Инсонҳо дар гузораи умри хеш, ки ба шеваву тариқаи вежаву мухталиф ва афкори ҳаргуна ба сар мебаранд, гоҳо бо хислату хулқи накуяшон дар қалбҳои мардум ба зудӣ маскан ёфта, маҳбуб мегарданд.
Қаҳрамони мо тавониста, ки то кунун бо тинати пок, ақлу ҳушу хиради воло ва пиндору рафтори зебояш дар ҳалқаи ёру дӯстон, ҳамсоягону наздикон ва кулли мардуми деҳаи «Комсомол» - и шаҳри Кӯлоб ӌойгоҳи баландеро касб намояд. Бонуест дар касбу кори хеш сарсупурдаву талошварз ва ба ченаки беохир ба қавли хеш устувор. Ин пири рӯзгордида қиссаҳои аӌиберо аз гузашти рӯзгор дар ёдномаҳояш ҳифз карда, ҳисса - ҳиссаву дона - дона, хӯша - хӯшаву тор - тор, ки хушоянду шуниданиянд, ҳикоят мекунад.
Аз хонаи раис ба хонаи раис
ӯ дар оилае камол ёфт, ки касе чизеро барояш дареғ намедошт, чаро ки ҳама чи барояш дастрас буду ҳозир. Бо ин ҳама пурӣ ҳамоно модар ӌигаргӯшаҳояшро сарӌамъ ва ба ҳунаромӯзӣ ташвиқ менамуд. Ҳарамгул миёни фарзандони падар бо чолокиву чобукӣ ва суръатмандии хеш фарқ мекард. Вай дар кӯтоҳтарин фурсат шерозу кашидадӯзӣ, сӯзаниву зардевориро аз худ намуд.
Бо вуӌуди нозпарвардиву олуфтанамоӣ чун дигар духтарони рустоӣ ба кори саҳро майл дошту мехост бо заҳмат маҳсули дастони хешро дарёбад. Дар замини наздиҳавлӣ хок нарм мекард, дон мекошту алафи бегона меканд. Ба рӯбучини манзил, тамизу поккорӣ ва кадбонугӣ низ машғул мешуд.
Бобои Одина бо падари Ҳарамгул - бобои Назар, ки ҳардуро чун раис мешинохтанд, рафиқу дӯсти ӌонӣ буд. ӯ Ҳарамгулро барои писараш хостгорӣ намуд. Бобои Назар дар симои Сулаймон, писари Одинаи Наим домоди арзандаеро диду бовар дошт, ки гулдухтараш бо ин ӌавонмарди ғаюр хушбахт хоҳад буд. Бо дӯсташ аҳду паймон басту духтарро ба шавҳар дод.
Силаи сари ятимон
Ба вақти арӯсии Ҳарамгул модари ҳамсараш дунёро тарк гуфтаву се фарзанди хурдсол, ки аз ҳама бузургаш ҳамсабақи Ҳарамгул буду 14 сол дошт ва хурдӣ кунун ба синни 4 қадам ниҳода буд, ба меҳру муҳаббати модарона ниёз доштанд. Фарзандон тӯли як соли бемодарӣ маҳзуну дилшикаста гардидаву аз наварӯс гумкардаҳои худро меӌустанд.
Акнун Ҳарамгули наварӯс ҳанӯз пардаи шаб надарида, аз хоб бедор мешуду ҳар субҳ барои онҳо ширчою ширбиринӌ, нашоиставу оталаи башир омода менамуд. Ҳарсеи онҳоро амонат медонисту аз ҳар афтидану хестанҳояшон сахт хавотир мекашид. ӯ масъулияти модариро пурра бар дӯш гирифт. Хонаву дар ҳама тозаву озода, либосҳои ягона хоҳаршӯ ва додараконаш ҳамеша поку дарзмолдида, мӯйҳои шоназадаву кокулбофтаи онҳо ва ғизои гарми саривақт омодашудаи Ҳарамгул ҳатто бонувони солорро ба ҳайрат мегузошт…
Доғи фарзанд
Хусураш, бобои Одина марди меҳрубону дилсӯз буд. Аз рӯзҳои аввали арӯсӣ Ҳарамгул дар нигоҳҳои ӯ меҳри падаронаро эҳсос кард. Муносибати неки келинро ба фарзандони хурдсолу ниёзманди навозишаш дида, меҳраш дучанд гардид ва зиёд иззату эҳтиромаш менамуд. ӯ аз зумраи касоне буд, ки ба дониш, ҳунар, ирода ва хиради зан арӌ мегузошт.
Вақте ду гулписари ҳузарби бобои Одинаро ба ӌанг бурданду хабари маргашонро шунид, эҳсоси шикастагиву хастагӣ ва навмедӣ ин марди ӌасуру бузургӌуссаро фаро гирифт. Аз дарди фироқи ӌигарбандонаш дарун - дарун месӯхт.
Бори гарони зиндагӣ ба дӯши Сулаймони ӌавон, ки акнун ба синни 16 қадам ниҳода буд, вогузор гардид. Шабона бо трактор бехи навниҳолакони пахтаро нарм мекарду рӯз думболи шудгори замин мешуд. Болои ин, модари беморашро низ парасторӣ мекард. Бобои Одина ягона муттакои қалбаш Сулаймонро медиду андаке ҳам бошад, таскин меёфт.
- Рӯзе хабар омад, ки бояд ба хизмати аскарӣ биравам. Вақте ба комиссариати ҳарбӣ рафтам, зани русе аз тракторчӣ буданаму модари пир доштанам воқиф шуд ва гуфт, ки шумо барои ақибгоҳ заруред. Ҳамин боис шуду дубора ба сари кор баргаштам ва думболи кишту кор шудам, то аз ақибгоҳ ба ӌавонмардони майдони набард ёрирасон бошем, - қисса мекунад бобои Сулаймон.
