Имову ишора, қиёфаи рӯй ва тарзи гуфтор яке аз рукнҳои муҳими муоширати байни одамон маҳсуб меёбад. Тавассути имову ишора суханронӣ бештар таъсирбахш хоҳад гашт. Аз қиёфаи рӯйи ҳамсуҳбат посухҳои ӯро хондан имконпазир аст. Агар инсон ҳарфе гӯяду қиёфаи ӯ чизи дигарро ифода намояд, табиист, ки одамон на аз суханронӣ, балки аз қиёфааш ҳақиқатро хоҳанд дарёфт.
Мутахассиси австралиягӣ Пиз чунин меҳисобад, ки тавассути нутқ 7 дар сади иттилоот, тавассути воситаҳои садоӣ 38 % ва тавассути қиёфаи рӯй, имову ишора ва тарзи ист 55 % иттилоот ба ҳамсуҳбат расонида мешавад.
Аз як сӯ агар ҳангоми вохӯрӣ ва мулоқоти расмӣ ҳаракати бадан ва қиёфаи рӯйро назорат кардан зарур ояд, аз тарафи дигар вокуниши ҳамсуҳбатро низ мебояд мадди назар гирифт.
Қиёфаи рӯйро метавон идора кард ва аксарияти одамон аз уҳдаи ин кор бомуваффақият мебароянд. Имову ишораҳо нутқи моро таъсирбахш месозанд, вале ҳамоно бояд бамаврид бошанд.
Ҳар як миллат ва халқият забони ҳаракату ишораҳои махсуси худро доранд. Чунин ҳаракатҳои маъмулие ба монанди тоб додани ангушти ишоратӣ дар чаккаи сар, бо буҷулаки ангушт ба пешонӣ тақ-тақ задан ва андешамандона хоридани сар барои чиниҳо ҳеҷ маъниеро ифода наменамояд. Аз ҷониби дигар бисёр ишораҳо ва рафтори онҳо ба мо нофаҳмост. Сӯи боло кардани ангушти калонро мо ҳамчун ишораи некуаҳволӣ ва хубӣ медонем. Лек дар Амрико, Британияи Кабир ва кишварҳои Скандинавия маънии манъ кардани мошини роҳро дошта, дар Юнон ба хомӯш истодан ишора менамояд.
Ишораи ҳалқа кардани ангушти ишоратӣ ва калон дар Амрико маънии некуаҳволиро дорад. Фаронсавиҳо онро сифр, яъне чизе надоштан медонанд ва дар Ҷопон мавҷудияти пулу маблағро дорад.
Аврупоиён ҳангоми дар бораи худ ҳарф задан ба қафаси сина ва ҷопониҳо ба бинии худ ишора менамоянд. Дар Арабистони Саъудӣ аз пешонӣ бӯсидан маънои узр хостанро дорад. Бояд гуфт, ки дар кишварҳои араб забони имову ишораҳо хеле густурда аст. Агар мансабдор ва ё полисе кафи дастро рост нигоҳ дошта, ба даруни оринҷ занад, он маънии «ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед»-ро ифода менамояд. Ҳамсуҳбати араб ба ақидаи шумо розӣ будани хешро бо соиш додани ангуштони ишоратӣ нишон медиҳад ва дигар ангуштонро сӯи дарун қат месозад.
Дар мавриди надонистани забони касе имову ишораҳо қисман метавонанд ба мо кӯмакрасон бошанд.
Тарзи ист низ метавонад чандин ҳолати инсонро нишон диҳад. Дастонро ба қафаси сина гиреҳ кардан маънии ҳимоя ё худ ҳолати номусоиди одамро мефаҳмонад. Кафи дастони кушодаро ба қафаси сина гузоштан ишораи поквиҷдонӣ ва кушодагист. Дастонро ба пушт кардану қулфи дастро доштан нишонаи қаноатманд нашудану худро ба даст гирифтан аст.
