Данғара: Дарёфт ва рушди истеъдодҳо
«Чанде пеш аз назди мактабе мегузаштам. Он ҷо ду духтарак, тахминан хонандагони синфи 7 – 8, бо ҳам пархош доштанд. Роҳгузорон ба онҳо аҳамият намедоданд. Қисме бо тамасхур мегузаштанд. Касе ба арбадаи ду наврас мудохила намекард. Онҳоро сарзаниш карда гуфтам, дар кӯча бояд хушмуомила бошанд. Духтаронро камтар насиҳат кардаму роҳамро идома бахшидам. Яке аз онҳо пеш - пеши ман ба роҳ даромад. Ӯ ногоҳ хам шуду аз лаби ҷӯйбор як гулакеро канду бо табассум ба ман дароз кард. Вақте гулро гирифтам, духтарак бо хиҷолат барои панду насиҳатҳоям ба ман ташаккур гуфт…
Баъдан шоҳиди он мешавем, ки одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз рафтори нохуби ҳамдигар ё кӯдакону наврасон, ҷавонон чашм мепӯшанд. Нисбати одоби хурдсолон набояд бетараф бошем, зеро ҷамъият низ дар баробари мактабу оила тарбиятгар аст» - мегӯяд Муродгул Саъдуллоева.
Ӯ омӯзгор аст. Дар деҳаи зебоманзари Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст (1989). Аз хурдӣ нисбат ба касби омӯзгорӣ меҳр дошт. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд (2007). Баъди хатми донишгоҳ Муродгул фаъолияташро аз мактаби № 42 пойтахт оғоз намуд. Дар мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе низ чанд сол заҳмат кашид.
Солҳои 2016 - 2018 дар Донишгоҳи давлатии Данғара аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, мантиқ, фарҳангшиносӣ ва дин ба толибилмон дарс гуфтааст. Алҳол дар маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара ба ҳайси муовини директор фаъолият дорад. Оиладор асту соҳиби се фарзанд.
Эҷод
Муаллима машқи шеър мекунад. Нахустин маҷмӯаи шеърҳояш соле қабл бо унвони «Ғунчаи асрори дил» аз чоп баромад. Китоби дигараш «Орзуҳои бачагон», ки асосан шеърҳои кӯдаконаро дар бар мегирад, омодаи чоп аст. Дар бораи эҷодиёташ чунин мегӯяд:
Шеъри ман дарди маро ифшо кунад,
Шеъри ман дарҳои дилро во кунад.
Ғам даруни синаҳо пинҳон шуда,
Шеъри ман пинҳониро пайдо кунад…
Муродгул Саъдуллоева соли равон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар ноҳияи Данғара, аз рӯи номинатсияи панҷум - шоирӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Қотеияти падар
- Волидон дар тарбия ниҳоят ҷиддӣ буданд. Дар баробари ин моро дастгирӣ намуданд, хононданд. Рӯзномаи мактабиамонро ҳар рӯз тафтиш мекарданд. Боре аз фанни химия баҳои чор гирифтаму падарам як соат дар кунҷи девор рост монд…
Китобҳои бадеиро бо тавсияву маслиҳати падарам мехондам. Ҳар бегоҳ, пас аз хӯроки шом, мепурсиданд, ки чӣ китоб хондаем. «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»–и Ҷалол Икромиро хондаед?»
Аз китобхонаи мактаб китобҳоро ёфта мехондем. Натиҷаи сахтгирии падарам буд, ки имрӯз мо - фарзандон дар ҷамъият мавқею манзалати худро ёфтем.
Тарбия
- Тарбия набошад, таълим додан душвор мегардад.Таълиму тарбия бо ҳам тавъаманд. Масалан, вақте кӯдак беодобӣ кунад, ба дарс халал расонад, ба ӯ чизе омӯзонда намешавад. Агар кӯдак интизоми хуб дошта бошаду омӯзгорро гӯш кунад, машғулиятро мефаҳмад, дарк мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, бояд аз тифлӣ кӯдаконро тарбият кард.
Кӯдак бояд бекор намонад. Сарчашмаи беадабӣ, беҳудагардиву беназоратӣ, бекорӣ мебошад. Барои ҳар як машғулият, омӯзиш,варзиш ва бозии кӯдакон вақт ҷудо кардан ҳатмист.
Кӯдакони болаёқат
Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ чанд соли охир пеш гирифтааст, таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ мебошад. Бо ин мақсад дар назди шуъбаи маорифи вилояту ноҳияҳо маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият менамояд.
Дар маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Данғара низ мунтазам курсҳои омӯзишии омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ҷо хонандагон аз ҳамаи деҳаҳои ноҳия ба таълим фаро гирифта мешаванд. Бо хонандагон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ - риёзӣ омӯзгорони ботаҷрибаю варзида машғулиятҳо мегузаронанд.
- Ҳоло ҳафт маҳфил фаъол аст. Бо сабаби набудани баъзе кадрҳо маҳфили физикаву алгебра, асосан фанҳои дақиқ фаъолият надорад. Ин мушкилиро ба назар гирифта мекӯшем соли ҷорӣ онро бартараф созем, – иброз дошт Муродгул Саъдуллоева.
Мушкилии дигаре, ки фаъолияти марказро халалдор мекунад, ин надоштани бинои асосӣ мебошад. Кормандони марказ алҳол дар ошёнаи сеюми МТМУ №2, ду - се синфхонаро ба иҷора гирифтаанд. Масъулони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара тибқи нақша ваъдаи бартараф кардани мушкилии надоштани бинои асосиро додаанд.
Дастовард
- Бисёр хонандагон, ба сабаби дар деҳаҳои дурдаст истиқомат кардан, аз фаъолияти маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дарак надоранд. Мо ба деҳаҳо рафта бо мактаббачагон машварат мегузаронем. Оид ба фаъолияти марказ маълумот медиҳем.Онҳоро ҷамъ мекунем, байнашон озмун мегузаронем, хулоса бачаҳои боистеъдоду болаёқатро ҷудо мекунем. Бо онҳо баҳри баландтар бардоштани савияи донишашон кор мебарем. Ва мекӯшем, то ин гуна кӯдакон ноҳияи моро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ муаррифӣ намоянд.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2019 аз иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ хонандагони мактабҳои ноҳияи Данғара соҳиби 26 медал гардиданд. Чунин хонандагон ба донишгоҳҳо ба таври автоматӣ дохил мешаванд. Аз иштирокчиёни олимпиадаҳои мактабӣ, яъне кадоме, ки мақоми аввалро сазовор мешавад, соҳиба 100 бал,ҷои дуюм 75 бал,ҷои сеюм соҳиби 50 бал, яъне соҳиби имтиёз дар Маркази миллии тестӣ мешаванд. Инчунин ба медали тилло, нуқра ва биринҷӣ сазовор мегарданд.
То ба ин поя оварда расондани хонандагон на танҳо нақши марказ, балки саҳми омӯзгорон низ назаррас аст.
Дар соли таҳсили нави 2020 - 2021 кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки фаъолияти марказ беҳтар шавад. Кӯдакони болаёқат зиёданд, онҳоро дастгирӣ ва ҳавасманд бояд кард, то шавқу рағбаташон ба илмомӯзӣ зиёд шавад, – гуфт дар фарҷом Муродгул Саъдуллоева.
Ш. мирзоаҳмад,
ноҳияи Данғара