Аз Конибодом
то лахш
Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувон дар умури роҳбарӣ, маориф, фарҳанг, соҳибкорӣ ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд. Ин ҳама, албатта, ба мақому манзалати зан таъсири мусбат мерасонад. Бонувони фаъоли кишвар имрӯз бо матонат ва садоқати беандоза нисбат ба Ватан фаъолияти шоиста доранд. Бонуи тоҷик бо назокат, фаросат, матиниродагӣ, фазилати хуби инсонӣ ва кордонӣ тавонист, ақидаи худро иброз дошта, муваффақу соҳибэҳтиром гардад. Боиси хушнудист, ки сол ба сол сафи занони роҳбар дар идоракунии давлат ва зерсохторҳои он марҳила ба марҳила меафзояд.
Маҳз ба шарофати ҳамин сиёсат имрӯз дар дурдасттарин ноҳияву деҳоти кишвар бонувон дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва хоҷагии халқ фаъоланд. Насиба Ғафурзода яке аз чунин фаъолзанони кишвар аст, ки то ба маснади муовинии раиси ноҳияи Лахш расидааст. Муаллима самти сиёсати идеологиро пеш мебарад. Ӯро 30 сол қабл ишқи ҷавони ҷиргатолӣ якумрӣ муқими ин макони кӯҳҳои сарбаланд намуда аст.
- Ман зодаи деҳаи Марҳами шаҳри Конибодомам. Замони донишҷӯӣ дар Институти педагогии забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ба номи А. С. Пушкин бо ҳамсабақам Саъйумрон Раҷабов издивоҷ намуда, бори аввал ба зодгоҳи ӯ - деҳаи Ҷиргатол омадам. Ҳарчанд урфу одат ва расму оини мардуми ин маҳал аз сокинони шимоли кишвар фарқ доранд, одат кардаму ин мардумро дӯст доштам, - мегӯяд Н. Ғафурзода.
Пас аз хатми донишкада муаллима корро дар мактаби №9 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус оғоз намуд. Минбаъд нозири шуъбаи кадрҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия, мутахассиси идораи почта, мутахассиси шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, мутахассис – коргузори дастгоҳи раиси ноҳия, мудири шуъбаи САҲШ ва 10 сол раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш буд.
- Бо хоҳиши директори омӯзишгоҳи касбии техникии ноҳия, ки аз ҳисоби омӯзгорони фанни забони русӣ мушкил дошт, ба омӯзишгоҳ рафтам. Роҳ сӯи ҳунаристон аз назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мегузашт. Баробари расидан ба омӯзишгоҳ ҷавоне даррасиду гуфт:
- Ман корманди мақомоти иҷроия, шуморо раиси ноҳия интизор аст.
Раиси вақти ноҳия Зууракан Давлаталиева аз тирезаи ҳуҷраи корӣ маро дида пурсидааст, ки ин духтарак кист? Ёваронаш дар бораам маълумот медиҳанд. Бори аввал вориди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш мешудам. Ҳайрон аз он, ки чаро раис маро даъват карда бошад. Дар дафтари кории раис муовини раиси ноҳия Тиллохон Динорова, роҳбари дастгоҳ Маҳмадшариф Раҳматуллоев ва раиси кумитаи занон Хосият Холбоева нишаста буданд. Чанд дақиқае суҳбат ороста, пешниҳоди кор дар мақомот намуданд. Гуфтам, ки ман муаллимаи одиям, шояд аз уҳдаи вазифа баромада натавонам. «Ман ҳам замоне муаллима будам»,- гуфт Давлаталиева. Рӯзи дигар ҳамчун мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия ба кор пардохтам, - ёд меорад Насибабону.
Давоми фаъолият дар зинаҳои гуногун муаллима худро ҳамчун кадри ҷавону болаёқат, масъулиятшиносу навовар муаррифӣ намуда, байни ҳамкорон ва мардум эътибори баландро молик шуд. Бо талошу заҳматҳои муаллима дар маркази Лахш - шаҳраки Ваҳдат бинои дуошёнаи хуштарҳу замонавии дафтари КИ ҲХДТ дар ноҳия қомат афрохт.