Ҳамсоядӯстдор
Ҳамсояҳо Ҳарамгули наварӯсро бо фариштахисолӣ, озодарафториву ширингуфторияш дӯст доштанд. Бонувони рӯзгордидаву пирони деҳро ӯ зуд-зуд ба хона, сари як пиёла чой ва хони тоӌикона мехонд. Аз суҳбату суханҳои пандомези онҳо баҳра мегирифт.
-Миёни мардуми деҳи мо оине роиӌ буд, ки онро певоз меномиданд. Мо, ҳамсоягон, давоми 10 - 15 рӯз шири зиёдатии говонро ба хонаи ҳамсояе мебурдем, то шири ӯ фаровон шаваду аз он ӌурғот, чака, дӯғ ва маска бикашад. Ба ин тариқ, камбуди зиндагиашро бартараф созад. Ва ҳамин тавр, ҳар як ҳамсоя дар навбати худ аз чунин амали нек бархӯрдор мешуд. Бо ин роҳ аз таӌрибаи рӯзгори онҳо мани наварӯс низ баҳравар мегардидам, - мегӯяд холаи Ҳарамгул.
Гоҳе, ки ҳамсояҳо ба хонаи Ҳарамгул меомаданд, ҳатман дастархон меоросту хӯрокҳои милливу болаззат пухта, ҳар он чи дошт, рӯйи хон мениҳод. Ҳамсояҳо медонистанд, ки дар хонаи ӯ хӯрок ҳамавақт омодаву дастархонаш рӯи ҳамагон боз аст.
Ҳамсояаш, холаи Садбарг, вақти хӯроки чошт нони гармеро аз танӯр канда, омадани Ҳарамгулро интизор мешуд, то нугул омода намояду шакароб бихӯранд. Агарчи келину духтар дошт, бо тамоми ҳастӣ Ҳарамгулро дӯст медошт. «Ҳарамгул, дастат намак дорад, ки хӯрокҳоят лазиз мебароянд»- гӯён бе ӯ хӯрок аз гулуяш намегузашт.
Пахтачину пиллапарвари номӣ
Пас аз 4 соли оиладорӣ Ҳарамгулу Сулаймон соҳиби фарзанд шуданд. Марди хонадон ҳамсари мушфиқу меҳрубонашро зиёд дӯст медошту эҳтиромашро қоил буд. Завӌаи нозанин барояш пешудумбол фарзандони солеҳу дӯстрӯяк таваллуд намуд: Моҳрӯву Нисо, Шоҳонаву Хадичамоҳ ва Кибриёву Умаршоҳ.
Шавҳар думболи кишти саҳро мерафту Ҳарамгул ҳанӯз чашми рӯз накафида нон мепухту либос мешуст, зистгоҳро покиза мекарду дӯғ мекашид. Субҳи солеҳон ноништо омода карда, фарзандонро ба боғча мебурд ва раҳ мегирифт сӯи саҳро.
Номи пахтачини беҳтаринро низ ба даст овард. Дар як рӯз 150 – 160 кило пахта мечид. Меҳнаташро масъулон қадр ва бо туҳфаҳо сарфароз менамуданд. Ба ӌуз матоъҳои шинаму зебои тақдимӣ ӯ ягона зане буд, ки аз миёни пахтачинон бо соати дастии тиллоӣ қадр гардид. Агарчи бонувон ӌаҳду талош меварзианд, то аз ӯ пеш гузаранд, аммо бенатиӌа.
Дар баробари ин ҳама вақт пайдо менамуду ба парвариши кирмак машғул мешуд. Дар як мавсим 30 – 40 кило пилла месупурд. Дар ин радиф, ба фарзандони худу хоҳару бародарони шавҳараш ҳар шом баъди тановули ғизо ба дуки сухан афсонаҳо меришту ба зеҳни хаёлпарвари онҳо ноаёну малеҳ мепечид. Меҳри илмомӯзиро дар қалби онҳо бедор намуду ба соҳибмаълумот гардидани онҳо сабаб.
Бонуи дастбахайр
Хонаи ӯ ба қавле меҳмонсаройро мемонд. Рӯзе набуд, ки 2 - 3 меҳмон ташриф наорад. Ба ӌуз ин, ҳар нафаре, ки ба хоӌагӣ меомад, бо хоҳиши шавҳар зуд хӯрок пухта пазироӣ менамуд. Деги бонуи кордон ҳамеша дар ӌӯш буду хӯрокҳои лазизаш омода.
Имрӯз низ ошёни холаи Ҳарамгулу бобои Сулаймон макони меҳмоннавозист. Бобои Сулаймон болои хараки назди дарвоза нишаста, мӯйсафеде ва ё ҳамдеҳаеро ба субҳона даъват мекунад.
Ин хислати меҳмоннавозиву саховатмандӣ ва хайрхоҳии пирони барнодил ба фарзандону пайвандон бетаъсир намондааст. Ҳар фарзанди хонадон маълумотдидаву соҳибобрӯянд, ки аз тарбияи хуби модари ғамхор ва падари накукор баҳра бурда.
Имрӯз бобои Сулаймони 84 – сола ва холаи Ҳарамгули 76 - сола дар ҳалқаи ӌигарбандон давлати пирӣ меронанду аз ҳаёти пурбаракати хеш шукргузоранд.
Бунафша РАҲМОНОВА
пирони барнодил