Дастони ба боло бардошта ва кафи дастони кушода, ки сӯи ҳамсуҳбат нигаронда шудааст, аз ростқавлӣ ва кушодагӯии инсон дарак медиҳад. Кафи дастони ба поён нигаронидашуда, ки ба болову поён ҳаракат менамоянд, ифодаи ором намудани нафаре ва ё гурӯҳеро дорад. Дастони мушткардашуда аломати хашму ғазаб ва адоват аст. Ба рухсора гузоштани кафи даст аломати дилгиршавист. Молиш додани манаҳ аз андешамандии кас ва нияти ба қароре омаданро дорад. Бо ангуштон рӯи мизро нақора задан аломати бесабру беқарорист.
Ҳангоми нишастан бо мушт ба сар такя кардан, оринҷи дастонро ба зонуҳо ё ба миз гузоштан ё худ кафи дастонро ба зонуҳои кушода гузоштану хам шудан нашояд. Дастони зери қафаси сина гиреҳкардашуда ба бонувон зебанда нест. Ҳангоми тановули ғизо ва ё тамоку кашидан баъзе нафарон ангушти хурди дастро аз дигар ангуштон каме дур нигоҳ медоранд, ки ба андешаи онҳо нишондиҳандаи завқи нозукбини онҳост. Агарчи аз паҳлу чунин ҳаракат нозеб менамояд.
Бояд гуфт, ки аз нутқ дида, қиёфаи рӯй ва имову ишораҳо ба дигарон бештар таассурот мебахшад. Бо имову ишораҳо диққатро метавон ба муҳимияти иттилоот ҷалб сохт.
Ҳангоми истифодаи имову ишораҳо се қоидаи асосӣ вуҷуд дорад: Ҳангоми гуфтугӯ дастон набояд даруни ҷайбҳо бошанд. Дуввум – дастон ба пушт набояд пинҳон ва сеюм – онҳо набояд бо ашёҳои ғайр машғул бошанд. Дастон барои инсон ёваранд, ки бояд ҳамеша озод ва омодаи он бошанд, ки бо фикру ақидаҳои шумо якҷо муттаҳид гарданд.
Бояд қайд кард, ки ҳини суҳбат табассум кардан яке аз воситаҳои маъмул ва беҳтарин аст. Он нишондиҳандаи хушбахтӣ, дӯстӣ ва меҳрубонист. Ҳангоми шиносоӣ табассум беҷуръатиро аз байн бурда, барои барпо кардани муоширати ором ва боварибахш мусоидат менамояд.
Тарзи нигоҳ низ барои инсон аслиҳаи хеле пурқувват маҳсуб меёбад. Он чанд навъ мешавад: нигоҳи дурушт ва ғазаболуд, нигоҳи хайрхоҳона, нигоҳи мисли сӯзан халанда, нигоҳи фараҳбахш ва ғайраҳо. Одатан ҳангоми вохӯрӣ одамон лаҳзае чанд ба чашмони ҳамдигар менигаранд ва сипас, нигоҳи худро ба дигар сӯ моил месозанд. Чунин меҳисобанд, ки ин маънии ба ҳамдигар бовар карданро ифода менамояд. Умуман ба чашмони ҳамсуҳбат андаке нигоҳи худро доштан маънии «ман ба шумо бовар мекунам»-ро дорад, бахусус дар фарҷоми суҳбат.
Забони имову ишораҳо хеле мураккаб аст, ки пайраҳаҳои зиёде дорад. Бе имову ишораҳо низ забон наметавонад ба ҳамсуҳбат таъсирбахшу ҷолиб бошад. Лек аз ҳад зиёд суъистифода намудани онҳо баръакс, дурушту дағал ба чашм мерасад. Дар мавриди аз имову ишораҳои худ бамаврид истифода бурда натавонистан месазад, ки аз маслиҳати равоншиносон бархӯрдор шуд. Тавсияи касбии мутахассис метавонад ба бамаврид ва зебо гардидани имову ишораҳоятон кӯмак расонад ва суҳбати шуморо бо атрофиён гарму самимӣ гардонад.
Ситора