Ҳамхирқаи осмон
Накуӣ ба халқу садоқат ба Ватанро маънии ҳаёт ва нақше дар тарбияву ташаккули наслҳои оянда гузоштанро рисолати худ медонад. Бад - ин маром дар замоне, ки инсоният аз бими коронавирус гузашти вақтро ба бори нафас мешуморад, ӯ бо шавқу ҳавас чӣ дар кори хонаву иӌрои вазифаҳои ӌамъиятӣ ғайрати бемислу неруи хастанопазир нишон медиҳад.
Фаъолияти пурсамару ташаббусҳои созандааш, ки аз баҳори худшиносӣ то имрӯз идома дорад, достони тозаест саропо аз садоқату фидокориҳои як зан - модаре, ки ҳастии худро ба ояндаи дурахшон бахшидааст. ӯ дар ноҳияи Фархор ба воя расида, дар идомаи таҳсил оиладор мешавад ва ҳаёту фаъолияти минбаъдаи худро дар ноҳияи Вахш сипарӣ дорад.
Шамъи ибрат
Омӯзгорону дастпарварони МТМУ №3 ноҳияи Вахш дар симои маорифпарвари саршинос, ки тӯли 45 соли фаъолияти омӯзгориаш дар ин дабистон 12 сол роҳбарии онро ба уҳда дошт, пири раҳнамову модари маънавии хешро мебинанд, ки ба чанд пушти онҳо ҳаққи устодӣ дорад. Ба муроди истифода аз таӌрибаи бою усули вижаи корбарии устоди муътабар дар таҳкими робитаи оила бо мактаб, баъди ба нафақа баромадан ташкилоти ӌамъиятии «Кумитаи волидон ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ноҳияи Вахш» - ро ба зиммааш гузоштаанд.
- Ин созмонро замони роҳбариам дар дабистон дар шӯрои адлия ба қайд гирифта будам, то падару модарон ба шаффофияти харӌи маблағҳои барои таъмиру ободии мактаб гузоштаи худ итминон дошта бошанд,- қисса мекунад Зебинисо Нодирова. – Вақт исбот кард, ки воридоту хароӌоти маблағҳои кумитаи падару модарони мактабро ба расмият дароварда, боварии мардумро ба кори кумита ноил мегардем. Бо ин роҳ иззату обрӯи омӯзгоронро дар ӌомеа ҳифз намуда, ҳамзамон, таваӌӌуҳи волидон ба корҳои ободонии мактабу беҳсозии шароити таълими фарзандон дучанд гардид. Ҳамакнун, дар якӌоягӣ бо аъзои кумитаи волидон ва омӯзгорон тасмим гирифтаем, ки бо ӌалби хатмкардагони пешини муассиса ва соҳибкорон тариқи ҳашар бинои дуошёна сохта, қабати аввали онро ошхона барои беҳдошти солимии хонандагон ва дар ошёнаи дувуми он коргоҳи дӯзандагӣ таъсис диҳем.
Барои омӯзгори асил аз боварию маҳбубияти халқ дида унвону мартабаи арзишманде нест. Дар симои тарбиятгари инсон шахсияти равшанзамире таӌассум меёбад, ки бо сеҳри сухану ному амали некаш дар тарбияи маънавию бедории фикрии ӌомеа муассир аст. Аз сарбориҳои мактабу саҳмгузорӣ дар корҳои ӌамъиятӣ то ташкили ҳафтаи омӯзиши таӌрибаи пешқадам ба мутахассисони шуъбаи маориф намунае аз машғулиятҳои дӯстдоштаи устод Зебинисо дар овони пиронсолист.
Маҳбуби ёрон
- Обрӯву эътиборам миёни мардум аз баракати ним асраи заҳмати омӯзгорӣ дар як дабиристон аст. Аз ин маъмани орзуҳо, ки меҳраш дар замирам маъво дорад, номи неку нону хони пурбаракат ёфтам, - лаҳзае ба фикр фурӯ рафта идома дод муаллима Зебинисо. – Аз ифтихорномаҳои бешумору нишони «Аълочии маорифи РСС Тоӌикистон» ва дигар сарфарозиҳои аҳди шӯравӣ то медали «Хизмати шоиста» ва тамоми қадрдониҳоям дар тӯли соҳибистиқлолӣ ҳама, бо дастгирию заҳмати содиқонаи ҳайати омӯзгорони МТМУ №3 буд.
Ҳамкорон, ки ба аксарашон ҳаққи устодӣ дорад, ҳолиё ҳам аз ғамхорию меҳру илтифоти модаронааш баҳра мебаранд, дар симои ӯ роҳбари сахтгир, вале ҳалиму роҳкушои худро мебинанд, ки ба донишу маърифати баланд, фурӯтанию хислатҳои ҳамидаи хеш дар дилу дидаи ҳамагон маъво дорад.
Боре дар оғози соли хониш бинобар норасоии соатҳои дарсӣ аз фанни риёзӣ, роҳбари муассиса Зебинисо Нодирова масъалаи ба таълими фанҳои ғайриихтисос ӌалб намудани омӯзгорони риёзиро ба миён гузошт. Ҳамтоён аз кор дилмонда нашаванд гуфта, аз баҳри ҳама таӌрибаву бартариҳои касбии худ гузашта, ӌойро барои омӯзгорони ӌавон холӣ кард. Ҳамин тавр, дар 53 - солагӣ барои гирифтани ихтисоси дувуми олӣ ба шуъбаи ғоибонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шуд, то дар рушду баланд бардоштани сатҳи таълими фанни технология дар мактаб мусоидат намояд.
Бибиӌони беназир
Зебинисо Нодирова аз ҳаёти ҳамӌоя бо омӯзгори асил Раҳматулло Раҳмонов соҳиби 9 фарзанд, 36 набераву 2 абера мебошад. Дасти сарнавишт калони хонаводаро ба ифои вазифаҳои пурмасъулияти шуъбаи маорифи ноҳия бурд. Бинобар ин, тарбияи фарзандон ва минбаъд атфоли онҳо аслан дар зиммаи Зебинисо буд. Парастории набераҳо ва таълими салиқаи суханварию санъати шеърхонӣ аз машғулиятҳои писандидаи бибиӌон аст. Ташкили маҳфилҳои шеъру достонсароӣ дар доираи хонавода беҳтарин василаҳои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватанпарварию арӌгузорӣ ба арзишҳои муқаддас мебошад, - изҳор дошт Зебинисо Нодирова.
Пирӯзии чаҳор набераи хонадон дар мактабҳои кӯдакони болаёқат ва се тан дар донишгоҳҳои бонуфузи кишвар самараи кӯшишу заҳматҳои бибиӌони равшанзамиру зарофатгӯ аст, ки таълими илму донишро ба наслҳои оянда беҳтарин амал дар зиндагӣ мешуморад.
Ӌ. усмон,
ноҳияи Вахш