Айни ҳол дар ноҳия 24 нафар бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 4 нафар хизматчии давлатӣ мебошад. Дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия 3 ва дар Маҷлисҳои вакилони халқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 42 нафар бону вакил аст. Дар мақомоти ноҳия 7 нафар бону дар вазифаҳои гуногун заҳмат мекашад.
Дар соҳаи маориф 399 нафар бону, аз ин 152 нафар соҳиби таҳсилоти олӣ, 11 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда шуғл меварзанд. Дар соҳаи тандурустӣ 345 нафар, аз ин шумора 16 нафар дорои маълумоти олӣ, 3 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, дар соҳаи фарҳанг 28 бону, аз ин 15 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд.
Алҳол, шумораи умумии донишҷӯдухтарони ноҳия 283 нафар мебошад, ки 71 нафари онҳо дар асоси Квотаи президентӣ дар макотиби олии кишвар ва берун аз он таҳсил менамоянд. Дар соли хониши 2019 - 2020 37 нафар ҷавондухтар тариқи Квотаи президентӣ донишҷӯи мактабҳои олӣ гардид. Дар коллеҷи омӯзгории ноҳия 98 нафар, дар коллеҷи тиббӣ 36 нафар ва дар литсейи касбии техникии ноҳия 62 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Ҷиҳати таъмин намудани занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ соли 2017 бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид коргоҳи дӯзандагии «Сумая» таъсис ёфт, ки дар он 30 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ шуд, ки аз ин ҳисоб 26 нафарашон занону духтарони хонашин мебошанд.
Шумораи занони соҳибкор то ба 456 нафар расида, аз ин шумора 67 нафар масъулияти роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро бар дӯш доранд.
Бо таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон дар солҳои 2014 - 2018 5 нафар, аз ҷумла Умеда Абдураҳмонова ба маблағи 30000 сомонӣ бо лоиҳаи «Парвариши мурғи марҷон», Назира Кенҷаева ба маблағи 20000 сомонӣ бо лоиҳаи «Ошхона», Дилором Аъзамова ба маблағи 30000 сомонӣ бо лоиҳаи «Занбӯриасалпарварӣ», Ҷовар Ҷомиева ба маблағи 10000 сомонӣ бо лоиҳаи «Парандапарварӣ» ва Зулайхо Муродова ба маблағи 30000 сомонӣ бо лоиҳаи «Корхонаи хурди қолинбофӣ» ба гирифтани грантҳои президентӣ дастёб гардида, фаъолияти соҳибкориашонро васеъ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз солҳои 2014 – 2016 - ум 8 нафар, соли 2017 1 нафар ва соли 2018 1 нафар бонуи ноҳия бо гирифтани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба соҳибкорӣ шуғл варзиданд.
- Зан - роҳбар хусусияти махсуси ҳушёрӣ ҷиҳати барпо намудани муносибат бо одамонро доро мебошад. Нофаҳмӣ ва саршавии низоъро тезтар ҳис мекунад ва малакаи истифодаи маълумотро дар мақсадҳои худ дорад. Таҷриба нишон медиҳад, бонувоне, ки кӯшиш мекунанд тарзи роҳбарии мардонро аз бар намоянд, на ҳама вақт комёб мешаванд. Роҳбарии занон хоси коллективӣ дорад. Вай қобилияти равон истифода намудани неруи кормандони коргоҳро истифода бурда, комёбӣ ва инкишофи ташкилотро ба роҳ монда метавонад. Чунин тарзи роҳбарӣ ҳамчун мустаҳкамкунии оила буда, ба зан хос аст, - мегӯяд муаллима Н. Ғафурзода.
Насиба берун аз кор бонуи хонадон аст. Тавре қоил аст, мисли дигар занони музофотӣ хамиру фатир мекунад, хӯрок омода ва сарулибоси пайвандонашро таҳия месозад.
- Шукрона мекунам, ки 1 духтару 2 писар ва 7 набера дорам. Онҳо ҳама хонаободу таҳсилдидаанд. Дар мансабҳои масъули давлатӣ ифои вазифа доранд. Аз роҳи кашидаи падари маорифпарварашон намебароянд. Келинҳоям низ таҳсилкардаанду дар рӯзгордорӣ канорам ёваранд. Ҳар вақт бо набераҳомон меоянд, бо дидорбинии худ фараҳу шодӣ мебахшанд.
Сабрина,
ноҳияи лахш