Замин зар – деҳқон заргар
Тибќи омори Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон 56 865 хољагии дењќонии кишварро бонувон роњбарї менамоянд.
Оѓози рўз
- Соати 5 сари замин њозирем. Кори сањар файзу баракати худро дорад. Насими фораму хониши мурѓакони сањархез, панљањои нарми офтоби пагоњї њузуру њаловат доранд. Мекўшам то соати 9 кори сањроро поён бараму сўи љамоат шитобам, то аз ањволи мардум бохабар шавам, - мегўяд Шамсия Содиќова, роњбари хољагии дењќонї.
Агарчи мактаби миёнаро бо бањои аъло хатм намуда бошад њам, падар монеи тањсили минбаъдааш шуд. Љодаи мењнатро ихтиёр намуд. Дар собиќ колхози «50 –солагии Комсомол» ба кор пардохт. Мењнатдўст ки буд, аз коргари одї то ба зинаи котиби ташкилоти комсомолї ва баъдан то ба мартабаи вакили мардумї расид.
Баъди оиладор шудан бо Боймуњаммад Содиќов зиндагиаш ранги дигар гирифт. Њамсафари њаёташ ўро дастгиру мададгор шуд. Њарду 6 фарзандро хуб тарбия дода, рисолати хешро ба љо оварданд. Боѓи маќсудашон њосилхез гашту писарон соњиби маълумоти олї ва њам ба хизмати Ватан камар бастанд.
Имрўзњо холаи Шамсия ва амаки Боймуњаммад њамроњ бо келину наберањо дар беш аз 1 гектар замини хољагии дењќонї зањмат мекашанд. Помидор, лўбиё, бодиринг, сирпиёз, пиёз ва дигар зироатњо парвариш намуда, њам оиларо таъмин месозанд ва њам барзиёдашро ба фурўш мебароранд.
Чор њосил
- Тамоми хасу хошоки хонаро љам оварда, пору тайёр мекунем ва тирамоњ онро ба заминњо мепошем. Замини мо реги зиёд дорад, аз ин рў, онро нигоњубини махсус мебояд. Њар ваљаб заминро самаранок истифода мебарем. Масалан, дар як љўяки помидор мо лўбиё низ мешинонем. То калон шудани помидор лўбиё аллакай пухта мерасад. Онро чида, боз аз пањлуи љўяк бодиринг мешинонем. Дар замине, ки пиёзи бехї киштаем, тухми гашнич, шибит ва љорўбак мепошам. Њам кабудї ва њам тухмии онњоро мечинем. Дар љўяки бодиринг љуворимакка низ мешинонем. Баргњои поёнии љуворимаккаро мечинам, то ба бодиринг њаво хубтар расад. Аз љуворимакка њам њосил, њам хўроки чорво ва аз решааш њезум мерўёнем. Пас аз даравидани гандум зироаткории мо шурўъ мегардад. Охирин кишти мо охири моњи август сурат мегирад. Дар ин ваќт пиёзи тирамоњї кишт намуда, бањор њосили онро меѓундорем, - иброз дошт Шамсия Содиќова.
Атрофи замини хољагии дењќонии ин бонуро дарахтони мевадињанда ињота намудаанд. Дар ќатори дигар дарахтон зарбед низ ќад афрохтааст. Пояњои суфташудаи хўшаи гандум низ љое хирман зада. Љўёи рози ин манзара аён гардид, ки холаи Шамсия њунари сабадбофї низ дораду аз зарбед ва пояи гандум чанд намуди сабад мебофад. Ваќти фориѓро бо сабадбофї сипарї менамояд. Бо њидояти ў келину наберагон низ ин шуѓлро аз худ намуда, дар намоишњои њунармандї сабадњои зеборо ба фурўш мебароранд. Шамсиябону чун сабадбофи моњир низ шинохта шуда, узви Иттифоќи њунармандони Тољикистон мебошад. Дар маркази таълими калонсолони шањри Вањдат ба ташнагони њунар аз нозукињои ин пеша сабаќ медињад.
Дењќониву роњбарї
Шамсия Содиќова дар баробари раиси мањаллаи Амоншайх -2 буданаш, њамчунин роњбарии бахши занони Љамоати дењоти Чўянгаронро, ки аз 25 мањалла иборат аст, бар уњда дорад.
- Барои пароканда нашудани оилањо зиёд љањду талош меварзам. Хушбахтона, пас аз маслињату машварат ва љустуљўи роњи њалли мушкилї бисёр оилањо ба њам меоянд. Аз зиндагии худ, аз бурду бохтњо сухан мегўем. Дар ин росто, пирони рўзгордидаро ба машварат даъват менамоем. Месазад, ки нафарони ботаљрибаву рўзгордида ва миёни њамдењагон обрўмандро дар бахши занон њамчун ризокор љалб созанд, - иќрор меояд Шамсияхола.
Ин бонуи мушкилнописанд њам ба кори сањро, њам миёни мардум фаъолият бурдану ба мушкилоти онњо расидагї доштан ва њам ба сабадбофї ном баровардану дар тамоми чорабинињои њунармандї ширкат варзидан ваќт меёбад. Бо табассум мегўяд, ки дили зан бањри бењбудии оила ва мардум сўзад, ў њатман ба њама кор ваќт меёбад.
Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Вањдат дар арафаи Иди Модар бењтарин келину хушдоманњои ин минтаќаро бо сипосномаву туњфањо ќадр намуд, ки дар ин саф холаи Шамсия ва келини ў низ њузур доштанд.
Мардуми мањалла саркорбонуро чун бонуи муваффаќу машваратгари бебањо мешиносанд ва эњтиромашро ба љо меоранд. Дар тамоми тўю маъракањо ў ба нонбандї мешитобаду чун пазандаи моњир шинохта гардидааст. Кулчањои калон, чапотиву ќаламањои болаззати ў зеббахши хони ба хурсандї густурдаи мардум гаштааст.
Ният
Шамсия Содиќова хоњони дар мањалла кушодани коргоњи њунармандии худ аст. Ба ин васила вай бонувони хонашинро ба омўзиши њунарњои мардумї ва бо љои кори доимї таъмин карданист.
- Дар тайи 40 соли зиндагї мудом бо њамсарам маслињату машварат мекунем ва дар њалли гирењи мушкилињо якљо сањм мегузорем. Дар як њавлї 4 оила тифоќ зиндагї дорем. Ањли хонавода эњтироми мо - калонсолонро ба љо меоранд. Мо низ дар навбати худ мекўшем, ки сазовори боварии пайвандон бошем, - мегўяд Шамсиябону.
Ф. ШАЪБОН,
шањри Вањдат