Дар ҳашт моҳи соли ҷори дар вилояти Хатлон 1593 ҳолати бекор намудани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 1253 ақди никоҳ бо Қарори судҳо 337 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони ноболиғ надоранд ва дар 3 ҳолат ақди никоҳ бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст. Гарчанде, ки омори ҷудошавии оилаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 174 ҳолат кам шуда бошад ҳам, вазъи оиладорӣ дар вилояти Хатлон нигароникунанда боқӣ мемонад. Зеро дар баробари азҳампошхӯрии ин теъдод хонаводаҳо, ки 1253 адади он ба Қарори судҳо бекор карда шудааст, 1510 кӯдакони ноболиғ ятиммонда, аз муҳити солими оила марҳум гардидаанд.
Мутаассифона, дар баробари афзоиши шумори кӯдакони ятим аз ҳисоби оилаҳои пошхӯрда, ин раванди номатлуб ба дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ расонида, дар оянда ба зиёд шудани ҳолатҳои поймолшавии ҳаққу ҳуқуқҳо ва дигар мушкилиҳои бонувони аз шавҳарҷудошуда оварда мерасонад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки аксарияти ҳодисаҳои ҷиноятӣ маҳз бо иштироки ҷавонону наврасоне содир мегардад, ки дар муҳити оилаҳои носолим ба воя расидаанд.
Бинобар маълумотҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶумҳурииТоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар аз 62 то 85 ҳолат, Кӯшониён аз 107 то 109, Ҷайҳун аз 68 то 79 ва ноҳияи Фархор аз 65 ҳолати соли гузашта то 80 ҳолат рӯ ба афзоиш дорад.
Гулракат Холиқзода, мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён, бекорию бе омодагӣ оиладор шудани ҷавононро аз омилҳои аслии ноустувории оилаҳо мешуморад. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ дахолати бузургсолон дар муносибатҳои оиладории ҷавонон, ба хотири мақоми шаҳрвандии Руссия бекор намудани ақди никоҳи ҳамсарони асосӣ, коҳиш ёфтани сатҳи ахлоқу маърифатнокии сокинон ва дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ сабабгори азҳампошии оилаҳо шудааст. Давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи бекор намудани ақди никоҳи 109 ҷуфт оилаҳои синну соли гуногун дар ноҳияи Кӯшониён 114 нафар кӯдакони ноболиғ ятим мондаанд, ки ҳамаи онҳо дар тарбияи модарон қарор доранд.
Дар ҳудуди маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бошад дар ин давра бо сабаби ҷудошавии 85 ҷуфт, 118 кӯдак ятим мондаанд. Аз ин теъдод 1 тан дар тарбияи падар ва боқимонда 117 нафар ноболиғ таҳти нигоҳубини модар қарор гирифтаанд.
Ба андешаи солмандон дар маҳалҳои аз марказҳои маъмурӣ дурдаст низ ноустувории оилаҳо бештар миёни ҳамсарони ҷавононе мушоҳида мешавад, ки бонувон аз таҳсилоти касбӣ дар канор мондаву ҷавонписарон бошанд хизмати ҳарбиро адо накардаанд. Сабоҳат Раҳмонова, як тан сокини вилояти Хатлон иброз медорад, ки замони пеш танҳо мушкили бефарзандӣ ва ё иллати безурётии як ҷониби ҳамсарон сабаби бекор кардани ақди никоҳ мегардид.
- Мутаассифона, тайи ду даҳсолаи охир азҳампошии оилаҳо ба як амали маъмулӣ табдил ёфта, дар бисёр мавридҳо ҳатто падару модарон нисбат ба мушкилоти оилавии фарзандон бетафовутӣ нишон медиҳанд,- мегӯяд С. Раҳмонова.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста ба тасмимҳои гирифташуда пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Ба хусус, дар мавриди боло бардоштани синну соли издивоҷ, ки қонунгузорӣ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ба духтарони сини 17 сола иҷозати ба шавҳар баромаданро медиҳад, аммо баъзе зодмандону сарпарастони хонаводаҳо мекӯшанд, ки бо дастрасии санадҳои меъёрӣ ҷавондухтаронро бармаҳал оиладор намоянд.
Дар мавриди пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо коршиносону масъулони бахшҳои маънавиёт фикру пешниҳоди гуногун доранд. Гулракат Холиқзода, мудири бахши САҲШ ноҳияи Кӯшониён, баланд бардоштани боҷи бекоркунии ақди никоҳ ва боз ҳам боло бурдани синну соли издивоҷро як роҳи пешгирӣ аз ин раванди хатарзо меҳисобад.
– Таҷрибаи ҳаётӣ нишон медиҳад, ки ҷавонписарони то сини 24 сола ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ сокинонро водор ба он намоем, ки ҷавонписаронро танҳо баъди хатми таҳсилоти касбӣ ё адои хизмати ҳарбӣ оиладор намоянд. Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки бо мақсади гирифтани мақоми шаҳрвандии хориҷӣ, никоҳи асосии худро бекор мекунанд, фаҳмонида шавад, ки ба хотири дарёфти кору даромади муваққатӣ, сабабгори пошхӯрии оилаву бадбахтии фарзандони худ нагарданд,- мегӯяд Г. Холиқзода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Вилояти Хатлон