- Мо баргҳои зери дарахтони боғро ҷамъ меорем ва онро ба чорво медиҳем ё ҳамчун ҳезум истифода мебарем. Себу нок, олуву зардолу ва олучаҳои бодрезакро чида, пора намуда мехушконем. Аз онҳо дар фасли гармо нӯшобаҳои лазиз омода месозем. Аз заминҳои наздиҳавлигӣ ќариб 90 дарсади маҳсулоти хӯрокаамонро мегирем. Ҳамасола аз буридани шохҳои зиёдатии дарахтони боғу атрофи ҳота чанд мошин ҳезум захира менамоем, - мегӯяд холаи Асилпочо.
Ободии оилаи Каримовҳо асосан аз даромади соҳаи кишоварзӣ аст. Дар 50 садяки замини наздиҳавлигӣ боғе доман густурдааст, ки дар он дарахтони навъҳои маҳаллии себ, нок, зардолу, олу, олуча ва дигар дарахтони мевадиҳанда парвариш меёбанд. Танҳо аз ҳисоби ба фурӯш баровардани маҳсулоти боғ онҳо ҳар сол даромади соф ба даст меоранд. Инчунин 1 гектар замини иҷоравӣ доранд, ки боғи себ аст. Маҳсулоти онро ба бозорҳои пойтахт ва берун аз кишвар ба фурӯш мебароранд. Замини байни ќаторҳои себро самаранок истифода бурда, картошка ва ё юнучќа кишт мекунанд.
- Аз чорвои калону хурд гӯшту шири аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол ва истифода менамоем, ба фурӯш низ мебарорем,- мегӯяд ҳамсари холаи Асилпочо амаки Сафарбек ва меафзояд, - пешравӣ ва бурдбории хонаводаи мо дар тифоќ будани аъзои он мебошад. Якдигарфаҳмиву ҳурмату эҳтироми ҳар як нафари оила ва, албатта, меҳнатдӯстиву заҳмати шабонарӯзии ҳар як узви он барои шарафёб гардидан ба иззату обрӯ дар байни ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиставу наку муҳим аст.
Ќариб ҳамасола оилаи Каримовҳо дар озмуни «Оилаи беҳтарин» маќоми намунавиро шарафёб гашта сазовори ҷоизаҳои арзишманд мегардад. Каримовҳоро на танҳо дар рустои Каҳдараи деҳоти Ќалъаи Сурхи ноҳияи Рашт, балки берун аз он ҳам мешиносанд.
Сафарбек Каримов собиќадори соҳаи маориф аст. Ӯ 45 сол собиќаи корӣ дорад, 18 сол директори мактаби деҳа буд. Дар якҷоягӣ бо ҳамсараш 6 писару 2 духтарро ба воя расонда, ҳамаро соҳиби маълумоту касб намуд. Онҳо соҳиби 33 набера ва 5 абера буда, яке аз оилаҳои намунавӣ ва беҳтарини ноҳияи Рашт маҳсуб меёбанд.
- Давлати мо давлати иҷтимоӣ ба шумор меравад ва сиёсати он ба самти муҳайё намудани шароити зиндагии шоистаи мардум, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, мубориза бар муќобили ҷинояткорӣ, дасти ёрӣ дароз кардан ба оилаҳои ниёзманд ва бепарасторон мебошад. Хонаводаи мо низ чун аксари оилаҳои кишвар сиёсати давлату Ҳукумати кишварро ҷонибдорӣ намуда, баҳри дар ҳаёт тадбиќ намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Албатта, тарбияи 8 фарзанд кори саҳл нест, вале маҳз рисолати модарист, ки ин бори гарони рӯзгорро мо - бонувон бар дӯш мегирем. Дар оилаи мо нахуст писарон, баъд духтарон таваллуд шуданд. Тасаввур кунед, дар як хона шаш писари пур аз неру. Агар онҳоро ба шуғле фаро нагириву побанди коре насозӣ, бо даву тозу шӯхиву бозӣ ҳамаро ба дод меоранду хонаро ба по мехезонанд. Шавҳарам омӯзгорӣ мекарданду ман парастори фарзандон. Дар баробари панду насиҳат, гоҳо бо таҳдид бачаҳоро адаб меомӯхтам, - мегӯяд бо табассум холаи Асилпочо. - Ҳозир ҳам фарзандонам аз ман ибо мекунанд, ки мабодо адабашон надиҳам. Ҳамеша бо падарашон машварат мекунанд, ҳурматамонро ба ҷо меоранд ва аз гуфтаамон берун намебароянд. Ҳоло, ки нафаќахӯрем, бо дастгирии фарзандон давлати пирӣ меронем.
Маълум гашт, ки писарони оила соҳибкорони муваффаќанд. Ин ҷавонмардон сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдор буда, ба хонаводаҳои ашхоси ниёзманду бепарастор, ятимону дармондагон, маъюбону беморони деҳоти Ќалъаи Сурх пайваста ёрӣ мерасонанд. Дар ҳар иду ҷашнвора ва санаҳои таърихӣ ба даҳҳо оилаҳо ёрии моливу моддӣ мерасонанд. Ҷашнҳои арӯсиву домодии оилаҳои ниёзманд ва хатнасури даҳҳо нафар кӯдакони бепарасторро анҷом медиҳанд.
- Ҳар сол ба миќдори кофӣ каду, лӯбиёву нахӯд, картошкаю пиёз, сабзиву карам, шалғаму булғорӣ, помидору бодирингу сирпиёз аз замини наздиҳавлигии худамон ба даст меорем. Зиёдатии маҳсулотро ба бозор мебарорем. Алҳол зиёда аз 50 мурғи марҷон дорем. Соле мешавад шумораи парандагони хонагӣ то ба сад адад мерасад.
Барои давраи зимистон ба таври кофӣ гандум, равған, шолӣ, лӯбиё, мош, картошка, пиёз, сабзӣ захира намудаем. Ҳамзамон, аз дастранҷи деҳќонии худ маҳсулоти консервӣ низ омода намудем. Бояд ҳар оила бо истифода аз имконияти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро захира намояд. Аз меваю сабзавот 100 - 200 зарф консерв, шарбатҳои гуногун, мураббо ва хӯриш дорем. Имрӯз Ҳукумати кишвар ҳама шароитҳоро барои мардум муҳайё намудааст. Зан бояд сариштакор буда, доим дар паи захираи анвои рӯзгор ва фикри фарзандон бошад, - мегӯяд хола.
Сабрина САФАРОВА,
ноҳияи Рашт