 200 нафари онҲо пас аз хатми мактаби олӣ дар ташкилоту муассисаҲои ноҲия кору пайкор доранд. Соли љорӣ 35 нафар духтар ба мактабҲои олӣ дохил шуд, ки аз ин 11 нафараш тибќи квота мебошад. Ҳоло 85 нафар духтар дар донишгоҲу донишкадаҲои кишвар таҲсил дорад.
Дар ноҲия шумораи умумии занон 11 Ҳазору 562 нафарро ташкил медиҲад. Аз љумла, занони ќобили меҲнат 5819 нафар, бонувони роҲбар 28 нафар, дар соҲаи маориф 194 нафар, соҲаи тандурустӣ 141 нафар, Ҳифзи Ҳуќуќ 3 нафар, соҲаи фарҲанг 20 нафар, роҲбарони ҲољагиҲои деҲќонӣ 29 нафар, занҲои соҲибкор 78 нафаранд.
-Кор дар самти иттиҲодияҲои динӣ ва танзими љашну анъанаҲо тибќи наќша – чорабинии тасдиќгардида амалӣ шуда истодааст. Бештар бо мардум суҲбату вохӯриҲо доир мекунем. КорҲои фаҲмондадиҲӣ ба роҲ монда, аз Ҳисоби бонувон гурӯҲҲои таблиғотӣ ташкил намудаем, ки байни аҲолӣ кор мебаранд. Сарфаву сариштакориро ба мардум талќин месозем. МоҲияти Ќонуни ЉумҲурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар ЉумҲурии Тољикистон» - ро мефаҲмонем, - иброз медорад муаллима.
Дар ноҲия барои ба танзим даровардани љашну маросимҲо 14 комиссияи љамъиятӣ ва 6 комиссияи доимамалкунанда фаъолият доранд. Дар Ҳар комиссия то 11 нафар аъзо корҲои назоратиро пеш мебарад. Зери назорати комиссияи доимии танзими анъана ва љашну маросим дар нуҲ моҲи соли 2020 дар Ҳудуди ноҲия 148 тӯйи домодию арӯсӣ гузаронда шудааст. Ҳама љашну маросимҲое, ки доир гардидаанд, дар асоси талаботи ќонун сурат гирифта, ягон ќонуншиканӣ ба кайд гирифта нашудааст. Дар љашну маросимҲои мазкур зиёда аз 500 000 сомонӣ сарфа гардидааст.
-Замони хурд будани фарзандон кори хонаро шаб ба анљом мерасондам, либосҲояшонро омода мекардам. Зеро дар кадом соҲае будам, корам соати 7:00 оғоз шуда, анљомаш то ба ваќти номуайян буд. Синни мубораки модарам, ки бисёр шахси сахтгиранд, ба 86 расидааст, доим мегӯянд: - «Бо соя бирав, бо соя биё, ќанд бихӯр». Яъне, пеш аз тулӯи офтоб ба кор рафтан ва пас аз ғуруб баргаштан, барору обрӯ меорад. Дар ниҲоди мо Ҳисси масъулиятро тарбият менамуданд.
Далер САФАР,
ноҳияи Тавилдара